17:04:29 16-уми Июни 2025 сол

«TIME»: АЗ ҲУСНӢ МУБОРАК ТО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Вазъият Мисри имрӯза таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ҷониби худ кашидааст ва раванди таҳаввулот тавре сурат гирифта истодааст, ки ояндаи онро ҳатто наздиктар ба дақиқӣ пешгӯӣ карда наметавонад. Амрико, ки намехоҳад таъсири худро дар ин кишвар аз даст диҳад, талош дорад сиёсатмадори маъруф ва ғарбигаро Муҳаммад Ал-Бародейиро дар дараҷаҳои аввалияи роҳбарияти сиёсии нави Миср ҷойгир созад.

 

hosni-mubara-emomali-rahmanКишварҳои исломӣ ва сиёсатмадорони исломгаро дар ин рӯзҳо табли шодӣ мезаданд, ки созмони исломии «Ихвонулмуслимин» лаҷоми ҳокимиятро ба дасти худ мегирад ва ҳукумати ғарбпарасти Муборакро аз байн мебарад. Аммо дар рӯзҳои ахир асосан ҷавонон майдони гирдиҳамоию даргириҳоро ба даст гирифтанд ва эҷоди ҷомеаи озоди мушобеҳ ба кишварҳои Аврупоро тақозо доранд. Ғайр аз ин, задухӯрдҳо миёни муқобилон ва ҷонибдорони давлат ба алангаи вазъият рӯғани тоза рехт ва ояндаи вазъи сиёсии кишварро боз ҳам тиратар сохт.

 

Дар чунин ҳолат ҳангомаҷӯён рӯ ба тахминзанӣ ва пешгӯиҳои «пайғамбарона» заданд ва талош доранд раванди ояндаи онро мувофиқ бо хоҳишу манфиатҳои худӣ дар шуури ҷомеа ҷо кунанд. Вазъи Мисру Тунисро ба инобат гирифта, амрикоиҳо дар симои маҷаллаи «Time», рӯйхати даҳгонаи кишварҳоеро тартиб доданд, ки гӯё вазъи сиёсии носолим доранд ва сарваронашон ҳокими худкома мебошанд. Аз ҳама аҷибаш, ба ин рӯйхат ворид кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолате сарварии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт, ки ин кишвар ба тозагӣ аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ канда шуда буд ва аз тақсимоти молӣ миёни кишварҳои меросхӯри ин абарқудрат дар канор монда, дар даргириҳои дохилиаш ғарқ буд. Ӯ тавонист, ки тухми кинаю адовати миёни тарафҳои муқобил ҷойдоштаро бо меҳру муҳаббати бародарона иваз намуда, миллати ҷониби парокандагӣ майл гирифтаро гирди ҳам оварад, асолату ифтихор ва шарафмандии миллиро дар қалби онҳо аз нав ҷой кунад ва ҷомеаи тоҷикро ба сӯи ободонию созандагӣ раҳнамун созад.

 

Дар кӯтоҳтарин муддат тавонист, ки роҳҳои дорои аҳамияти стратегиро миёни пойтахти кишвар ва ду вилояти бузурги ҷумҳурӣ - Суғду Бадахшон, ки солона қариб шаш моҳ бо марказ алоқаи коммуникатсионӣ надоштанд, мавриди истифода қарор диҳад. Дар самти расидан ба истиқлолияти барқии кишвар он қадар корҳо анҷом дода шуданд ва рӯ ба анҷоманд, ки танҳо нобино метавонад онҳоро инкор кунад.

 

Тоҷикистон имрӯз дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа аз озодтарин кишварҳост. Озодии сухан дар он сатҳе қарор дорад, ки рӯзноманигорони дигар давлатҳои ҳамҷавор ба ҳамкасбони тоҷики худ ҳасад мебаранд. Миёни сохторҳои давлатӣ ва мардум алоқаи доимие мавҷуд аст, ки ҳамеша на ба таҷамӯъи норизоият, балки ба пайдо намудани роҳи ҳалли онҳо мусоидат мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ ба таври расмӣ фаъолият дорад ва дар тамоми кишварҳои ИДМ дигар созмону ташкилотҳои ҳамтои он амалан вуҷуд надоранд. Намояндагони он дар Парлумони кишвар фаъолият дошта дар қабули қонуну дигар санадҳои меъёрӣ, ҳалли масъалаҳои мубрами сиёсӣ бевосита ширкат меварзанд.

