18:37:37 15-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ХОТИМАИ САФАРИ ЁВАРИ КОТИБИ ДАВЛАТӢ РОБЕРТ О. БЛЕЙК БА ТОҶИКИСТОН

Аз 11 то 12 апрел Ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури минтақаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт О. Блейк ҳайати намояндагии ҳукумати ИМА-ро дар дуввумин Машварати дуҷонибаи солона дар шаҳри Душанбе сарварӣ намуд.

jalasaБа ҳайати намояндагии мазкур инчунин Мудири умури Осиёи Марказӣ, Мудири Дафтари муборизаи байналмиллалии алайҳи қочоқи маводи мухадир ва ҳифзи тартиботи қонунӣ, Мудири Дафтари оиди озодии байналмиллалии мазҳабии Департаменти давлатӣ, Мудири умури Осиёи Марказии Вазорати дифоъ ва Мудири  Намояндагии минтақавии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ шомил буданд.

Ёвари Котиби давлатӣ Блейк ҳангоми ҳузури хеш дар Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон ва роҳбарони сиёсӣ мулоқот намуда инчунин аз лоиҳаҳои рушде, ки аз ҷониби Сафорат маблағгузорӣ мешаванд, дидан намуд. Шоми якшанбе сафир Кен Гросс Ёвари Котиби давлатӣ Блейк ва даҳ нафар пешвоёни ҷавони тоҷикро барои ғизои шом дар мақомгоҳи хеш пазируфт, то аз умедҳо ва нигарониҳои онҳо оиди кишварашон шунаванд.

 Рӯзи душанбе Ёвари Котиби давлатӣ Блейк дар Машварати дуҷонибаи солона бо Ҳукумати Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ҷараёни машварат Ҳукумати ИМА ва Тоҷикистон дар бораи вазъи муносибатҳои дуҷониба, соҳаҳои манфиатҳои умумӣ ва роҳҳои вусъат додани ҳамкорӣ сӯҳбат кардаанд. Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ҳайати намояндагии Тоҷикистонро роҳбарӣ кард.

 Рӯзи сешанбе ҳайати намояндагӣ бо намояндагони Палатаи тиҷоратии Амрико барои баррасии роҳҳои беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ва ҷалби бештари соҳибкорон ба ин кишвар мулоқот доир намуд. Ёвари Котиби давлатӣ Блейк барои арзи сипос ба Тоҷикистон барои дастгирии талошҳои нерӯҳои коалитсионӣ дар Афғонистон, баррасии ҳамкории дуҷониба ва инчунин ҷалб намудани таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои боиси нигаронӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва озодии воситаи ахбори омма бо Президент Эмомалии Раҳмон мулоқоти расмӣ доир намуд.

Баъдан  Ёвари Котиби давлатӣ Блейк ва ҳайати намояндагӣ бо сарони намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалии донорӣ наҳор доштанд, то назарҳои онҳоро оид ба вазъияти кунунӣ шунаванд ва оиди роҳҳои беҳтари ҳамоҳангсозии кӯшишҳои кӯмак табодули назар намуданд. Ӯ бо намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон вохӯрд, то дар бораи таҷрибаҳои онҳо оиди иштирокашон дар раванди демократикунонӣ шунавад.

 Дар фарҷоми сафар, Сафир Кен Гросс дар мақомгоҳи худ барои Ёвари Котиби давлатӣ Блейк ва муҳаррирони рӯзномаҳои асосии Тоҷикистон барои шиносоӣ бо вазъи озодии воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон сӯҳбат орост. Баъди сӯҳбат Ёвари Котиби давлатӣ Блейк барои қайд намудани нуқоти асосӣ аз сафари хеш ва посух додан ба саволҳо дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи оянда миёни ИМА ва Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир намуд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi