ТАҲИЯИ ТАРҲИ ҶАДИДИ ҚОНУНИ АМНИЯТ ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар Тоҷикистон тарҳи қонуни ҷадид дар бораи амният таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати ин кишвар пешниҳод шудааст. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиъа ва амнияти Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, ки дар тарҳи қонуни ҷадид салоҳиятҳо ва вазоифи ҳар ниҳоди давлатӣ ва ҳатто ҳар шаҳрванд дар таъмини амният дар Тоҷикистон мушаххас шудааст.
Вай афзуд, ки қонуни феълии Тоҷикистон дар бораи амният соли 1993 тасвиб шуда ва ҳамагӣ аз 15 модда иборат аст. Ба гуфтаи вай, қонуни нав аз беш аз сӣ модда иборат хоҳад буд. Оқои Шоҳиён гуфт: "Зимни таҳияи ин тарҳи қонун аз тарҳи пешниҳодии қонуни мушобеҳ барои кишварҳои ҳамсуд истифода шудааст. Ва дар қонуни ҷадид дигаргуниҳои зиёде ҳастанд."
Ба унвони мисол, дар тарҳи қонуни ҷадид мақоми Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар низоми амниятӣ мушаххас шудааст, зеро, ба гуфтаи оқои Шоҳиён, то ҳол мавқеъи ин сохтор дар низоми таъмини амният мушаххас набуд. Ин вакили порлумон ҳамчунин хабар дод, ки тарҳи қонуни нави Тоҷикистон дар бораи амният маҳдуд сохтани озодии шахсро дар назар надорад. Баръакс, ба гуфтаи вай, "мақоми ҳар шаҳрванди кишвар дар таъмини амнияти Тоҷикистон боло бурда мешавад."
Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, ки ҳоло тарҳи ин қонун мавриди баррасии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад ва дар ҷараёни муҳокимаи порлумонӣ низ ислоҳоте ба он ворид хоҳад шуд. Зимнан, ба гуфтаи коршиносон, қонуни феълии ин кишвар дар бораи амният бо дарназардошти масоили амниятии замони шӯравӣ таҳия шудааст. Ҳарчанд дар замони истиқлол шароити таъмини амният тағйир ёфтааст.
Таъмини амният дар Тоҷикистон дар ним соли ахир ба мавзӯъи доғе дар ҷомеъаи ин кишвар табдил шудааст. Фирори маҳбусон аз боздоштгоҳе амниятӣ дар Душанбе, ҳамла ба комюнҳои вазорати дифоъ дар Камароб, нахустин ҳамлаи интиҳорӣ ба сохтмони пулис дар Хуҷанд ва талошҳои ахир барои анҷоми амалиёти теруристӣ дар шимоли Тоҷикистон боъиси матраҳ шудани ин мавзӯъ шудааст.
Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки таҳияи қонуни ҷадид роҳи муассире барои таъмини амният дар кишвар нест. Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдон, мегӯяд дуруст аст, ки қонуни феълӣ кӯҳна шудааст ва бозгӯйи замон нест. Вале вай афзуд: "Муҳим ин аст, ки ҳар як ниҳоди интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон вазоифи худро ба таври зарурӣ иҷро кунанд. Дар бархе аз кишварҳои шӯравии собиқ қонуни нави амният қабул шудааст, вале мебинем, ки тасвиби чунин санад ҳануз маънии таъмини амнияти он кишварҳоро надорад."
Хонуми Воҳидова бар ин назар аст, ки бо қабули қонуни нав вазъи амниятӣ дар кишвар беҳтар нахоҳад шуд. Вафо Ниятбеков, коршиноси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, низ бар ин назар аст, ки баъид аст қонуни нав ба боло бурдани мизони амният дар Тоҷикистон мусоъидат кунад. Вай мегӯяд, ки "ба ҳар сурат, бадтар ҳам нахоҳад шуд." Оқои Ниятбеков бар ин назар аст, ки қонуни амният наметавонад мушаххасоти фаъолияти ҳар як ниҳоди интизомӣ ва амниятиро таъйид кунад, зеро дар ин замина қавонини вижае тасвиб шудааст.
Оқои Ниятбеков афзуд: "Қонун дар бораи амният метавонад наҳваи фаъолияти муштараки ниҳодҳои интизомӣ ва амниятиро танзим кунад. Набояд аз тасвиби ин қонун беҳбуди вазъи амниятиро интизор дошт. Ва набояд мушкили таъмини амниятро ба қонуни қадима рабт диҳем. Таъмини амният ба фаъолияти муассири ниҳодҳои зирабт бастагӣ дорад."
Ин дар ҳолест, ки бархе аз соҳибназарон ахиран аз наҳваи таъмини амният аз сӯйи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, маъмулан талоши ниҳодҳои интизомӣ барои таъмини амният дар кишвар аз боздошти афроди ришдор иборат аст. Вале бархе дигар аз соҳибназарон иддаъо доранд, ки бо вуҷуди сармоягузории андак ва камбуди таҷҳизоти вижа, маъмурони пулис ва амниятии Тоҷикистон тавони таъмини амнияти кишварро дар ихтиёр доранд.
Дар ин замина, ба унвони мисол, аз мавориди ошкор ва хунсо кардани ду худрав бо маводди мунфаҷира дар Хуҷанд таъкид мешавад. Вале Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари сиёсӣ, ҳадс мезанад, ки таҳияи тарҳи қонуни нав иқдоми мақомоти ҷадиди амниятии кишвар аст. Вай бар ин назар аст, ки қонуни ҷадид метавонад ҳатто "вазъи амниятии кишварро душвортар созад."
Ба гуфтаи оқои Дӯстов, ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки дар қонуни ҷадид салоҳияти ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ боло бурда шавад. Вай мегӯяд: "Ахиран дар низоми сиёсии Точикистон, роҳбарият аз мақомоти амниятӣ барои иҷрои аҳдофи сиёсати дохилӣ зиёд истифода мекунад, ки ин амр барои худи ҳокимият хатари ҷиддӣ эҷод карда метавонад."
Ба гуфтаи оқои Дӯстов, ҳоло равандҳое мушоҳида мешавад, ки бархе аз мақомот бо истифода аз зарфиятҳои ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ қасди "воридшавӣ ба сиёсати бузург"-ро доранд. Вале Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиъа ва амнияти Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон, бар ин бовар аст, ки тасвиби қонуни ҷадид танҳо ҳадафи боло бурдани мизони таъмини амният дар кишварро дорад. Ба унвони мисол вай гуфт: "Ҷилавгирии муассир аз вуқӯъи ҳамалоти теруристӣ, назири инфиҷор дар фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав, аз аҳдофи аслии таҳияи қонуни ҷадид аст."
Искандари Фирӯз, Би-Би-Си, Душанбе
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4252-2011-01-25-17-54-19.html