18:50:04 04-уми Июни 2025 сол

ИСКАНДАРОВ: "БА ДАВЛАТУ ВАТАНАМ ХИЁНАТ НАКАРДААМ" - Акбаршо Искандаров 1

“КОЗИРЕВ САБАБГОРИ ИДОМАИ ҶАНГ ШУД”

-Пешниҳоди ташкили Шӯрои давлатӣ аз Русия буд?

 -Аз мо набуд, аз Русия буд. Барои он ки ман ҳама вақт муқобили ташкил ва таъсис додани сохторҳои ғайриконститутсионӣ будам. Вақте ки Раҳмон Набиев аз вазифа рафт, талошҳо барои ташкили чунин сохторҳо хеле зиёд буд. Бо пофишории банда ва низ дар натиҷаи рақобати касоне, ки раиси Шӯрои давлатӣ шуданӣ буданд, мо як сохтори дигари ғайриконститутсионӣ таъсис надодем. Дар он ҷо ҳам ман муқобил будам. Вале гуфтанд, ки шарти асосии мо ҳамин аст, ки Шӯрои давлатӣ бояд бо роҳбарии раиси Шӯрои олӣ ташкил дода шавад.

Масъаларо мо дар раёсати Шӯрои олӣ маслиҳат ва мувофақа кардем. Баъзе аз нафароне, ки дар вазифаҳои давлатӣ кор мекарданд, бояд узви Шӯрои давлатӣ ҳам мешуданд. Бо Елсин маслиҳат кардем. Пешниҳод шуд, ки генерал Мӯҳриддин Ашӯров узви ин Шӯро мешавад.Мо гуфтем, ки бигзор ҳатто муовини раиси Шӯро бишавад. Баъд аз ин, мо дар бораи дивизия қарордод имзо кардем. Ман рӯзноманигоронро даъват карда будам, ки аз таъсиси Шӯрои давлатӣ эълон мекунем. Вале чун Андрей Козирев ин ҷо омад масъала ранги дигар гирифт.

Ё ки мулоқоти вай бо фармондеҳони полки дар Қӯрғонтеппабудаи дивизияи 201 ва ё таъсири мулоқотҳояш дар Кӯлоб, ё ин ки вақте мо дар Маскав будему дар ин ҷо Мулло Абдуғаффор як гурӯҳ талабаҳои мактаби русии шаҳри Душанберо гаравгон гирифт сабаб шуданд ё таъсир карданд, ки фикрашон иваз шуд. Мо дигар натавонистем ин Шӯроро ташкил диҳем ва ҳамин тавр дар масъалаи қарордод дар бораи дивизияи 201, ҳам ки бояд эълон мекардем Козирев гуфт як бори дигар маслиҳат зарур аст. Пас ӯ аз ин ҷо рафт. Ба фикри ман, яке аз онҳое, ки барои сулҳу созиш дар Тоҷикистон халал расонд ва сабабгори идомаи ҷанг шуд ҳамин Козирев буд. Аз ин ҷо маро бо ҳамроҳаш фиреб карда бурд ва мо натавонистем, ки аз имзои ин қарордод ба мардум бигӯем ва дигар вазъият як каме харобтар шуд.

ЧАРО НАБИЕВ ДАР МАҚОМАШ БАРҚАРОР НАШУД?

-Дар ин миён мудохилаи кишварҳои беруна ба авзоъ тақрибан ошкор шуда буд ва он гурӯҳе ҳам, ки худро мубориз барои барқарории ҳокимияти конститутсионӣ муаррифӣ карда ва бо ҳамин шиор ба майдон омад, чаро Набиевро дар мақомаш  барқарор накард?

-Аввал ин аст, ки мафҳуми муборизони пойдории ҳокимияти конститутсионӣ умуман  хато буд. Истифодаи ин таъбир нодуруст буд. Барои чӣ? Барои он ки дар он вақт ҳама сохторҳои давлатӣ амал мекарданд. Чӣ гуна онҳо ғайри конститутсионӣ будаанд. Раисиҷумҳур Раҳмон Набиев фаъолият дошт. Шӯрои олӣ фаъолият мекард, ҳукумат кор мекард. Он ҷо, чуноне қаблан ҳам зикр кардам, мебоист ба рафтани раисиҷумҳур баҳои ҳуқуқӣ дода мешуд, ки дуруст рафтааст ӯ ва ё ҳоло ҳам ӯ раисиҷумҳур аст? Ман фикр мекунам, ки дар иҷлосияи Хуҷанд таъсир ва халалрасонии кишварҳои манфиатдор буд, ки Раҳмон Набиев барнагардад.

Аз ин сабаб буд, ки ҳокимияти раёсати ҷумҳуриро ҳам барҳам заданд. Ҳадаф чӣ буд, ҳадаф ин буд, ки як шахси муваққатие, дар давоми то шаш моҳ раиси Шӯрои олӣ шавад.Ба ман ҳам пешниҳод карданд. Ба унвони ягона шахси ба таъбири русӣ бигӯем “легетимний должностной лицо” шумо ҳастед, шумо метавонед раиси Шӯрои олӣ шавед ва бо ҳамин ҳокимияти президентиро барҳам диҳем. Ҳамин гуна пешниҳодҳоеро барои ман матраҳ карданд, ки барои ман қобили қабул набуд ва ман рад кардам.

“ИСЛОМ КАРИМОВ, ДУШАНБЕ ВАЛАНГОР МЕШАВАД”

-Бо Ислом Каримов ҳам сӯҳбатҳо доштед?

-Бо Ислом Каримов чандин бор гап задам. Вақте Кенҷаев ва ҳамроҳонаш ба Душанбе ҳамла кард ба ӯ телефон кардам.  Гуфтам, Ислом Каримов шаҳри Душанбе валангор мешавад. Бо ин мардуми ба Душанбе омада гап занед, ки бубинем, онҳо кӣ ҳастанд ва чӣ ҳастанд, чи мехоҳанд бо мо ҳамсӯҳбат шаванд. Гуфтанд, ки ман онҳоро намешиносам, ин кори дохилии худатон, вазъияти дохилии худатон, худатон ҳал кунед. Бо дахолати Каримов, Кенҷаев баъд аз 15 дақиқа ба ман занг зада изҳор дошт, ки барои музокира омодааст.

-Дар бораи истеъфои маҷбурии Раҳмон Набиев ҳам сару садоҳо зиёд аст. Мегӯянд, ки барои иҷрои ин кор дохилиҳо дастур ё «заказ»-и берунаҳоро иҷро карданд?

-Сад дар сад итминони комил дорам, ки шодравон Набиев бо дахолати қувваҳои берунӣ ба вазифа барқарор нашуд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854