ЗАРИФӢ: “ОЗОДИИ БАЁН ВА ВИҶДОН НАБОЯД МУХОЛИФИ ҚОНУНГУЗОРӢ БОШАД”
Масоили аслии ҳуқуқи башар, назири озодии дин ва васоили иттилоърасонии умумӣ бояд бо дарназардошти таъмини амният ва субот дар ҷомеъа баррасӣ шавад. Дар ин бора Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 31 март зимни суханронӣ дар ҷаласаи 856-уми Шӯрои доимии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Урупо (САҲУ) дар шаҳри Виен дар ин замина ибрози назар кардааст.
Ба гуфтаи оқои Зарифӣ, чигунагии вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказӣ, бахусус, дар Тоҷикистон, ба вазъи амниятӣ дар Афғонистон бастагӣ дорад. Ӯ таъкид карда, ки бо таваҷҷӯҳ ба он ки Тоҷикистон дар саффи пеши мубориза бо терурисми байналмилалӣ, бунёдгароӣ ва маводди мухаддир қарор дорад, аз авлавиятҳои аслии САҲУ маҳсуб шудани мубориза алайҳи терурисм, бунёдгароӣ, қочоқи инсону маводди мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои ин кишвар низ муҳим аст.
Ба эътиқоди вазири хориҷаи Тоҷикистон, мушкилоти Афғонистонро аз тариқи низомӣ ҳал кардан душвор аст ва сохторҳои байналмилалии иқтисодию молӣ бояд барои барқарорсозии иқтисоди ин кишвар ҷалб шаванд.
Вай иҷрои тарҳи муштараки Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия барои бунёди хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, мавсум ба “CASA-1000”-ро, ки хутути барқии Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ мепайвандад, аз гомҳои муҳимме барои эҳёи иқтисоди Афғонистон унвон кардааст.
Ҳамзамон, Ҳамрохон Зарифӣ аз мусоъидати САҲУ ба таҳкими муроқибат аз марзҳои Тоҷикистон ва фаъолияти Коллеҷи марзбонии ин созмон дар шаҳри Душанбе ибрози сипос кардааст.
Мушкилоти обу энержии минтақа
Ҷониби Тоҷикистон аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки масоили марбут ба обу энержии Осиёи Марказӣ аз мушкили иқтисодӣ фаротар рафта ва ҷанбаи сиёсӣ касб кардааст ва ин амр аз густариши ҳамкориҳои минтақаӣ монеъ мешавад.
Вазири хориҷаи Тоҷикитсон далели ин амрро ба тавсеъаи майдонҳои кишт дар даврони шӯравии пешин, пешбурди сиёсати “дарёфти манофеъи иқтисодӣ аз тавлиди панба”, истифода аз системи кӯҳнаи обёрӣ ва бунёди обанборҳои зиёд дар манотиқи поёноби рӯдхонаҳои Омударё ва Сирдарё марбут хондааст, ки ба камбуди об дар минтақа ва хушкшавии дарёчаи Орол мунҷар шудааст.
Ӯ нақши САҲУ-ро дар муколамаи сиёсӣ барои ҳалли ихтилофоти минтақаӣ дар масоили обу энержӣ муҳим хонда ва хостори таҳқиқоти ҳамаҷониба дар заминаи истифода аз манобеъи оби минтақа ва обанборҳои зиёди маснӯъӣ шудааст.
Гуфта мешавад, кишварҳои Урупо аз тариқи ҳалли мусолиматомези масоили ҳавзаи рӯдхонаи Дунай дар ин замина таҷрубаи ғанӣ андӯхтаанд. Ҳамрохон Зарифӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон захоири бузурги нафту гоз надошта ва бунёди нерӯгоҳҳои обӣ танҳо роҳи ҳалли мушкили камбуди энержӣ дар кишвар маҳсуб мешавад.
Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон дар садад аст тарҳи нерӯгоҳи “Роғун”-ро ба таври шаффоф ва бо дарназардошти манофеъи кишварҳои минтақа ва пас аз анҷоми мутолеъаи ҳамҷонибаи фаннию иқтисодӣ ва зистмуҳитии ин тарҳ иҷро кунад.
Ба гуфтаи оқои Зарифӣ, иҷрои ин тарҳ ҷавобгӯйи манофеъи кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус, Афғонистон, буда ва дар сурати бунёди обанбори нерӯгоҳи “Роғун” беш аз 3 милюн ҳектур мазореъи ҳавзаи рӯдхонаи Ому шодоб хоҳад шуд.
Ҳамчунин, вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 856-уми Шӯрои доимии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Урупо дар шаҳри Виен мавзӯъи хатароти минро, ки ба кушта шудани садҳо тан аз афроди ғайринизомӣ дар минтақа мунҷар шудааст, матраҳ карда ва аз САҲУ давъат кардааст, то ба ифтитоҳи Маркази минтақаии ҳамоҳангсозии зиддимин дар шаҳри Душанбе мусоъидат кунад.
Би-Би-Си