УМЕДВОРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ИТТИҲОДИЯИ АВРУПО
Тоҷикистон ба пуштибонии Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди пешниҳодҳояш умедвор аст. Ин матлаб дар ҷараёни дидори Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Анри Зиппер де Фабиани, сафири Фаронса дар Тоҷикистон матраҳ шудааст. Фаронса дар соли ҷорӣ раҳбарии G8-ро бар ӯҳда дорад.
Ҳамчунин гузориш шудааст, ки сафари расмии Президент Раҳмон ба бархе аз кишварҳои Аврупоӣ дар назар аст. Тибқи иттилоъи манобеъи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар дидор бо сафири Фаронса умдатан масоили Афғонистон матраҳ шудааст. Нахуст Анри Зиппер де Фабиани Ҳамрохон Зарифиро аз натоиҷи дидори суфарои кишварҳои G8 дар Афғонистон, ки ахиран дар Порис баргузор шуд, дар ҷараён гузоштааст. Таъкид шудааст, ки дар ин ҳамоиш ба мавзӯъи истифода аз захоири об ва энержӣ ва эҳдоси роҳи оҳан ба Афғонистон таваҷҷӯҳи бештар шудааст, ки бино ба гузориши маркази матбуъотии вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ба “мо бештар рабт дорад.”
Дар ин дидор оқои Зарифӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки Иттиҳодияи Аврупо аз пешниҳодҳои Тоҷикистон пуштибонӣ хоҳад кард. Ҳарчанд, мушшахасоти ин пешниҳодҳо дар гузориши маркази матбуъотӣ ироа нашудааст. Аммо ба гуфтаи як мақоми умури хориҷаи Тоҷикистон, ин кишвар қасд дорад дар нимаи дуввуми имсол дар Душанбе ҳамоиши байналмиллалӣ барои тавсеъаи ҳамкорӣ бо Афғонистон баргузор кунад.
Ҳамоишиҳои мушобеҳ ҳамасола дар кишварҳои шарики Афғонистон баргузор мешаванд ва дар кори он раҳбарони беш аз яксад кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд. Ин мақоми умури хориҷа, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки бидуни пуштибонии Иттиҳодияи Аврупо, ки аз сармоягузорони аслӣ дар Афғонистон маҳсуб мешавад, баргузори чунин як ҳамоише дар Тоҷикистон душвор хоҳад буд.
Дар гузориши матбуъотии вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин таъкид шудааст, ки сафари расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба бархе аз кишварҳои Аврупоӣ ва ба порлумони Иттиҳодияи Аврупо дар назар аст. Ба гуфтаи мақоми умури хориҷаи Тоҷикистон, қарор аст то ду моҳи дигар Президент Раҳмон аз Утриш, Люксембург ва шаҳри Страсбурги Фаронса, маҳали мақари порлумони Иттиҳодияи Аврупо дидан кунад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи сешанбеи 15 март Президент Раҳмон дар Душанбе бо Пер Морел, намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дидор ва гуфтугӯ дошт. Оқои Раҳмон дар ин дидор Иттиҳодияи Аврупоро “шарики муҳими” Тоҷикистон унвон карда ва барои кӯмак дар ҳалли масоили амниятӣ, танзими истифода аз захойири обу энержӣ, муҳитзистӣ, рафъи фақр ва тавсеъаи арзишҳои демукросӣ дар Тоҷикистон сипосгузорӣ кардааст.
Пер Морел дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби тавофуқоти қаблӣ идома дода ва ба тақвияти масоили амниятӣ, рушди тиҷорат ва беҳдоштӣ таваҷҷӯҳ хоҳад кард. Оқои Морел афзуд, ки Иттиҳодияи Аврупо нақши Тоҷикистон дар таъмини субот дар Афғонистонро муҳим медонад. Зимнан, оқои Морел дар раъси як ҳайъати Иттиҳодияи Аврупо ба манзури ширкат дар як ҳамоиши коршиносон дар мавриди истифода аз захойири обу энержии минтақа вориди Тоҷикистон шудааст.
Бархе аз соҳибназарон бар ин назаранд, ки ахиран Тоҷикистон тавонистааст таваҷҷӯҳи бархе аз мақомот ва аъзои порлумони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро ба иҷрои тарҳҳои энержии худ ҷалб созад ва ин амр “пирузие” дар баҳсҳои миёни Душанбе ва Тошканд дар бораи истифода аз захойир обу энержӣ дар минтақа арзёбӣ мешавад.
Би-Би-Си