21:28:59 02-уми Июни 2025 сол

САҲА: АМНИЯТ, МАРЗ, МИЛИСА ВА ОБ

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, бо ҳайате аз сафирони кишварҳои узви САҲА, масъалаи густариши ҳамкориҳои ин созмон ва Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Яке аз масъалаҳои меҳварии ин мулоқот, амнияти марзҳо ва таҳкими субот дар минтақа ва мусоидати САҲА ба ин раванд мебошад. Инчунин мусоидати Тоҷикистон барои таҳкими механизми муқобила бо тундгароӣ ва ифротгароӣ дар чаҳорчӯби барномаи САҲА аз масоили ин музокирот аст.

Амният – мењвари гуфтугўњо

OSCEҚабл аз дидори ҳайати САҲА бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мулоқоти Аудронюс Ажубалис, раиси даврии САҲА ва вазири умури хориҷаи Литва бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ доир шуд, ки ҳамчунон масоили мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора гуфт:

«Дар ин мулоқот вазир роҷеъ ба ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ва корҳои Дафтари намояндагии ин САҲА дар Душанбе ба ҳозирин маълумот дод. Баъзе аз сафирон суолҳои худро матраҳ намуданд, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ин суолҳои онҳо посух гуфт. Мавзӯъи амнияти минтақа, амнияти Тоҷикистон, амният дар марзҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба меъёрҳои САҲА марбут ҳастанд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.»

САЊА хоњони ислоњот дар милиса аст

Дар ҳамин ҳол манобеъи Дафтари САҲА дар Душанбе гуфтаанд, ки як масъалаи дигари мавриди музокираи мақомоти Тоҷикистон бо САҲА, ислоҳоти низоми корҳои дохилӣ дар Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи манобеъи САҲА, интизор меравад миёни Тоҷикистон ва САҲА як ёддошти тафоҳум роҷеъ ба рушд ва ислоҳоти милитсияи тоҷик ба имзо бирасад. То кунун САҲА бо вазорати корҳои дохилӣ дар амри нобудсозии силоҳҳо, ташкили маркази кинологӣ ва Академияи милитсияи Тоҷикистон кӯмак кардааст.

Аммо ахиран мақомоти милисаи Тоҷикистон ба делели марги як нафари гумонбари таҳти боздошт бо номи Сафаралӣ Сангов, мавриди танқиди ниҳодҳои ҳуқуқи башари дохилӣ ва байналмилалӣ қарор гирифтааст.

Кормандони милиса иттиҳоми даст доштан дар шиканҷаи ин нафарро рад мекунанд, аммо хешовандони ӯ даъво доранд, ки Сангов бар асари шиканҷа ҷон додааст. Тафтиши парвандаи мазкур идома дорад. Ин ва садҳо далели дигари вобаста ба муносибати номуносиби милиса бо боздоштшудагон, ба назари таҳлилгарон зарурати таваҷҷуҳ ба ислоҳоти низоми умури дохилӣ дар Тоҷикистонро пеш овардааст.

Таваљљуњи САЊА ба амниятї марзњо

САҲА аз соли 2004 ба ин сӯ, яъне аз замони ба ихтиёри нерӯҳои марзбони Тоҷикистон гузаштани ҳимояти марзҳои кишвар бештарин мизони кӯмакҳои молӣ ва техникиро ба Тоҷикистон расонидаанд. Дар чаҳорчӯби ин барнома, даҳҳо посгоҳи марзӣ бозсозӣ шуда, маркази таълимии марзбонон таҷҳиз гашта, гузаргоҳҳои марзӣ бо техникаи зарурӣ таъмин шуда ва Коллеҷи идораи марзбонӣ ва шӯъбаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддири раёсати марзбонӣ таъсис шудааст.

САЊА ва бањсњои додгоњии расонањо

Масъалаи дигари мавриди таваҷҷӯҳ ва нигаронии САҲА, баҳсҳои додгоҳии нашрияҳои мустақил бо мақомоти давлатист, ки масъулони рӯзномаҳо умедворанд, матраҳ шудани ин баҳс аз сӯи сафирони САҲА дар мулоқот бо мақомот, барои баррасии мунсифонаи парвандаҳои матбуот кӯмак кунад.

Феълан баҳси мақомоти вазорати дохилӣ бо «Азия плюс», баҳси се қозии додгоҳ бо нашрияҳои «Азия плюс», «Фараж», «Озодагон», баҳси як вакили собиқи парлумон бо «Чархи гардун» дар додгоҳҳо идома дорад. То кунун додгоҳ нашрияи «Пайкон»-ро ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ ба нафъи идораи давлатии «Тоҷикстандарт» ва нашрияи «Миллат» -ро 1500 сомонӣ ба нафъи вазорати кишоварзӣ ҷарима бастааст, ки баҳси ин ду парванда дар зинаҳои дигари додгоҳ идома дорад.

Мудирияти манобеи оби минтақа низ аз масъалаҳои мавриди гуфтугӯ дар ин мулоқотҳо аст. Сафари ҳайати САҲА аз Тоҷикистон, фардо бо боздид аз манотиқи марзӣ ва гузаргоҳи Панҷ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон идома хоҳад кард.

Раҳматкарими Давлат, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854