22:32:35 02-уми Июни 2025 сол

ЯК СОЛИ ПАРЛУМОН: КАМБУД АЗ МУВАФФАҚИЯТ БЕШТАР?

Раиси Маҷлиси Намояндагон аз як соли фаъолияти парлумони даъвати чаҳорум натиҷагирӣ кард. Вай гуфт, дар ин муддат парлумон тавонист қонунҳоеро ба нафъи ҷомеа таҳия ва қабул кунад. Аммо раиси парлумон эътироф кард, ки дар як соли гузашта дар кори парлумон камбудҳо бештар аз муваффақиятҳо будааст.

 

parlament tjБархе аз коршиносон ва таҳлилгарон низ мегӯянд, ба фарқ аз парлумонҳои пешина парлумони даъвати чаҳорум талош кардааст, ки ба ҳаводис ва иттифоқоти рухдода дар кишвар таваҷҷӯҳ кунад. Ин гурӯҳи коршиносон ташкили мубоҳисоти вакилон ва масъулини ҳокимияти иҷроия, вокуниши парлумон ба сарнавишти ҳатто бархе аз афроди алоҳида, аз ҷумла Атовулло Рақибов, як сокини ноҳияи Файзободро, ки манзили зисташ бидуни пардохти ҷуброн тахриб шуд, ба унвони намуна зикр мекунанд.

 

Вале иддае дигар аз коршиносон ва таҳлилгарон ба ин назаранд, ки ҳанӯз парлумон ба унвони як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ натавонистааст ҷойгоҳи худро пайдо бикунад. Абдуазими Абдуваҳҳоб як тан аз хабарнигорони тоҷик, ки дар ин авохир чанд матлабе дар иртибот ба ин даври фаъолияти парлумон мунташир кард, мегӯяд, зоҳиран талошҳое барои боло бурдани мақоми парлумон аз сӯи раиси он сурат мегирад.

 

Ҷаноби Абдуваҳҳоб гуфт, гоҳо аз сӯи спикери парлумон тарҳи қонунҳои нотайёр пас гардонида мешавад ва гоҳе дигар аз вакилон даъват мешавад, ки дар баррасии асноде, ки аз сӯи ҳукумат меояд, сукут ихтиёр накунанд. Ин мавориде, ки ба гуфтаи хабарнигори тоҷик дар гузашта мушоҳида намешуд.

 

Дар ҳамин ҳол, бархе вакилони бособиқа дар парлумон мегӯянд, ки иллати мақоми сазовор надоштани парлумон дар низоми ҳокимиятро аз вакилони маҷлис, раис ва ё аз кадом гурӯҳи сиёсӣ таркиб ёфтани он набояд суроғ кард. Ба гуфтаи ин вакилон, тақсими салоҳият ва ваколатҳои шохаҳои ҳокимияти давлатӣ таҳти таъсири шароити ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки ба парлумон хеле кам расид ва аз соли 1995 ба ин сӯ парлумон ба як шохаи ғайрифаъол табдил ёфт.

 

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854