ЗИЛБЕР: "ШАРОИТИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ АРАБӢ МУТАФОВИТ АСТ"
Рӯзи чаҳоршанбеи 23 феврал дар шаҳри Душанбе Ҳерберт Зилбер, раиси маркази пешгирии мунозеъоти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо (САҲА) бо вазири кишвар, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва раҳбарони дигар сохторҳои интизомиву қудратӣ дидор дошт.
Дар ин мулоқот мавзӯъи идомаи ҳамкориҳои САҲА бо Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи амниятӣ дар кишвар ва минтақа баррасӣ шуд. Оқои Зилбер рӯзи душанбеи 21 феврал вориди Тоҷикистон шуд ва нахуст равобити миёни САҲА ва Тоҷикистонро бо Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷаи ин кишвар, барарсӣ кард. Рӯзи сешанбе ҷаласаи панҷуми гурӯҳи кории Task Force, ки иборат аз намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, мақомоти давлатӣ ва ҷомеъаи мадании Тоҷикистон аст, таҳти раёсати Ҳерберт Зилбер баргузор шуд. Оқои Зилбер дар мусоҳибае ихтисосӣ бо Би-би-сӣ назароти худро дар бораи вазъи сиёсӣ ва амниятӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа иброз дошт, ки мухтасари ин мусоҳибаро инҷо мехонед:
-Лутфан бигӯед, ки вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистонро чи гуна арзёбӣ мекунед?
-САҲА ба ин минтақа аҳаммияти вижае қоил аст, зеро дар ин минтақа масоили амниятӣ зиёд дорем. Мо дақиқан медонем, ки хатари нуфуз ва таҳоҷум аз ҷануб, аз Афғонистон, вуҷуд дорад. Барои ҳамин, Тоҷикистон барои САҲА аз лиҳози амниятӣ нақше калидӣ дорад. Тайи як соли ахир мо дар мавриди вуруди гурӯҳҳое ва вуқӯъи ҳодисаҳое дар ҷануб ва дар водии Рашт гузоришҳое дарёфт кардем. Бардошти мо ин аст, ки мақомот кунтрулро дар даст доранд. Ин чизест, ки ба мо ниҳодҳои марбута гуфтанд ва мо умедворем, ки вазъи амниятӣ устувор боқӣ мемонад. Мо ҳамчунин бо шарикони тоҷикамон дар заминаи беҳбуди вазъи амниятӣ ҳамкориро идома медиҳем. Мо, аз ҷумла, дар бахши омӯзондани кодрҳои марзбонӣ ва пулис дар заминаи таъмини амнияти Тоҷикистон ва минтақа, ҳамкориҳои доимӣ дорем.
-Бо ин вуҷуд, бархе аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Гурӯҳи Бӯҳрон, вазъият дар Тоҷикистонро бӯҳронӣ хондаанд. Гурӯҳи Буҳрон ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро, дар феҳристи “10 раҳбари худкома” ҷой дода ва гуфтааст, ки зербиноҳои ин кишвар дар вазъи риққатборе ҳастанд ва ҳукумати оқои Раҳмон дар вартаи суқут аст. Назари Шумо ба ин мавзӯъ чист?
-Медонед, ки пешгӯйӣ кардан дар бораи суқути режимҳо ва ё равандҳои сиёсӣ кори САҲА нест. Вазифаи САҲА фақат фароҳам кардани шароит барои равандҳои сиёсӣ дар ҳамаи кишварҳои узви ин созмон аст. Барои САҲА ин мавзӯъ муҳим аст, ки дар кишвари узв шарикони мӯътамаде дошта бошад, то масоили лозимро баррасӣ кунад ва мо дар Тоҷикистон чунин шариконе дорем.
-Аммо агар ба инқилобҳои кишварҳои арабӣ нигоҳ кунем, мардум дар ин ҷо алайҳи раҳбароне, ки барои солҳои тӯлонӣ дар давлат мондаанд, қиём карданд. Оё ин мавзӯъ, ки дар бархе аз кишварҳои узви созмони шумо низ раҳбароне ҳастанд, ки солҳои зиёд дар қудрат боқӣ мондаанд, мавриди нигаронӣ нест?
-То ҳоло ман дар бобати ҳеҷ кишвари узви САҲА чунин нигарониро эҳсос намекунам. Чуноне ки гуфтам, мо ба интихоби ҳар кишвари узви САҲА барои тасмимгирӣ дар заминаи раҳбарӣ ва сохторҳои сиёсӣ эҳтиром мегузорем ва дар сурати лозим ба онҳо кумак мекунем, ки онҳо ин сохторҳоро бо истондордҳои САҲА мутобиқ кунанд.
-Ҳоло коршиносони зиёде паёмадҳои эҳтимолии инқилобҳо дар кишварҳои арабиро баррасӣ мекунанд. Оё Шумо паёмадҳои онро дар робита бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Тоҷикистон чи гуна мебинед ва аслан масоиле, ки метавонанд боъиси бесуботӣ дар ин кишварҳо шаванд, кадомҳоянд?
-Нахустин чизеро, ки суботро дар ин ҷо таҳдид мекунад, ман дар ҷануб, дар Афғонистон, ва дар умури марзӣ мебинам. Дар ин замина масоил вуҷуд доранд. Шумо дар бораи Офриқои шимолӣ мегӯед, аммо ҳодисаҳои он ҷоро касе пешгӯӣ карда натавонист, касе интизорашро надошт ва ин нукта низ бояд таҳқиқ ва дарк шавад. Ман шароити муштарак миёни он ҳаводис ва бархе аз кишварҳои узви САҲА намебинам. Ҳамаи кишварҳои узви САҲА системҳои мухаталифи сиёсии худро доранд, ки ин амр мувофиқи усул ва истондордҳои мост. Агар мо дар бораи демукросӣ сӯҳбат мекунем, ҳар кишвар бояд худ сохтори сиёсии худро таъйин кунад. Ва мо бо ин кишварҳо ҳамвора муколама мекунем, аз ҷумла бо кишварҳои Осиёи Миёна, ки узви САҲА ҳастанд.
-Дуруст аст, ки таҳдидҳо аз Афғонистон аз мавзӯъоти матрӯҳа дар заминаи таъмини субот дар Осиёи Миёна аст. Аммо бархе аз коршиносон ба таҳдидҳое дохилӣ, аз ҷумла фасод, фақр ва тавсеъаи нокофии иқтисодӣ ишора мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо, метавонанд худ сабаби бесуботӣ шаванд. Мо медонем, ки чунин вазъият яке аз омилҳои инқилобҳо дар шимоли Офриқо буд, ки иттифоқан вазъи иқтисодии он кишварҳо хеле беҳтар аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзабкистон будааст. Ҳоло, ба назари Шумо, ин омилҳо боъиси нооромӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна метавонад бошад?
-Дар ин минтақа (Осиёи Миёна) мо як бартарӣ дорем. Ин ки вақте ман ва ё ҳамкоронам бо мақомоти давлатҳои ин кишварҳо сӯҳбат мекунем, мо мебинем, ки онҳо мушкилоти мавҷудро дарк мекунанд. Онҳо худ қабул доранд, ки барои сохтори иқтисодӣ бояд коре анҷом бидиҳанд, онҳо худ қабул доранд, ки барои беҳбуди вазъи демукросӣ, масъалан интихобот, бояд коре анҷом бидиҳанд. Ба ин хотир, мо дар инҷо тавсеъа мебинем ва ин амр ин кишварҳоро бо кишварҳои Офриқои шимолӣ мутафовит меунад. Барои ҳамин, ман хушбин ҳастам, ки мо метавонем ин масоилро бо шарикони худ матраҳ кунем, на танҳо матраҳ кунем, балки дар ин замина гом бардорем.
-Аммо СММ ҳушдор медиҳад, ки дар бархе аз кишварҳо мумкин аст қиёми гуруснагон рух диҳад, аз ҷумла дар Тоҷикистон ва Қирғизистон.
-Дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Умуман, ман дар ҳар гуна пешбиниҳо шак дорам. Мо борҳо дидаем, ки пешгӯйиҳо як чиз буда, вале дар воқеъият чизи дигаре рух додааст.
-Сафари расмии Ислом Каримов ба Урупо ахиран вокунишҳои ҷиддиеро аз сӯйи созмонҳои ҳуқуқи башар ба дунбол дошт. Оё ба назари Шумо, равобити Ӯзбакистон бо Урупо дарвоқеъ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст?
-Бале, оқои Каримов ба Виен ва ба Фаронса рафт. Ҳама медонанд, ки пас аз ҳаводиси Андиҷон равобити миёни Урупо ва Ӯзбакистон душвор шуд. Ба назарам, сафари Каримов ба Урупо дар беҳбуди ин равобит саҳме гузошт, аммо медонед, ман ҳеҷ гоҳ дар ин гуна вазъият ба ҳарф бовар надорам. Ман ҳамеша мехоҳам ба факт такя кунам, аммо то ҳоло мо чунин фактҳоро надорем.
-Аммо САҲА ё ҳамин маркази пешгирии мунозеъоти ин созмон метавонад ба гунае дар беҳбуди равобити миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон саҳм бигирад?
-Албатта, мо аз вуҷуди ихтилофот миёни ин ду кишвар воқифем. Масъалан, мушкили роҳи оҳан, ки соли гузашта ба вуҷуд омада буд. Он вақт вогунҳо барои муддати тӯлонӣ натавонистанд аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ворид шаванд. Аммо ҳоло ин мушкил, тибқи гузорише, ки ман дар даст дорам, ҳал шудааст. Дар масоили дигар низ ду кишвар бояд талош кунанд, то пешрафтҳое дар заминаи беҳбуди равобит ба даст оранд. Ҳамин тавр ки шумо гуфтед, масоили марбут ба истифода аз об ва захоири энержӣ, масоили калидӣ дар ин замина ҳастанд. Мо умедворем, ки фазое мусоъид барои ҳалли ин масоил пайдо хоҳад шуд.
-Оё САҲА метавонад дар ҳалли ин масоил саҳм бигузорад?
-Ӯзбакистон ба мо мегӯяд, ки мехоҳад ин масоилро мустақиллона бо Тоҷикистон ҳал кунад, яъне онҳо намехоҳанд САҲА подармиёнӣ кунад. Аммо ин масоил дар барномаи кори САҲА ворид шудааст, бахусус ҳамон мушкиле, ки дар робита бо роҳи оҳан иттифоқ уфтод, дар Виен матраҳ шуда буд. Ҳар ду кишвар ин масъаларо дар Шӯрои доимии созмон матраҳ карданд ва ба ин хотир, метавон гуфт, ки баъзан худи матраҳ кардани масъала дар сатҳи байналмилалӣ низ метавонад ба фароҳам кардани роҳи ҳал кумак кунад, яъне фазои беҳтаре барои ҳалли масъала фароҳам мешавад.
-Ташакур барои сӯҳбат...
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4508-sharoiti-tojikiston-bo-kishvarhoi-arabi-mutafovit-ast.html