10:49:00 15-уми Июни 2025 сол

"ҚУТТӢ"-И СЕҲРАНГЕЗ, АММО ХАТАРНОКИ ИНТИХОБОТ

Дар интихобот қуттиҳои шаффоф истифода мешаванд, аммо қуттии дигаре низ ҳаст, ки вижагиҳои худро дорад. Интихоботи ахири вакили Маҷлиси намояндaгон  дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе нишон дод, ки “қоидаҳои бозӣ” дар саҳнаи сиёсии кишвар тағйир нахӯрда, баракс қавитар шудаанд.

 kutti-48985552.jpg

Агар то ҳол орзуи пой ниҳодан ба саҳнаи сиёсӣ дар замири хаёлпарасте ҷӯш мезад, интихоботи ахир онро комилан хомӯш кард.  “Қоидаи бозӣ” ҳамоне ҳаст, ки қаблан буд: номзаде ки давлат аз ӯ пуштибонӣ намекунад, дар интихоботи пирӯз шуда наметавонад.

УМЕДҲО ВА ВОҚЕИЯТ

Нуктаи ҷолиб дар ин раванд ин аст, ки аҳзобу номзадҳои мустақил ҳар бор ба шиору паёму ваъдаҳои баргузории як интихоботи озоду одилона ба ҳамин содагӣ фирефта мешаванд ва ҳар бор шикаст мехӯранд ва аз интихобот бе курсӣ бармегарданд.

Таҳлилгарон мегӯянд, истифодаи батакрори ин “қоида” аҳзоби мустақилро кайҳо ба “декорация”-и саҳнаи сиёсӣ табдил дода ва худи интихобот, ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ ҷиддияташро аз даст додааст. Аҳзоб ва номзадҳои мухолиф дар фазои сиёсии Тоҷикистон гӯё андаруни қуттие ҳастанд, ки ҳаракати онҳоро маҳдуд менамояд.

s.tolibsho_452147.jpgНомзад Толибшоҳ Саидзода, муҳаррири ҳафтаномаи  “Миллат”, ки  якшанбеи гузашта дар интихоботи миёндавраӣ  шикаст хӯрд, мегуяд, ки бо эътимод ба ваъдаҳои раиси нави Кумиссюни марказии интихобот Шермуҳаммади Шоҳиён дар мавриди баргузории интихоботи мунсифона, вориди набард шуд.

«Бисёриҳо ба ман мегуфтанд, ки ҷои холишуда барои Амирқул Азимов аст ва ӯ ин ҷойро мегирад, вале ман ман бовар доштам, ки бо назардошти ҳаводиси кишварҳои арабӣ ҳукумати Тоҷикистон шароитро барои интихоботи мунсифонаву одилонаву демократӣ фароҳам хоҳад овард. Вале иштибоҳ кардам ва ин интизороти мо бароварда нашуд. Ман медидам, ки мардум моро қабул дорад, вале ин «бозиҳо» моро имкони убур намедиҳад.»

Аз сӯи дигар ба гуфтаи номзадҳои ноком маълум шуд, ки ҳатто ҷалби шахсиятҳои алоҳидаи “бетараф” ба маъракаҳои сиёсӣ ба шеваи баргузорӣ ва натоиҷи интихобот таъсир надоштааст.

МОЯИ БАРТАРИИ ҒОЛИБОН

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки шояд дар як интихобот номзади ҳизби тарафи ҳукумат шоиста бошад  ва шояд номзадҳои ҳизби халқӣ демкоратӣ дар ду ҳавза арзанда бошанд, вале вақте, ки пушти сари ҳам танҳо номзадҳои ҷониби ҳукумат пирӯз мешаванд, ин ба назар машкук мерасад ва пайғом ин мешавад, ки дарҳо ба рӯи номзадҳое “ғайридавлатӣ” баста боқӣ мемонанд.

dustov_745852211.jpgСаймиддин Дӯстов, раиси созмони ғайридавлатии «ИНДЕМ», ки дар маъракаи интихоботии порлумонии моҳи феврали соли гузашта  аз ҳавзаи Файзобод  номзад буд, мегӯяд, ки сарнавишти номзадҳо на дар  интихобот  балки дар долонҳои ҳукумат ҳал мешавад ва тағйири фазо ба саромадони сиёсӣ бастагӣ дорад.

«Албатта, ин ба иродаи элитаи сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла ба иродаи президент Эмомалӣ Раҳмон  вобаста аст. Агар президент ирода кунад, ки шароит барои интихоботи озоду одилона фароҳам оварда шавад, ин кор сурат хоҳад гирфт. Вале, мутаасифона,  ҳукумат аз тамоми фишангҳо дар дуртарин деҳа низ истифода намуд, ки корро ба фоидаи номзади худ ҳал кунад.  Воқеан, дар ин формате, ки ҳукумат дунбол дорад, барои ман ва афроде монанди ман ҷой нест.»

Борҳо пас аз баргузории маъракаҳои интихоботӣ созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон мақомоти ҳукуматро барои тақалубкорӣ дар ҷараёни маъракаҳои сиёсӣ накӯҳиш кардаанд. Аммо мақомоти интихобот ҳамеша кӯшидаанд, ки ҳузури нозирон дар ҷараёни маъракаҳои сиёсиро шадидан маҳдуд бошад  ва шумориши оро дур аз назари аҳзобу номзадҳои мустақил сурат бигирад.

ДАРҲОИ БОЗУ БАСТА

Бо вуҷуди исрори аҳзоби сиёсии мухолиф ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ҳукумати Тоҷикистон ҳозир нест, ки барои нозирони мустақил нақши боризтар қоил шавад. Аммо намояндаи ҳизби ҳокими Халқӣ-деморатии Тоҷикистон, Усмон Солеҳ, бар ин аст, ки иддаои аҳзоби сиёсӣ ва афроде, ки мегӯянд, ҳукумат дар интихоботҳои порлумонӣ аз бозиҳои махсус кор мегирад, ҳақиқат надорад.

Ба гуфтаи ӯ номзадҳои Ҳизби халқӣ-деморкатӣ ва ҳам номзадҳое,  ки аз тарафи ҳукумат пешинҳод мешаванд,  ҳама шоиставу ба ҷомеъа ошно ҳастанд ва пирӯзии онҳо низ натиҷаи ҳамин хислатҳост. Ба назари ӯ, Ҳизби халқӣ-демократӣ ба интихоботҳо танҳо аз ҳамин дидгоҳ бархӯрд мекунад.

Вале ба гумони ғолиби номзадҳои ноком ҳадафи ҳукумат дар ҷилавгирӣ аз шомилшавии номзадҳои аҳзоби сиёсӣ ба парлумон, танҳо назорати комил бар ин шохаи қонунгузор аст, ки агар бихоҳад, қудратнамоӣ кунад, кори зиёде аз дасташ меояд.

ХУЛОСА

Бо ин ҳол бисёре аз таҳлилгарон аз хатари ночиз кардани аҳзоби сиёсии  мӯътадил ҳушдор медиҳанд ва мегӯянд, ҳукумат, агар бихоҳад, метавонад ҳамзистии муфидро бо номзадҳои мухолиф ба роҳ монад ва аз ин баҳра бардорад. Дар акси ҳол, ба гуфтаи ин таҳлилгарон, ночиз кардани аҳзоби сиёсӣ ва дар қуттии хурд беҳракат нигоҳ доштани онҳо пойгоҳро барои аҳзоби тундрав боз мекунад

Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854