22:39:45 02-уми Июни 2025 сол

ДАРАХТИ ДӮСТИ БИНШОН, КИ КОМИ ДИЛ БА БОР ОРАД…

Андешае нисбат ба муносибатҳои дӮстонаи тоҷику Ӯзбек

Тӯли таърих халқи тоҷику ӯзбек бинобар ҳамҷавории хеш  аз лиҳози дину мазҳаб, расму оин ва анъанаҳо ба ҳам ниҳоят наздик гардидаанд. Дар натиҷаи пайванди хешутабории тӯлонӣ ин ду миллати ба ҳам қарин аз лиҳози чеҳра низ шабоҳат доранд. Ҳатто забонҳои ӯзбекию тоҷикӣ, ки решаҳои гуногун доранд, дар истифодаи калимаҳои умумӣ ба ҳам қаробати зиёд пайдо кардаанд. Агар донандаи забон ҳам набошӣ, ҳангоми сӯҳбат бинобар як будани калимаҳои умумӣ мумкин аст маънои гуфтори дӯсти ӯзбекзабонро ба хубӣ дарк намоӣ.

 

tajik uzbek-flagЗамони шӯравӣ, ҳангоми хизмати Артиш миллатҳои дигари Иттиҳоди шӯравӣ байни тоҷику ӯзбек ҳеҷ фарқият намегузоштанд, баъзан моро як миллат гумон мекарданд. Дар бораи муносиботи бародаронаи аскарони тоҷику ӯзбек  дар он замонҳо ҳоҷати гап ҳам набуд. Ҳангоми таҳсил дар мактабҳои олии шаҳрҳои Маскаву Ленинград, Киеву Свердловск ва дигар марказҳо донишҷӯёни Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзҳои шанбею якшанбе ҳамсабақонашонро аз дигар ҷумҳуриҳо ба зиёфати оши палав ба меҳмонӣ даъват карда,  ҳамчун инсонҳои меҳмоннавозу инсондӯст аз дигарон фарқ мекарданд…

 

Мутаассифона, солҳои ахир аз ҷониби як қатор муаллифони ғаразноке кӯшишҳое ба чашм мерасанд, ки бо ҳар баҳона мехоҳанд байни ин ду халқи ба ҳам дӯсту бародар тухми кинаву адоват корида,  фазои беғубори онҳоро доғдор намоянд. Чандин маротиба шоҳиди он гаштаам, ки дар матбуоти даврӣ оиди беҳуқуқӣ, маҳдудияти забонӣ ва тазйиқи миллии ӯзбекзабонони тоҷикистонӣ коғаз сиёҳ кардаанд. Вале аз оҳанги матлаб бараъло маълум аст, ки ҳадафи аслии ин қабил муаллифони моҷароҷӯ аз чӣ иборат аст.

 

Имрӯз дар ҷумҳурии мо ӯзбекзабононро дар тамоми соҳаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварамон вохӯрдан мумкин аст, ки бо кору фаъолият, бо донишу таҷриба ва маҳорати баланди хеш ба мансабҳои баланд ноил гаштаанд. Онҳоро метавон дар сафи беҳтарин олимони соҳаи тиб, кишоварзӣ, фанҳои дақиқ, соҳаи маориф ва дигар риштаҳои илмӣ номбар намуд, ки пайи фаъолияти самаранок ва таълиму тарбияи насли наврас амал менамоянд. Халқи ӯзбек аз қадимулайём бо меҳнатдӯстию заҳматталабӣ дар Осиёи Марказӣ ном баровардааст, ки маҳз бо чунин сифатҳои ҳамида, ӯзбекзабонони ҷумҳуриамон дар паҳлӯи мо истода, пайи ободии кишварамон саҳми худро мегузоранд.

 

 Муаллифе навишта буд, ки гӯё бинобар маҳдудияти забонӣ ӯзбекзабонони Тоҷикистон дар гирифтани маълумот танқисӣ мекашанд. Шояд муаллиф хабар надошта бошад, ки дар баробари вуҷуд доштани  чандин мактабҳои ӯзбекӣ дар ҷумҳуриамон инчунин, дар мактабҳои олӣ низ гурӯҳҳои забони ӯзбекӣ  ҳанӯз аз замони Шӯравӣ боқӣ мондаанд, ки ӯзбекзабонон бе ягон мамониат маълумот гирифта, касбу кор меомӯзанд.

 

Ба касе пӯшида нест, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аҳолии ӯзбектабор ва ӯзбекзабон назаррасанд, ки фарзандони онҳо дар баробари таҳсил дар мактабҳои ӯзбекӣ, инчунин аз матбуоти даврӣ низ пурра бархурдоранд. Аксари ҳафтанома ва рӯзномаҳое, ки дар ноҳияҳо ба чоп мерасанд, саҳифаи махсусе барои ӯзбекзабонон низ ташкил кардаанд. Дар шабакаҳои якуми телевизионӣ барномаи «Ахборот» ба забони ӯзбекӣ пахш мешавад. Ба ғайр аз ин дар пойтахти ҷумҳурӣ рӯзномаҳои «Халқ овози», «Замондош», «Ӯқувчилар» ва ғайраҳо нашр мешаванд, ки низ баёнгари озодандешию баробарии  ӯзбекзабонони кишварамон мебошанд.

 

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳуриҳои собиқи Осиёи Марказӣ теъдоди ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ рӯ ба афзоиш ниҳод. Дар баробари гумоштагони кишварҳои хориҷӣ, инчунин баъзе шаҳрвандони гумроҳшудаи Тоҷикистону Ӯзбекистон низ ба сафи онҳо гаравиданд. Мутаассифона, дар сафҳои аъзои ҳаракатҳои ифротгарои «Ҳизб-ут-таҳрир», ҲИӮ, «Байат» ва ғайраҳо имрӯзҳо шаҳрвандони ӯзбекзабони Тоҷикистонро низ дидан мумкин аст. Маҳз ҳамин падидаи номатлубро баъзе аз душманони ин ду миллат ҳамчун тазйиқу хусуматҳои байни тоҷикону ӯзбекон ҳисоб мекунанд. Вале бояд донист, ки терроризм сарҳаду миллат надорад ва ҳеҷ як аз намояндагони сохторҳои қудратӣ наметавонанд касеро барои ширкат ё аъзогӣ ба ҳизбе беасос муттаҳам созанд. Дар сафи аҳзоби мазкур на танҳо ӯзбекон, балки намояндагони тамоми миллатҳоро дидан мумкин аст.

 

Ман мехостам ба душманони худхоҳи ин ду миллати ба ҳам дӯсту бародар муроҷиат карда гӯям, ки  беҳуда кӯшиш ба харҷ надиҳанд, зеро дӯстии мо дорои  пояҳои таърихӣ буда, ба умқи асрҳо реша давондааст, касе наметавонад байни мо душманӣ барангезад!

                                              

Шокирҷон Рустамов - омӯзгор

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4659-niholi-dushmani-barkan.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854