НОМАИ ГЕНЕРАЛ ҒАФФОР МИРЗОЕВ БА ДОДГОҲИ ОЛӢ
Ғаффор Мирзоев тайи як нома ба унвони раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, тақозои бознигарии парвандаашро кардааст. Оқои Мирзоев дар номааш навиштааст, ки дар се маврид ӯро ба ҳукми абад маҳкум кардаанд, ки вай ба ин нукот розӣ набуда ва хостори расидагии дубораи парвандааш аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон шудааст.
Оиша Мирзоева, хоҳарбузурги генерал Мирзоев ду рӯз қабл дар маҳбас бо бародараш Ғаффор Мирзоев мулоқот карда ва аз номаи бародараш огоҳ шудааст. Ба қавли Оиша Мирзоева, ки бо мӯҳтавои нома ошноӣ дорад, бародараш дар се маврид айдор дониста шуда ва маҳз барои ин се ҷурм ба ҳабси абад маҳкум шудааст.
Аз ҷумла вай дар замони раҳбарии Горди президентӣ (ҳоло Горди миллӣ) буданаш барои ворид намудани либоси низомӣ аз Олмон ба таври қочоқ айбдор дониста шудааст. Вале оқои Мирзоев дар номааш мегӯяд, ки ин теъдод либос аз тариқи гумрук гузаронида шудааст ва қочоқӣ намебошад.
Дар мавриди дуввум тавре гуфта мешавад, Ғаффор Мирзоев молиёти ин теъдод либоси низомиро ба давлат напардохтааст. Вале дар нома гуфта мешавад, ки пардохти андоз на ба шахси генерал Мирзоев, балки ба Горди президентӣ тааллуқ дорад.
Дар мавриди саввум, ки гӯё генерал Мирзоев, як автомобили жигулӣ аз як шаҳрванди покистониро ғасб карда бошад, дар нома омадааст, ки он аслан ба як шаҳрванди Тоҷикистон тааллуқ дошта ва ин шахс дар толори мурофиа ҳам бо санадҳо собит кардааст, ки соҳиби мошин вай аст на покистонӣ, аммо додрас гӯш надодааст.
Ҳоло Ғаффор Мирзоев мехоҳад, ки Додгоҳи олӣ ба ин паҳлӯҳо дубора расидагӣ кунад. Зеро ба навиштаи Ғафор Мирзоев, маҳз барои ҳамин се ҷурм ӯро ҷазои ҳукми абад додаанд. Вай мехоҳад, ки то таҷлили 20-умин солгарди истиқлоли кишвар, ба ин нуктаҳо расидагӣ шуда ва ӯ аз ҷониби президент афв шавад.
Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»