ИМКОНИ КАСБИ УЗВИЯТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИТТИҲОДИ ГУМРУКӢ
Тоҷикистон ва Қирғизистон хостори узвият дар Иттиҳоди гумрукии се кишвари шӯравии собиқ – Русия, Белорус ва Қазоқистон шудаанд. Ба гуфтаи Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд, ахиран ин ду кишвар дархости пайвастан ба Иттиҳоди гумрукиро кардаанд.
Вай афзудааст, ки ҳоло шароити пазируфтани ин ду кишвар ба Иттиҳодӣ гумрукӣ баррасӣ мешаванд. Оқои Лебедев ин матлабро ахиран дар ҷаласае дар Маскав дар робита ба дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои узви Иттиҳоди кишварҳои муштаракул манофеъ эълом кардааст. Вай афзудааст, ки ба ин тартиб тавсеъаи Иттиҳоди гумрукӣ аз ҳисоби кишварҳои ҳамсуд ба амри воқеъӣ табдил шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта мақомоти тоҷик эълом карда буданд, ки эҳтимоли пайвастани ин кившар ба Иттиҳоди гумрукӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.
Саидраҳмон Назриев, муъовини вазири рушди иқтисод ва тиҷроати Тоҷикистон гуфт, ки аз ироа шудани дархости расмӣ барои узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ дар ҷараён нест. Вай афзуд: “Ин мавзӯъ матраҳ буд, вале ман дақиқ намедонам, ки оё чунин дархосте расман ироа шудааст ё хайр.”
Оқои Назриев гуфт, ки воқеъан бештаре аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон тӯли чанд моҳи ахир ба омӯзиши мавзӯъи пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди гумрукӣ машғул буданд. Ба гуфтаи вай, таҳлилҳо собит кардаанд, ки баъд аз таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ аз сӯйи се кишвари Белорус, Қазоқистон ва Русия мизони тавлидоти нохолиси миллии ин кишварҳо то ба 15 дарсад афзоиш ёфтааст.
Саидраҳмон Назриев мегӯяд, ки “пайвастани Тоҷикистон ба ин иттиҳод барои иқтисоди кишвар судеро ба дунбол хоҳад дошт. Аз ҷумла, барои коҳиши қимати коло ва маводди воридотӣ ба Тоҷикистон ва шароити ҳамлу нақли онҳо имтиёҳое ба даст хоҳад омад.”
Зимнан, дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ лағви муқарароти пардохти боҷи изофии гумрукӣ барои содироти маводди сӯхт аз Русия ба Тоҷикистон ҳатмӣ хоҳад шуд. Соли гузашта давлати Русия ин муқарраротро роҳандозӣ кард, ки дар пайи он арзиши маводди сӯхт дар Тоҷикистон то чиҳил дарсад боло рафт. Ин афзоиш ба афзоиши қимати маводдҳои дигар дар кишвар мунҷар шуд.
Аз сӯйи дигар, пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ барои иқтисоди Тоҷикистон пайёмадҳои номатлубе низ хоҳад дошт. Оқои Назриев мегӯяд, ки ин мушкил умдатан ба тавлидкунандагон рабт хоҳад дошт.
Вале, ба гуфтаи дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ, давлати Тоҷикистон дар заминаи ҷамъоварии молиёт ва боҷи гумрукӣ то андозае зарар хоҳад дид.
Вай афзуд, ки “чун дар ин Иттиҳод мизони воҳиди молиёт ва таруфаҳои гумрукӣ роҳандозӣ шудааст ва Тоҷикистон, ки бештар кишвари ба воридкунанда аст, узвияти ин кишвар ба ин иттиҳодия метавонад суди зиёде надошта бошад. Зеро, содироти мо, бо шумули олуминиюм ва панба андак аст ва ҳатто дар ин замина низ мо ба истилоҳ бохте хоҳем дошт.”
Вале, ба эътиқоди дуктур Умаров, барои дарозмуддат шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ барои иқтисоди Тоҷикистон судовар аст. Зеро, роҳи воридшавии фановарии ҷадид ба иқтисоди кишвар содда мешавад.
Гузашта аз ин, кишварҳои дигари узви ин иттиҳод ба рушди иқтисоди Тоҷикистон бештар алоқаманд мешаванд. Зеро, дар ғайри ин амр, ақабмонии иқтисоди Тоҷикистон бар зарари иқтисоди кишвари дигари узви ин иттиҳод хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, Саидраҳмон Назриев, муъовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, ки Тоҷикистон танҳо дар сурати пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ метавонад ба узвияти ин созмон пазируфта шавад. Зеро, вуҷуди марзҳои муштарак бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ аз шартҳои аслии пазируфтани узви ҷадид ба ин ниҳод аст.
Би-Би-Си