16:40:39 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

КУНСУЛГАРИҲОИ ҶАДИД ДАР ШИМОЛИ АФҒОНИСТОН

 

Абдулло Юлдошев, муъовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон, аз ифтитоҳи ду кунсулгарии ҷадид дар шимоли Афғонистон хабар дод. Оқои Юлдошев рӯзи панҷшанбеи 23 июл ба хабарнигорон гуфт кунсулгариҳои ҷадиди Тоҷикистон ахиран дар шаҳрҳои Кундуз ва Файзобод, марокизи вилоёти Кундуз ва Бадахшони Афғонистон, дар манотиқи шимолии ин кишвар ва ҳаммарз бо Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст.

Ба гуфтаи оқои Юлдошев, бо вуҷуди асароти бӯҳрони ҷаҳонии молӣ вазорати хориҷа ба ин кор иқдом карда ва ин амр метавонад дар густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон муассир бошад. Оқои Юлдошев гуфт: “Ифтитоҳи ин дафотир барои Тоҷикистон ва Афғонистон муҳим аст. Зеро ҳар ду кишвар хоҳони ҳар чи бештари равобити ҳамҷаворӣ ҳастанд.”

Давлат Назриев, сухангӯйи вВазорати хориҷаи Тоҷикистон, гушоиши кунсулгариҳои ҷадид дар қаламрави Афғонистонро қабл аз ҳама барои пайванд ва наздикии мардумони ду кишвар ва рафъи мушкилоти шаҳрвандони Афғонистон дар заминаи дарёфти визо ё раводид зарурӣ хонд.

Ба гуфтаи оқои Назриев, то кунун сокинони манотиқи шимоли Афғонистон барои дарёфти визо аз кунсулгарии Тоҷикистон дар Мазори Шариф ва сафорати Тоҷикистон дар Кобул истифода мекарданд, ки мушкили рафту омад ва ҳазинаҳои бештареро тақозо мекард.

Ҳамакнун оқои Назриев мӯътақид аст, ки шаҳрвандони Афғонистон, бахусус бозаргонон, барои сафар ба Тоҷикистон бидуни мамонеъат ва мушкилот аз хадамоти кунсулгариҳо дар шаҳрҳои Кундуз ва Файзобод бархӯрдор хоҳанд шуд.

Афзун бар ин, мақомоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мутмаъин ҳастанд, ки оғози кори дафотири кунсулгариҳои ҷадиди ин кишвар дар шимоли Афғонистон барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвар рӯйдоди муҳим хоҳад буд.

Ба гуфтаи ин мақомот, дар чанд соли ахир ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар рӯ ба густариш буда ва на танҳо миёни ду кишвар табодули коло сурат мегирад, балки аз марзи ҳар ду кишвар барои интиқоли коло ва маводди кишварҳои минтақа ва ҷаҳон низ истифода хоҳад шуд.

Зимнан, тибқуи омори расмӣ мизони табодули коло миёни ду кишвар дар соли гузаштаи милодӣ маблағи ҳудуди 100 милюн дулорро ташкил дода ва дар муқоиса бо соле қабл се маротиба афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулони сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон низ аз ифтитоҳи дафотири кунсулгарии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Кундуз ва Файзобод истиқбол карда ва гуфтанд, ки ин имкон хоҳад дод, то ҳамкориҳои ду кишвар ба марҳалаи тозатаре бирасад.

Ба гуфтаи ин масъулон, Тоҷикистон ба унвони ҳамсояи наздики Афғонистон дар истиқрори суботу амният ва тавсеъаи иқтисодии Афғонистон нақши умдае дорад.

Зимнан, сафорати Тоҷикистон дар Афонистон дар авоили даҳаи 1990 ифтитоҳ шудаст. Ҳамчунин кунсулгарии олии Тоҷикистон дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, фаъолият дорад. Тоҷикистон ва Афғонистон дар имтидоди 1400 км марзи муштарак доранд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi