22:30:20 02-уми Июни 2025 сол

ВОКУНИШИ УБАЙДУЛЛОЕВ БА ОШӮБҲОИ КИШВАРҲОИ АРАБӢ

Раиси Маҷлиси Миллии порлумони Тоҷикистон бо ишора ба шӯришҳои “стихиявӣ” дар кишварҳои арабӣ мақомоти интизомӣ, қудратӣ ва амниятии ин кишварро ба тақвияти фаъолияти худ даъват кардааст. Маҳмадсаъид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи Додситони кулли Тоҷикистон ва мақомоти дигари зирабтро ба ин мавзӯъ рӯзи ҷумъа дар ҷаласаи Маҷлиси Милии порлумони кишвар ҷалб кардааст.

 

ubaidulloevДар ин бора Шавкат Саъидов, ёвари раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон хабар дод. Тибқи иттилоъи ин манбаъ дар ин ҷаласа Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон ба ширкаткунангон дар бораиҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳодар Тоҷикистон дар соли 2010 гузориш дод. Аз баёнияи расмии марбут ба ин ҷаласа бар меояд, ки раиси Маҷлиси Миллии порлумон, ки ҳамзамон шаҳрдори Душанбе аст, аз эҳтимоли бурузи нооромиҳо дар Тоҷикистон ба монанди кишварҳои арабӣ нигарон аст.

 

Зеро дар ин баёния мехонем, ки оқои Убайдуллоев таъкид кардааст, бо назардошти “тағйири вазъ ва фазои сиёсӣ бо истифода аз ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ба таври “стихиявӣ” дар ҳоли муташанниҷшавӣ қарор дорад, зарур мешуморам, Прокурори генералӣ ва прокуророни зертобеи он дар доираи салоҳиятҳои худ баҳри таъмини субот ва оромии кишвар назорати прокурориро аз болои иҷрои вазифаҳои хизматию таъинотии тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қудратию низомӣ, аз ҷумла кормандони прокуратура ва кулли сохторҳои давлатию институтҳои шаҳрвандӣ ва соҳибкорию хизматрасонӣ оид ба роҳандозии фаъолияташон дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ таври қатъӣ пурзўр намояд.”

 

Нигаронии раиси Маҷлиси Миллии порлумони Тоҷикистон аз “тағйири вазъ ва фазои сиёсӣ” дар бархе аз кишварҳои минтақа “ба таври стихиявӣ” дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалӣ ба эҳтимоли вуқуъи “ошӯбҳои гуруснагон” дар бархе аз кишварҳои фақри минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд. Аммо бо ин ки Тоҷикистон аз фақртарин кишварҳои Осиёи Миёна ва кишварҳои пасошӯравӣ маҳсуб мешавад, танҳо эътирозоти сабтшудаи сокинони ин кишвар дар солҳои ахир, на ба мавзӯъи фақру бекорӣ, балки ба ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил марбут будааст.

 

Ҳушдор аз “иштибоҳоти мансабдорон”

Охирин маврид аз чунин эътирозҳо тавассути намояндагони ҳудуди ҳаштод хонаводаи ноҳияи Рӯдакии шаҳри Душанбе, ба дунболи тасмими мақомоти ин ноҳия дар бораи хароб кардани манозилашон, ба далели “бунёди ғайриқонунии онҳо” сар зад. Бархе аз занони муътариз ба хабарнигорон ва мақомоти маҳаллӣ ҳушдор доданд, ки дар сурати тахриби иҷбории манозилашон, ки барои сохтани он хонаводаҳо то панҷоҳ ҳазор дулор масраф кардаанд, худкушӣ хоҳанд кард.

 

Ин афрод иддаъоҳо дар бораи ғайриқонунӣ сохта шудани хонаҳояшонро рад мекунанд ва мегӯянд, ки куллия асноди зарурӣ барои истифода аз замин ва иҷозаи бунёди манзил дар ин минтақаро "бо имзоҳо ва мӯҳрҳои мақомоти зирабти ҳукумати ноҳия ва кумитаи заминро" дар ихтиёр доранд. Маҳмадсаъид Убайдуллоев дар ҷаласаи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар робита ба ин қазия низ ибрози нигаронӣ кардааст.

 

Дар ҳоле, ки барои таҳқиқ ва бозрасии қазияи манозили сокинони кӯчаи Якуми Майи ноҳияи Рӯдакӣ кумиссюни вижаи давлатӣ таъсис ёфтааст, оқои Убайдуллоев дар ҷаласаи рӯзи ҷумъа бо ибрози таассуф ба вуҷуди “иштибоҳи мақомоти давлатӣ” ва “ҳуҷҷатсозии ғайриқонунӣ” ишора кард. Вай аз ҷумла гуфтааст:

 

Шаҳрвандон бо мусоидати шахсони мансабдор ҳуҷҷатҳои ғайриқонуниро ба асос гирифта, бо харҷи маблағҳои оилавӣ бунёди манзилҳои истиқоматии ғайриқонуниро ба роҳ мондаанд, ки дар натиҷа тахрибсозии иншооти ғайриқонунии шаҳрвандон ба коҳишёбии нуфузу эътибори мақомоти давлатӣ мусоидат мекунад.”

 

Оқои Убайдуллоев афзудааст, ки дар зарфи даҳ соли охир дар Тоҷикистонзиёда аз сӣ ҳазор гектор замини корами обӣ талаву тороҷ шудааства аз додситонии Тоҷикистон хостааст, назорат бар истифодаи заминропурзӯрсозад. Барои бори нахуст аст, ки як мақоми баландпояи Тоҷикистон дар робита ба қазияи мӯътаризони ноҳияи Рӯдакӣ ибрози назар ва дар заминаи силсилаошӯбҳои кишварҳои арабӣ вокуниш мекунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4644-vokunishi-ubaidulloev-ba-oshubhoi-kishvarhoi-arabi.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854