17:35:18 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДИДОРИ ВУЗАРОИ ТОҶИК АЗ ИСЛОМОБОД

 

Сафорати Покистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки бунёди роҳҳо ва хутути интиқоли барқ миёни ду кишвар аз тариқи қаламрави Афғонистон аз мавзӯъоти меҳварӣ дар нишасти кумисиюни муштараки байнидавлатии ду кишвар дар Исломобод аст.

Ҳайъате аз мақомоти ниҳодҳои мухталифи давлатии Тоҷикистон барои ширкат дар севумин нишасти кумисиюни байнидавлатии ин кишвар ва Покистон рӯзи якшанбе вориди Исломобод, пойтахти Покистон, шудаанд. Ба гуфтаи Алтамиш Вазирхон, масъули сафорати Покистон дар Душанбе, мавзӯъи ҳамкориҳо дар заминаи эҷоди масирҳои заминӣ ва сармоягузорӣ дар бахши энержии Тоҷикистон аз мавзӯъоти аслии матруҳа дар ин нишаст хоҳад буд.

 

Вай афзуд, ки дар нишасти мазкур ҳамчунин барномаи сафари қарибулвуқуъи Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон ба Тоҷикистон матраҳ мешавад.

Ба гуфтаи оқои Вазирхон, ҳарчанд масоили мавриди баррасӣ дар нишасти кумисиюнҳои муштарак то охирин рӯзи қабл аз нишаст аз сӯйи ҷонибҳо ҳамоҳанг нашуда буд, вале ҷониби Покистон умдатан дар тарҳҳои муштарак дар бахшҳои роҳсозӣ, энержӣ, турисм ва омӯзишу парвариш алоқаманд аст. 

Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Вазирхон, кишвараш алоқаманд аст ҳарчи зудтар тарҳҳои эҳдоси роҳҳои утумубилгард ва роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба Покистон таҳия ва иҷро шавад.

Вай афзуд, давлати Покистон дар соли 2008, бахусус барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои маҳсур дар хушкии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Афғонистон, бандари ҷадиди Гвадарро фаъол карда буд.

Оқои Вазирхон дар ин бора гуфт: “Ҳарчанд яке аз ҳадафҳои аслии эҳдоси бандари Гвадар қабул ва тронзити бор ва колоҳо аз кишварҳои маҳсур дар хушкии Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ва Афғонистон аст, аммо то ҳол васоили идораи контейнер ё маҳмулаҳо дар ин бандар бекоранд, зеро аз Тоҷикистон ва Афғонистон ҳеҷ маҳмулае ҳам ба ин бандар ворид намешавад.”

Эҳдоси бандари Гвадар, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон, дар соҳили дарёи Араб, дар соли 2007 анҷом ёфта ва бо ширкати мақомоти баландпояи Покистон дар охири соли 2008 фаъол шуд. 

Мавзеъи ин бандар ба таври истротежик дар миёни се минтақаи дорои аҳаммияти афзояндаи ҷаҳонӣ - Ховари Миёнаи ғанӣ аз нефт, Осиёи Ҷанубии дорои ҷамъияти бузург ва Осиёи Миёнаи дорои захоири табиъӣ, ки дар ҳоли рушди иқтисодӣ аст, интихоб шудааст.

Масъули сафорати Покистон дар шаҳриДушанбе ҳамчунин гуфт, ки ҷалби сармоягузорӣ ба тарҳҳои энержӣ яке дигар аз аҳдофи дидори ҳайъати давлатии Тоҷикистон аз Исломобод аст. 

Тибқи иттилоъи расмии Покистон, қарор аст фардо, 21 июл, дар сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Исломобод семинори вижае бо номи “Ҷалби сармоягузорӣ ба тарҳҳои энержии обӣ” бо ширкати ин ҳайъати баландпоя ва мақомоти ниҳодҳо ва ширкатҳои мухталифи Покистон баргузор хоҳад шуд.

Бар асоси иттилоъи сафорати Покистон дар Душанбе, кумисиюни муштараки иқтисодии Тоҷикистон ва Покистон ҳамчунин барномаи дидори руасои ҷумҳури ду кишвар дар Душанберо, ки қарор аст 28-30 июл дар пойтахти Тоҷикистон, сурат бигирад, баррасӣ мекунад. Кумисиюни давлатии Тоҷикистон дар Покистон ду рӯз таҳти раҳбарии Шералӣ Гулов, вазири энержии Тоҷикистон, фаъолият хоҳад кард.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi