ШОҲИЁН: НИЗОМИ ИНТИХОБОТ ИСЛОҲ МЕШАВАД
Шермаҳмад Шоҳиён, раиси нави Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии (КМИҲ) Тоҷикистон, мегӯяд, ки пешниҳодҳои аҳзобу созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалиро дар бораи беҳбуди низоми интихоботии ин кишвар баррасӣ хоҳад кард.
Оқои Шоҳиён ин суханонро рӯзи сешанбеи 22 феврал, пас аз он ки номзадиаш аз сӯйи Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон ба симати раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ (КМИҲ) таъйид шуд, ба хабарнигорон иброз дошт. Вай ҳамчунин гуфт, ки коҳиш ё лағви гаравпулии номзадҳо дар интихоботи порлумонӣ ва ислоҳи Қонуни “Интихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистон” аз ҷумлаи пешниҳодҳоест, ки аҳзобу гурӯҳҳои мухолиф ва намояндагони ҷомеъаи маданӣ ироа кардаанд.
Аммо ӯ таъкид кард, ки Қонуни “Интихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистон” чанд маротиба ислоҳ шуда ва меъёрҳои он ба баргузории интихоботи озоду демукротик дар Тоҷикистон мусоъидат хоҳад кард. Раиси ҷадиди КМИҲ гуфт, ки дар назар аст дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар соли 2015 аз низоми раъйдиҳии электруник кор гирифта шавад, ки ин амр метавонад дар коҳиши ҷиддии мизони тақаллуб дар интихобот нақши боризе иҷро кунад.
Зимнан, бино ба пешниҳоди Президент Раҳмон, порлумони Тоҷикистон номзадии Шермаҳмад Шоҳиёнро ба симати раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ ва Кароматулло Холиқов, раиси фокултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба мақоми муъовини раиси кумисиюн таъйид кард. Ҳамчунин, Саидбой Зокиров, раиси Иттиҳодияи синфии (касабаи) вилояти Суғд, Раҳмон Зиё, як тан аз масъулони Вазорати беҳдошт ва Нуралӣ Саидов, дабири Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон аъзои Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоб шуданд.
Вокуниши аҳзоб ба тағйироти кодрӢ дар КМИҲ
Бештари намояндагони аҳзоби мухолифи давлати Тоҷикистон ба ин тағйирот бо дидаи тардид нигариста ва таъкид мекунанд, ки ин ниҳод қаблан мустақил набуд ва дар оянда низ эҳтимолан аз манофеъи давлату ҳизби ҳокими халқи демукрот пуштибонӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон, Шермаҳмад Шоҳиён дар симатҳои мухталифи давлатӣ фаъолият карда ва дар интихоботи соли гузаштаи порлумонӣ дар ин кишвар номзадии ӯ аз ҷониби ҳизби халқи демукрот пешниҳод шуда буд.
Аз ин лиҳоз, оқои Собиров баъид медонад, ки раиси ҷадиди КМИҲ мавқеъияти бетарафона дошта бошад. Ӯ гуфт, ки бо омадани афроди ҷадид мумкин аст дар фаъолияи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ баъзе тағйирот рух диҳад, аммо на тағйироти ҷиддӣ ва усулӣ. Вале Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҳизби сусиёлист, мегӯяд, ки Шермаҳмад Шоҳиён ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи ҳуқуқӣ таҷрубаи калон дорад ва аз ин лиҳоз, имкон дорад барои мутобиқ сохтани низоми интихоботии Тоҷикистон бо меъёрҳои байналмилалӣ талош кунад.
Ҳамзамон, оқои Ғаффоров ба гуфтаҳои Шермаҳмад Шоҳиён дар бораи имкони рӯйи кор омадани системи электруникии раъйдиҳӣ ибрози тардид карда ва гуфт, ки дар шароити феълӣ Тоҷикистон барои ҷорӣ кардани чунин системе омода нест. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон кишваре фақир буда ва барои истифода аз ин систем маболиғи ҳангуфте лозим аст. Барои даст ёфтан ба шаффофият дар интихобот беҳтар аст барои ширкати нозирон аз аҳзоби гуногун дар кумисиюнҳои ҳавзаҳо ва марокизи раъйгирӣ (участкаҳо) шароит фароҳам шавад.
Саидиброҳими Назар, узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ ҳузури бештари нозирони аҳзоб дар ҳавзаҳои интихоботиро аз системи электруники раъйдиҳӣ волотар хонд. Оқои Назар ба унвони мисол аз ширкати худ дар интихоботи миёндаврии порлумони Тоҷикистон дар соли 2007 дар шаҳри Кӯлоб ёдовар шуд. Ба гуфтаи вай, як рӯз қабл аз интихобот намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ аз ҳавза ва маркази раъйгирӣ берун карда шуданд ва ӯ ба нишони эътироз дар ин интихобот ширкат накардааст.
Дар ҳамин ҳол, Исмоил Талбаков, муъовини раҳбари Ҳизби кумунисти Тоҷикистон, гуфт, ки дар пешниҳодҳои ин ҳизб барои ислоҳи Қонуни “Интихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистон” ба масъалаи шаффофият дар кумисиюнҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ таъкид шудааст. Тибқи ин пешниҳод, намояндагони аҳзоби расмӣ бояд дар кумисиюнҳои ҳавзавию участкавӣ ширкат карда ва дар сурати мушоҳида шудани тақаллуб ин афрод метавонанд бо аснод ба додгоҳ муроҷиъа кунанд.
Ҳамчунин, ҳизби кумунист хостори баргузории интихоботи порлумонию маҳаллӣ бар асоси феҳристи ҳизбб ва аз байн бурдани системи номзадҳои инфиродӣ ва лағви гаравпулӣ барои номзадҳо дар интихобот шудааст. Ба гуфтаи оқои Талбаков, ин пешниҳодҳо аз ҷониби ӯ ва Шодӣ Шабдолову Мирзобек Ҳоҷиев, ду фаъоли дигари ҳизби кумунист, таҳия ва аз ҷониби аҳзоби дигар пуштибонӣ шудааст. Оқои Талбаков гуфт, ки дар назар аст, пешнависи ислоҳи Қонуни “Интихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистон” дар рӯзҳои наздик ба порлумон ирсол шавад.
Зимнан, дар соли 2009 аҳзоби сиёсии Тоҷикистон пешнависи қонуни ҷадиде дар бораи интихоботи порлумонии ин кишвар таҳия карда буданд, ки он аз сӯйи Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби кумунист ва намояндаи порлумон ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шуда буд. Аммо давлати Тоҷикистон ин санадро напазируфт ва он дар порлумон низ баррасӣ нашуд.
Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон ба далели он чӣ тақаллуб ва дасткорӣ дар интихобот хонда шуда борҳо мавриди интиқоди созмонҳои дохилӣ ва байналмиллалӣ қарор гирифтааст. Созмонҳои муътабари байналмиллалии нозир бар интихобот ҳеҷ як аз интихобот дар Тоҷикистонро ҷавобгӯи усулҳои интихоботи демукротик надонистаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4511-nizomi-intikhobot-isloh-meshavad.html