НИГАРОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ АМАЛКАРДИ РАҲБАРОНИ МАЗҲАБӢ
Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон баргузор ва гузориши вазирони қудратӣ ва интизомӣ шунида шудааст. Дар иҷлосияи имрӯзи Шӯрои амният аслан аз фаъолияти солонаи ниҳодҳои амниятӣ ва интизомиву қудратӣ натиҷагирӣ шудааст.
Дар ин ҷаласа Шерхон Салимзода, додситони кул, Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси зидди коррупсия, Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилӣ, Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ, Раҷабалӣ Раҳмоналиев, Фармондеҳи Гвардияи миллӣ, Иззатулло Шарипов, сардори Раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлия ва Зафар Азизов, раиси Шӯрои адлия гузориш додаанд. Мавзӯъи аслӣ ва меҳварии аксари ин гузоришҳо ҳодисаи фирори маҳбусон ва чораҳои боздошти онҳо, ҳаводиси шарқи Тоҷикистон ва амалҳои террористии Хуҷанд ва ҷилавгирӣ аз рушди тамоюли тундрагоӣ дар ҷомеа будааст.
Раҳбарони вазорати корҳои дохилӣ ва дифоъ, инчунин кумитаи амнияти миллӣ роҷеъ ба ҳаводиси соли гузашта ва чораҳои андешидаи худ дар баробари рӯдодҳо ва ҳамчунин чолишҳои пеши рӯ гузориш додаанд. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа ба "тақвият ёфтани экстремизми динӣ дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар" ишора кардааст.
Вай афзуда, ки “фаъолияти роҳбарон ва аъзои равияву ҷараёнҳои ғайриқонунии экстремистии динӣ дар ноҳияҳои водии Рашт ва вилояти Суғд, баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Ҳисор, ки мақсаду мароми онҳо бо кўмаку дастгирии хоҷагони хориҷиашон бо роҳи зўроварӣ дигар кардани асосҳои сохти конститутсионӣ мебошад.”
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4399-nigaronii-emomali-rahmon.html