05:05:51 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИЗҲОРОТИ ВКД ВА КДАМ ҶТ

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикиистон 18 июл изҳороти муштарак дарҷ намуданд. Дар изҳорот, аз ҷумла, гуфта мешавад:

16 июл зимни гузаронидани амалиёти «Кӯкнор - 2009» дар наздикии посгоҳи дар мавзеи Ҳавзи кабудбудаи ноҳияи Тавилдара гурӯҳи шахсони номаълум ошкор карда шуд. Онҳо ба талаби қонунии кормандони мақомоти муҳофизи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат накарда, ғайричашмдошт ба хизматчиёни ҳарбии посгоҳи мазкур ҳамла оварданд. Дар натиҷа ду хизматчии ҳарбии мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷрӯҳ шуд. 

Баъдан дар ин ҷо задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Ҷинояткорон дар натиҷаи ҳуҷуми ҷавобии хизматчиёни ҳарбӣ ночор ақибнишинӣ карданд.  

Дар натиҷаи таъқиби гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон дар ҷараёни амалиёт 5 узви дастаи мазкур нобуд карда шуд, ки шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Баъди задухӯрд дар натиҷаи азназаргузаронии маҳалли воқеа ва тафтиши ҳуҷҷатҳои силоҳбадастони кушташуда маълум гардид, ки онҳо Магомедов Шамил Саидович, соли таваллудаш 1988, доғистонӣ, сокини шаҳри Новочеркасски вилояти Ростови Федератсияи Русия, Аббосов Аҳмад Магомедович, соли таваллудаш 1984, доғистонӣ, сокини Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия, Бабин Алексей Владимирович, соли таваллудаш 1989, миллаташ рус, сокини шаҳри Нижневартовски вилояти Тюмени Федератсияи Русия, Хан Роман Анатолевич соли таваллудаш 1984, қазоқ, сокини ноҳияи Фрунзеи шаҳри Санкт - Петербурги Федератсияи Русия ва Сабдюшев Ренат Рамилевич, соли таваллудаш 1983, тотор, сокини шаҳри Старий Осколи Федератсияи Русия мебошанд.

Муқаррар карда шуд, ки ҳамаи силоҳбадастони кушташуда аъзои як гурӯҳи муташаккили террористӣ буда, бо худ аслиҳаи оташфишон, аз ҷумла, автоматҳои Калашников, гранатаҳо ва тирҳои гуногунқутр доштанд.

Кормандони мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи ҷумҳурӣ дар давоми амалиёт 9 узви гурӯҳи ҷинояткорро нобуд карданд. Айни ҳол амалиёти ҷустуҷӯ ва безарар гардондани силоҳбадастони боқимонда давом дорад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.  

Наталя Михайлова, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi