САФОРАТИ ИМА ҲАМЛА БА САЙФУЛЛОЗОДАРО МАҲКУМ КАРД
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як баёнияи худ, ки имрӯз, 9-ми феврал баъди зӯҳр мунташир шуд, «ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозода, котиби матбуотии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва сардабири нашрияи онро, ки санаи 7 феврал рух додааст, маҳкум менамояд».
Ин ҳамлаи ногаҳон ба амаломада ба аъзои ҳизби қонунӣ ҳамла ба ибрози сиёсӣ дар Тоҷикистон буд,- омадааст дар баёния. Дар идома сафорати ИМА аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, «то тафтиши дақиқи ин ҳамла гузаронида шавад ва гунаҳкорон бо тамоми ҷиддияти қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Одамон набояд аз зӯроварӣ ё таъқиб гаштан аз сабаби назари сиёсӣ, эътиқоди динӣ, ё худ аъзои ҳизби сиёсӣ буданашон ҳаросанд». Дар хотима сафорати ИМА ба ҷаноби Сайфуллозода таҷдиди ҳар чӣ зудтари саломатӣ ва бозгаштан ба фаъолияти хешро орзу кардааст.
Хотиррасон мекунем, ки субҳи 7-уми феврали Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода дар наздикиҳои манзили истиқоматиаш аз сӯйи афроди номаълум мавриди лату кӯби ваҳшиёна қарор гирифт, ки бар асари он ҷароҳати вазнин бардошта дар дармонгоҳи Қаряи Боло бистарӣ гардид. Шӯрои сиёсии Раёсати ҲНИТ ин ҳамларо амали тарҳрезишуда ҳисобида онро ба фаъолияти сиёсӣ ва хабарнигории Сайфуллозода иртибот дод. Ин амали ноҷавонмардонаро созмонҳои журналистӣ ва раҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар низ қотеъона маҳкум карданд.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4386-saforati-ima-hamla-ba-sayfullozodaro-mahkum-kard.html