ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «ДАР СУҒД ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРО ФАЪОЛАНД»
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи сеюм дар вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон қарор дорад, зимни суханроние дар рӯбарӯи фаъолони ин вилоят гуфтааст, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд фаъолияти тарафдорони равияҳои тундгарои мазҳабӣ густариш меёбанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфт: "дар вилояти Суғд, ҳолатҳои фаъолияти ғайриқонунии таблиғотии баъзе иттиҳодияҳои динӣ дар муассисаҳои мактабӣ, инчунин дар маҳалҳои зисту хонаводаҳои шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Қайроққум, Ҷаббор Расулов, Хуҷанд, Табошар ва Конибодом ҳанўз ҷой доранд".
Оқои Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар вилояти Суғд гурӯҳҳои алоҳида то ҳанӯз ҳам ба чопи адабиёти мамнӯъи мазҳабӣ машғуланд. Вай гуфт: «аз ҷумла, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соли гузашта 200 номгўй китобу дигар маводди чопии таблиғотӣ бо теъдоди ниҳоят зиёд мусодира карда шуд, ки мазмуни онҳо ба қонунҳои амалкунандаи давлати мо зид мебошад.»
Оқои Раҳмон ҳамчунин аз ҳаводиси чанд моҳи ахир, ки дар шаҳрҳои Хуҷанду Исфара ва Истаравшан рух дода буданд, изҳори нигаронӣ карда аз мақомоти зирабт тақозо кардааст, то барои паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ иқдом кунанд. Зимнан, дар моҳи сентябри соли гузашта, дар сохтмони бахши ҷароими созмонёфтаи пулиси вилояти Суғд ҳамлаи интиҳорӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа 3 кушта ва 27 захмӣ гашта буданд.
Вале дар моҳи январи соли равон, мақомоти амниятӣ ва пулис аз кашфи мошинҳои ҳомили маводди мунфаҷира дар назди сохтмонҳои Раёсати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ дар ин вилоят ва аз безараргардонии ин мошинҳо хабар дода буданд.
Женерол Шариф Назаров, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфта буд, ки дар робита ба ин ҳамлаи интиҳорӣ дар сохтмони бахши ҷароими созмонёфтаи пулиси Тоҷикистон дар вилояти Суғд, 50 нафар боздошт шудаанд, ки 37 нафари онҳо сокинони шаҳри Истаравшан будаанд.
Гузоришҳо ҳокист, ки мақомоти Суғд ҳам дар гузашта аз густариш ва тамоюли ифротгароӣ, ба вижа миёни ҷавонон изҳори нигаронӣ карда буданд ва барои паст кардани сатҳи ифротгароӣ рӯйи даст гирифта буданд. Дар гузашта мақомоти Суғд, аз боздошт ва муҷозоти даҳҳо пайравони созмонҳои ифротгаро ва теруристӣ дар ин вилоят, назири «Ҳизбуттаҳрир», «Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон» хабар дода буданд.
Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар вилояти Суғд фардо низ идома хоҳад дошт. Гуфта мешавад оқои Раҳмон рӯзи 27 март барои ширкат дар ҷашни муштараки расмии раҳабарони ҳудуди 10 кишвар аз Наврӯз дар Эрон, аз Хуҷанд озими Теҳрон хоҳад шуд.
Би-Би-Си