09:45:54 01-уми Июни 2025 сол

КОРШИНОС: ФИШОР БОЛОИ ҲНИТ ЧИЗИ ОДДӢ ВА МАЪМУЛИСТ

Muhiddin KabiriИн ҳафта нашрияи “Нигоҳ” ва “Ҷумҳурият” бо ишора ба сӯҳбати ахирӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки атрофи як номаи сомонаи Викисликс буд, матлаб нашр карданд. Дар номаи Викиликс, атрофи як сӯҳбати сафири вақти Амрико бо Кабирӣ, ки он замон муовинии раиси ҲНИТ-ро бар дӯш дошт, сухан мерафт. Кабирӣ пас аз нашри ин нома изҳор дошт, ки мактуби фошкардаи Викиликс, ки аз бойгонии Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба даст омадааст, воқеият дорад. Аммо ӯ гуфт, ки сӯҳбати ӯ бештар шӯхӣ буд, ки сафири Амрико ҷиддӣ қабул кардааст.

 

Дар матлаби “Шӯхиҳои шубҳабарангези “Раҳбари мунтазир”” аз Кабирӣ барои ин сӯҳбату сафарҳояш бо кишварҳои ғарбӣ интиқод шудааст. Чунин нигоштаҳо алайҳи ин ҳизби мухолифи давлат бори аввал нест ва борҳо масъулини ҳизб изҳор доштанд, ки ин як маърака алайҳи ҳизб аст. Ҳатто масъулони ин ҳизб изҳор доштанд, ки “бисёриҳо” дар андешаи бастани фаъолияти ин ҳизб ҳастанд. Марат Мамадшоев, коршиноси мустақил ба ин пурсиш, ки ин навиштаҳо ба кадом хотир аст, гуфт:

 

-Мо мебинем, ки чанд бор аст, ки бар зидди Ҳизби наҳзати ислом ва шахсиятҳои ин ҳизб мақола нашр мекунанд. Ба фикри ман ин як чизи оддӣ ва маъмулист. Ин мақолаҳо ба он хотир аст, ки нуфузи ин ҳизб пасттар бошад ва ин нуфуз зиёдтар набошад. Мазмуни бархе аз ин мақолаҳо ин аст, ки Ҳизби наҳзат набояд аз ин беш пурқувват бошад.

 

-Шумо бар инед, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳама ҳизбҳои дигар нуфузаш миёни омма бештар аст ва ба ҳамин хотир алайҳаш матлаб нашр мешавад?

 

-Душвор аст, ҳоло муайян кардан, ки то куҷо ин ҳизб нуфуз дорад ва то куҷо нуфузаш бештар мешавад. Агар аз интихоботи соли 2010 бубинем ин ҳизб ҳамагӣ ду курсии парлумонро соҳиб шуда тавонист. То куҷо бештар овоз гирифт ва овозҳояшро ба ин ҳизб надоданд, душвор аст, муайян кардан. Аммо ба андешаи ман, ҳоло Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эътимодашро миёни мардум то ҷое аз даст дода истодааст.

 

-Дар пайи ҳамин ҳамлаҳои расонаӣ эътимоди мардумро аз даст додааст ё шумо омили дигареро мебинед?

 

Marat-Бубинед, ки мардум дар симои ин ҳизб пуштибонӣ худро надид. Ва ҳоло ҳам ин ҳизб аз манфиатҳои мардум пуштибонӣ намекунад. Нархҳо боло рафтаанд, хонаҳои мардумро вайрон мекунанд, мардум қашшоқ аст ва садҳо мушкиле дар ҷомеа ҳаст, ки бояд ин ҳизб, ки ду намоянда дар парлумон дорад, бояд садо баланд мекард, аммо накард. Бояд ин ҳизб ҳатман барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳравандон садо баланд кунад, муҳим нест, ки он аъзои ин ҳизб ҳаст ё на. Кабирӣ имконият дорад, ки ҳамчун вакил мушкили мардумро баррасӣ кунад. Ин фикри ман аст.

 

-Шумо чунин андеша доред, вале бархе бар инанд, ки чунин ҳамлаҳои расонаӣ ва боздошти чанд узви ин ҳизб бо гумони ифротгароӣ заминаест, барои бастани фаъолияти он дар Тоҷикистон, зеро ин ягона ҳизби воқеии мухолифи давлат дониста мешавад....

 

-На, ман чунин фикр намекунам. Бовар надорам, ки ҳукумат фаъолияти ин ҳизбро манъ кунад. Зеро фаъолияти ин ҳизб як пилуси давлати Тоҷикистон аст. Ин ягона ҳизби диниест, ки дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил озодона фаъолият мекунад. Мо ҳангоми иштирок дар чорабиниҳои байналмиллалӣ бо ифтихор инро ёддоварӣ мекунем. Ҳоло аз нигоҳи ман вазъият то он дараҷа тезу тунд нашудааст, ки ҳукумат дар пайи бастани ҳизб бошад. Дигар ин ҳамлаҳои расонаӣ як чизи оддист. Аз тарафи дигар бигирем ба манфиати Ҳизби наҳзат ҳам ҳаст. Он аз як тараф худро зери фишор нишон медиҳад пас аз чунин навиштаҳо ва аз сӯи дигар дар фаъолияти минбаъдааш эҳтиёт мекунад.

 

-Пас дар бисёре аз навиштаҳо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизбро барои дар як замон ҳам рӯ ба Ғарбу ҳам рӯ ба Шарқ буданаш танқид шудааст. Ин ба кадом хотир аст?

 

-Ёддоварии ин нукта фақат ба фикрам барои коҳиш додани обрӯи Кабирӣ дар назди аъзоёни ин ҳизб аст. Яъне, гуфтани ҳастанд, ки бубинед, ки раҳбаре, ки шумо ҳамчун мусулмони асил мешиноседаш бо давлатҳое, ки зиддӣ дину ислом ҳаст, ҳамкорӣ мекунад. Вагарна сафарҳои Кабирӣ ба Аврупову дигар кишварҳо дар доираи қонун аст. Кабирӣ сиёсатмадор аст ва ҳуқуқ дорад, ки ба ҳар давлат сафар кунад ва дар маҳфилҳои сиёсӣ суханронӣ кунад.

 

-Иддае бар ин назаранд, ки пас аз ҳодисаҳои кишварҳои арабӣ болои ин ҳизб фишор бештар шудааст?

 

-На, гуфтам-ку чунин навиштанҳо пеш ҳам буд ва фикр мекунам, ки идома мекунанд. Боз такрор мекунам, ки ин чизи оддӣ ва маъмулист. Дар кишварҳои арабӣ мо дидем, ки гурӯҳои мазҳабӣ нақши фаъол надоштанд. На дар Мисру на дар Тунису Либия. Ҳарчанд, дар ҳодисаҳо иштирок доштанд, вале нақши ҳалкунандаро онҳо набозиданд. Бовар намекунам, ки пас аз ин ҳодисаҳо фишор бештар шуда бошад. Ин фишорҳо як стратегияи ҳаст, ки идома мекунад.

 

Мӯъмин Аҳмадӣ, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4525-fishor-boloi-hnit-chizi-oddi-va-mamulist.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854