 

Фикр мекунам, омили асосии ворид намудани Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯйхат он аст, ки номбурда дар сари қудрат дастнишондаи Ғарб ва дигар кишварҳои манфиатдори минтақа набуда, сиёсати мустақили хешро дар доираи манофеи миллии тоҷикон роҳандозӣ дорад ва ба дахолати бозингарони сиёсати нави геополитикӣ ба кишвар монеъ гардидааст. (Бояд қайд кард, ки сарварони Эрону Беларуссия низ бо ҳамин «гуноҳ» ба ин рӯйхат ворид карда шудаанд).

 

Ба фишорҳои ҳамаҷонибаи ҳамсояҳои дуру наздик нигоҳ накарда, ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуда истодааст, ки сиёсати иқтисодии ҳукумати кишварро дар самтҳои рушди истеҳсоли қувваи барқ, металлургия, кишоварзӣ ва сохтмони роҳҳо мутаносибан муваффақона пеш барад. Аз ҷониби дигар, ворид намудани Эмомалӣ Раҳмон ба рӯйхати мазкур бартарӣ низ дорад: якум, ҷаҳони Ғарб, хусусан ИМА ошкор намуданд, ки ба мавқеи географӣ ва геостратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон бетафовут нестанд ва таваҷҷӯҳашон нисбати дигар кишварҳои минтақа ба ҷумҳурии мо бештар аст, агар баръакс мебуд,

 

Президенти мо дар рӯйхати худкомаҳо дар даҳгона чӣ, балки дар садгона ҳам ҷой пайдо намекард. Аз ин рӯ, Давлати Тоҷикистон ва идораҳои масъули онро лозим аст, ки дар муносибатҳои берунаи худ боз ҳам ҳушёртар бошанд. Дуввум, ин воридкунӣ метавонад ҳамчун реклама барои кишвари мо хизмат кунад, яъне ҳатман таваҷҷӯҳ ба шиносоӣ бо Тоҷикистон меафзояд ва аз мо сокинони кишвар тақозо мегардад, ки мо худамон, на ин ки кадом амрикоӣ бо «Time»-аш, мақоми шоиста ва ҳақиқии Ватанамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем.

 

Эҳсони Шариф, ҷомеашинос  

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4354-hosni-mubara-emomali-rahman.html

 

Шарҳҳо   

 
0 #5 Guest 06.02.2011 14:34
Ташаккур ба хамаи кормандону хонандагони ин сомона. Бенихоят хушхол мешавам, аз он ки чунин як сомонаро мебинам. Хушхолтар аз онам, ки чунин хонандагони боору номусманд дорад ин сомона, ки дар чунин лахзахо дастгиру тарафдори миллати азизамон Точикистони бузург хастанд.
Бо як чахону умеду орзухои нек Механпараст...
 
 
+1 #4 Guest 06.02.2011 10:53
Man tashakuri ziod ba hamai kormandoni ruznomai ruzgor.tj mekunam. Bigzor ruznomai shumo namunai ibrat baroi digar ruznomaho boshad.
 
 
+1 #3 Guest 05.02.2011 21:15
Амрико чи кор дорад ба бобои Эмомали? Ба ин савсатахо гуш надихед.Зинда бошад Бобои Эмомали.Хамин чанг набошад иншооллох пеш меравем.
 
 
-1 #2 Guest 05.02.2011 16:25
Зинда боши дусти азизи АЗИЗ! Бенихоят шод шудам аз механпарастиву гамхори миллат буданат. Бенихоят дуруст кайд кардед. Бояд мо дастгири давлату миллати худ бошем, чунки хамин давлат хаст, ки мо хушбахтему сарбаланд. Кош, баъзехо ба мисли Шумо чунин гамхор бошанд. Аз Худованд ободиву рузгори хушу осударо бахри хар яко-яки хаммиллатони хеш хохонам. Хамчунин аз ахли эчоди сомонаи "Рузгор" арзи сипос мекунам. Зинда бошед азизони дил!!!
 
 
+2 #1 Guest 05.02.2011 13:58
Salom ba hamai honandagoni ruznomai Ruzgor.tj. Man agar yak ruznomaro dust doram, onham hamin ruznoma ast. Mo khub medonem, ki imruz dar jahon chi khabarho hast, ammo boyad mo tarafi kishvaramonro bigirem na barziddi kishvari khud boshem. Man mehostam ki digar ruznomahoham az shumo yod bigirand vatan dustiro...
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854