11:55:06 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОЗДОШТИ ЯК ТАБАЪАИ РУСИЯ ДАР ТАВИЛДАРА

 

Душанбешаби 26 июл телевизиюни давлатии Тоҷикистон хабари боздошти як шаҳрванди доғистонитабори Русияро нашр карда ва мусоҳибае бо ин фарди боздоштшударо пахш кард. Дар ин навор нахуст Вазорати кишвари Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Магамет Сапиуллаев, шаҳрванди доғистонитабори Русия, узви гурӯҳи Неъмат Азизов буда ва панҷ тан аз аъзои он дар авосити моҳи ҷорӣ дар минтақаи Рашт кушта шудаанд.

Тибқи иттилоъи пулис, фарде, ки дар навори телевизиюн суҳбат мекард, узви ҳамин гурӯҳ буда ва тавонистааст аз маҳалли даргирӣ дар мавзеъи Ҳавзи Кабуд, ки шаш нерӯи давлатии захмӣ ва панҷ кушта аз афроди мусаллаҳ барҷо гузошт, фирор кунад.  

Ба гуфтаи Маҳмадуллоҳ Ассадуллоев, сухангӯйи вазорати кишвар, Магамет Сапиуллаев ду рӯзи пеш аз минтақаи Рашт ба пойтахт мунтақил шудааст. 

Дар навори телевизиюнӣ марди ҷавоне бо ришу сабили зардина, ки худро зодаи ноҳияи Киздерсили Доғистон муъаррифӣ мекунад, гуфт, ки ӯ ҳамроҳ бо чанд тани дигар аз ҳамшаҳриёнаш аз шаҳри Сан-Питерзбурги Русия тавассути ҳавопаймо ба Душанбе омада ва сипас аз инҷо бо утумубил ба шарқи Тоҷикистон рафтааст.

Оқои Сапиуллаев ҳамчунин дар ин навор ба ҳамкорияш бо Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ, ки дар яке аз даргириҳои Тавилдара кушта шуд ва иртиботи оқои Зиёев бо Неъмат Азимов ишора мекунад.

Вай аз ҷумла гуфт: “Мирзо вазоифи моро тақсимбандӣ кард. Моро ҷамъ карда ва гуфт, ки кӣ бояд дар куҷо бошад ва кадом корро анҷом бидиҳад. Ман, Ренат, Рамазон ва Зафар онҷо будем. (Мирзо) гурӯҳи “Панҷара”-ро мушаххас кард. Бақияи русҳо бо Неъмат буданд.”

Оқои Сапиуллаев дар ин навор меафзояд: “Мо дар утумубилҳо ба сӯйи пул рафтем. Ва шомгоҳ ба вогунҳои наздики Чилдара расидем. Шабҳангом гурӯҳи Неъмат низ дар ҳамон ҷо ба мо пайваст. Маълум шуд, ки онҳо аз масири кӯҳ ба онҷо омадаанд. Неъмат ва Мирзо шурӯъ карданд ба мутаваққиф кардани мошинҳои ғайринизомӣ. Мегуфтанд, ки ҳоло ҳар мошини низомӣ, ки аз инҷо гузарад, мо онро мегирем.”

Қаблан Вазорати кишвар ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабар дода буданд, ки женерол Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва фармондеҳи нерӯҳои мухолифи давлат дар замони ҷанги дохилии солҳои 1992-97, рӯзи 11 июл дар даргирие аз сӯйи афроди мусаллаҳ кушта шуд. Мақомот Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизовро ба ҳамкорӣ бо Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон ва даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир, гаравгонгирӣ, ҳамла ба таъсисот ва нерӯҳои давлатӣ муттаҳам кардаанд.

Дар поёни гузориши телевизиюн, оқои Сапиуллаев ба ин савол ки оё дар мавриди Мирзо Зиёев чӣ назар доред, чунин ҷавоб дод: “Гуфта будам, ки Зиёев ба мо хиёнат кард, хеле хиёнат кард. Мехост ё моро фиреб диҳад ё барои наҷоти худ ба мо хиёнат кард.”

Тибқи иттилоъи Вазорати кишвари Тоҷикистон, Магамет Сапиуллаев дар ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба шӯъбаи корҳои дохилӣ ва гаравгонгирӣ ширкат кардааст. 

Иртибот бо ҶИӮ

Манобеъи вазорати кишвар мегӯянд, ки амалиёти ҷустуҷӯйи аъзои дигари гурӯҳи Неъмат Азизов дар Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад. Аммо гузоришҳо ҳокӣ аз боздошти ҷанд тан аз афродест, ки эҳтимол меравад аз ҷонибдорони Ҷунбиши исломии Ӯзбкистон буда ва аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шудаанд. Қаблан вазири кишвари Тоҷикистон аз боздошти ҷаҳор тан аз чунин афрод хабар дода буд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи пулис хабар дод, ки ахиран дар ду минтақаи дигар - дар шаҳри Чкаловск, дар шимоли Тоҷикистон ва дар ноҳияи Ванҷ, воқеъ дар устони Бадахшон, низ афроде боздошт шудаанд, ки эҳтимол меравад бо гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон муртабит бошанд. Аммо манобеъи расмӣ аз таъйид ё такзиби ин хабар худдорӣ кардаанд. 

Ҳарчанд Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон, ки гурӯҳи Неъмат Азизов низ шомили ин гурӯҳ хонда мешавад, дар феҳристи созмонҳои терруристӣ шомил ҳастанд, мақомоти муборза бо ин гурӯҳ дар шарқи Тоҷикистонро ҳамвора бахше аз амалиёти “Кӯкнор 2009” унвон кардаанд. Коршиносон ҳаводиси даргирӣ ва нооромиҳо дар шарқи Тоҷикистон, бахусус дар минтақаи Тавилдара дар моҳҳои ахирро таъсири муборизаи эътилофи Омрико бо Толибон дар Вазиристони Покистон ва Афғонистон мехонанд. 

Аз ҷумла Пол Куин Ҷаҷ, коршиноси Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон, ин ҳаводисро талоши шӯришиёне монанди Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон ва афроде, ки бо онҳо ҳамфикранд, барои тавсеъаи нуфузи худ аз шимоли Афғонистон ба Тоҷикистон то ба Қазоқистон медонад.

Қаблан гузоришҳое аз манотиқи ҷануби Қирғизистон дар мавриди бархурди афроди мусаллаҳ бо нерӯҳои давлатӣ ва инфиҷоре интиҳорӣ дар Ӯзбакистон пахш шуда буд. Зимнан Ӯзбакистон дар пайи ин гузоришҳо ба ташдиди муроқибат аз марзҳои худ пардохт. Ин дар ҳолест, рӯзи 25 июл дар пойтахти Тоҷикистон низ дар ду маҳал дар маркази ин шаҳр ду инфиҷор рух дод.

Ба гуфтаи манобеъи пулис, яке аз ин инфиҷорҳо дар маҳалле наздик ба фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ва инфиҷори дигар дар назди меҳмонхонаи "Тоҷикистон", аз маконҳои аслии буду боши гардишгарони хориҷӣ, иттифоқ уфтодааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi