02:08:05 03-уми Июни 2025 сол

ИСКАНДАРОВ: "БА ДАВЛАТУ ВАТАНАМ ХИЁНАТ НАКАРДААМ"

Ин ҳафта ҳамкори мо, Абдуқаюми Қаюмзод бо Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон ва собиқ иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Тоҷикистон сӯҳбат кардааст. Вай дар оғози сӯҳбат посухи ин суолро пурсидааст, ки оё Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ таҳти фишори Фронти халқӣ доир шуда буд?

Акбаршо ИскандаровАкбаршоҳ Искандаров: На. Ин гапҳо воқеият надорад. Ягон кас маҷбур насохтааст ва махсусан Фронти халқӣ. Фронти халқӣ  умуман дар тараддуди он набуд, ки масъала бо роҳи конститутсионӣ ҳал ва иҷлосия доир шавад. Мо худамон - раёсати Шӯрои олӣ тасмим гирифтем ва ӯҳдадор шудем, ки иҷлосия доир шавад. Ман аз чанд ҷо шунидам, ки гӯиё Кенҷаев ва гурӯҳи ӯ мехостанд, ки иҷлосия баргузор шавад. Вақте онҳо бо қувва дохили пойтахт шуданд, чандин нафар аз мардум кушта ва бархе аз қисматҳои шаҳр валангор гардид. Мо бо Кенҷаев мулоқот кардем. Пас аз ин, ӯ рафт, дигар ягон гап дар бораи баргузории сессия набуд ва ӯ кадом таъсире ҳам гузошта наметавонист. Чунки он гурӯҳе ки бо вай омад, дигар пароканда шуда, касе аз онҳо ӯро гӯш намекард. Ин ташаббуси худи раёсати Шӯрои олӣ буд.

“ВАЗИФА МУҲИМ НАБУД!”

-Вақте иҷлосия дар Хуҷанд доир шуд номзадии як нафар барои раисии Шӯрои олӣ пешниҳод шуд ё номзадҳои дигар ҳам буданд?

 -Пеш аз он ки ин иҷлосия доир гардад, мо як маҷлиси умумиҷумҳуриявӣ доир кардем, то ки дурнамо ва ояндаи ватан ва давлати худро муҳокима кунем. 2 ҳазор одам даъват шуд аз тамоми Тоҷикистон. Сардорони нерӯҳои сиёсӣ ва нерӯҳои мусаллаҳ ҳам даъват шуда буданд. Намояндагони ҳизбҳо, ҳаракатҳо ва созмонҳо ҳама ширкат доштанд. Мо ин масоилро дар он ҷо муҳокима кардем. Ёдатон бошад, мо як муроҷиатнома ҳам қабул карда, истеъфои аъзои Шӯрои олиро эълон дошта будем. Ҳоло бисёре аз одамҳо мегӯянд, ки медонистӣ, чаро рафтӣ? Дар ҳамон давра барои ман он қадар ҳатмӣ набуд, ки дар вазифа мемонам ё намемонам. Барои ман ором кардани вазъият муҳим буд.

Мо мехостем, ки як одам ҷавоби ин вазъро надиҳад ва ҳамаи мардум ҷамъ шаванд ва вазъиятро таҳлил кунанд ва як хулоса бароранд ва коре кунем, ки пеши роҳи ҷангро гирем. Ҳол онки он вақт ҷанг ҳам набуд. Як гурӯҳе бо гурӯҳи дигар бо ҳам мезад ва ин маънои ҷанги гражданӣ ва ҷангро надошт. Ин хел набуд. Лекин, мутаассифона, вақте он ҷо рафтем ва иҷлосия шурӯъ шуд, вакилони алоҳида ба ҷойи баррасии масъалаҳои муҳим масъалаи тақсими вазифаву мансабро пеш гузоштанд. Ҳатто имконият надоданд, ки масъалаҳои ба рӯзнома пешниҳодшуда, ки аз ҷониби комиссияи махсуси Раёсати Шӯрои олӣ баррасӣ ва таъйид шуда буд, ба муҳокима гузошта шавад. Раёсати Шӯрои олӣ, мутаассифона, ба ҳадафе, ки дошт, нарасид.

“НАБИЕВ АВЗОЪОРО НАЗОРАТ КАРДА НАМЕТАВОНИСТ”

-Ба ҳар сурат бо чӣ мақсад Шумо ба Хуҷанд рафтед?

-Мо маслиҳати пешакӣ бо хешу табори обрӯманди Раҳмон Набиев доштем, ки як нафарро аз наздиконаш Набиев барои ноиби раёсати ҷумҳурӣ таъйин кунад. Нафаре боэътимод барои худи Раҳмон Набиев. Чунки ӯ дигар авзоъро назорат карда наметавонист, балки дурусттараш ба ӯ чунин имкониятро намедоданд. Мо гуфтем, ки аз вилояти Ленинобод аз хешовандони худи Набиев якеро ноиби раиси ҷумҳурӣ бояд таъйин кунад. Дар иҷлосия мо бояд ӯро тасдиқ кунем. Зеро дар шароите, ки раисиҷумҳурӣ ҳаст, Шӯрои олӣ салоҳияти чандоне надорад. Вале воқеияти онрӯза чунин буд, ки амалан раисиҷумҳур ягон коре намекард.

Ҳарчанд дар бораи раёсати Шӯрои олӣ гапҳои ҳархела мегуфтанд, аммо он ягона ниҳоде буд, ки кам ҳам бошад корҳоро анҷом медод. Аз ин рӯ мақсади асосии рафтан ба онҷо  пеш аз ҳама ҳал кардани масъалаи сардори давлат – раисиҷумҳур буд. Чаро мо дар он ҷо пеш аз иҷлосия ҳамаи мардумро даъват карда будем? Роҳбарони аҳзоб, қумондонҳо ва ҳатто то раисони ҷамоатҳоро даъват кардем, то бифаҳмем ва таҳлил намоем, ки эй мардум биистед, ки куҷо рафта истодаем. Мутаассифона, ин хел нашуд. Ҳадафе, ки мо доштем он амалӣ  нашуд. Ва боз ба “интихоб” ва тақсими курсиҳо машғул шудем.

“УЗБАКИСТОН НАМЕХОСТ, КИ...”

-Аммо чаро ҳукумати Русия ва Узбакистон аз раёсати шумо ҷонибдорӣ накард, чӣ сабаб буд, ки ба ҳукумати зери раҳбариии Шумо ёрӣ надоданд?

-Аввал ин аст, ки ман роҳбари давлат набудам...

-Ба ҳар сурат, иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳур будед...

ҷрокунандаи раисиҷумҳур ва раиси Шӯрои Олӣ будам. Вазъият он вақт чӣ тавр буд? Ман ба сифати иҷрокунанда ҳамагӣ як моҳ кор кардам. Давоми ин як моҳ ман бо Б.Елсин, И.Каримов, Н.Назарбоев мулоқот доштам. Бо Егор Гайдар, сарвазири Русия дар ҳузури Елсин дар мавриди додани дивизияи 201 ба ихтиёри Тоҷикистон қарордод имзо кардам. Ин қарордод имзо шуд. Ва мувофиқи дастури Елсин он мебоист дар Алмаато ҳамроҳ бо раисони ҷумҳурии Осиёи Миёна муҳокима мешуд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Мо омадем ба Алмаато дар онҷо сӯҳбатҳо доир шуд. Аз ҷониби Русия Андрей Козирев - вазири хориҷӣ иштирок дошт. Баҳсҳо зиёд буд ва махсусан Узбакистон намехост, ки дивизия ба Тоҷикистон дода шавад.

Ман дар он ҷо гуфтам, ки мо хоҳиш намекунем, ки дивизияро ба мо диҳед, балки мо талаб дорем. Зеро мо ҳам дар ҳайъати Шӯравӣ як ҷумҳурии алоҳида будем. Он вақт округи ҳарбии Осиёи марказӣ тақсим шуд. Узбакистон ва Қазоқистон ҳиссаи худро гирифтанд, вале Тоҷикистон нагирифта буд. Тибқи қонунҳо чун ин дивизия дар қаламрави мост, бояд ба мо вогузор шавад. Қаблан, аз тарафи Шӯрои олӣ ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи гирифтани ин дивизия  муроҷиатнома ҳам қабул шуда буд. Лекин он гирифта нашуд.

Ба истиснои Каримов дигарҳо розӣ шуданд. Назарбоев гуфт, ки шумо чӣ ҷангҷол мекунед, он чи барои мо тааллуқ доштем, гирифтем, ин баҳси Русия ва Тоҷикистон аст. Агар ин ду розӣ бошанд, чаро мо мухолифат кунем. Аммо пеш аз имзо аз тарафи Русия масъалагузории зиёд ҳам буд, ки дар кадом шароит метавонанд дивизияро ба мо диҳанд ва ё надиҳанд. Елсин таъсиси Шӯрои давлатиро пешниҳод дода буд. Гуфт, барои он ки эмин бошанд, ки дивизия ба дасти исломиҳо намерасад, як нафар аз онҳо низ узви Шӯрои давлатӣ бишавад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854