РАҲМОН: “ГУРКАК, ҶӮРОБАЛӢ Ё ҶАНГАЛӢ МАГАР ИСМИ ТОҶИК АСТ?”
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз шеваи номгузории бархе кӯдакон дар ин кишвар интиқод карда ва хостори "номгузории зебо ва асили тоҷикӣ" шуд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар бархе аз маворид волидайн ба тифлони худ номҳое мегузоранд, ки "хосси миллати тоҷик нестанд."
Ин матлабро оқои Раҳмон рӯзи чаҳоршанбеи 1 июн дар суханронии худ дар поёни ҷашнвораи ҳунарии кӯдакон бо номи “Сапеда-2011” ва дар "Рӯзи байналмилалии ҳимоят аз кӯдакон", ки шаби гузашта дар телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон пахш шуд, матраҳ кард. Вай гуфт, ки мавориди зиёде будааст, ки зимни имзои фармони интисоби шахсони алоҳида ба симатҳои давлатӣ ба асомии онҳо таваҷҷӯҳ мекунад.
Оқои Раҳмон гуфт: “Миёни ин афрод нафароне буданд, ки номҳое мисли Гургак, Ҷӯробалӣ ва Ҷангалӣ доштанд. Магар тоҷик гург аст ё ҷӯроб?”
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хитоб ба кӯдакон ва ҷавононе, ки дар толори “Кохи Борбад” ҷамъ шуда буданд, гуфт: “Шумо низ дар оянда падару модар мешавед ва зимни интихоби исми кӯдакони худ бояд ҷиддӣ бошед.”
Вай аз гирдиҳамомадгон хост, ки бештар адабиёт бихонанд, то тавонанд номҳои зебоеро барои кӯдакони худ интихоб кунанд. Оқои Раҳмон гуфт: “Фирдавсиро хонед, сардафтари адабиёти (шӯравии) тоҷик Айниро хонед.”
Дар ин замина Президент Раҳмон, ки бо нӯҳ фарзанди худ дар миёни руасои ҷумҳурии кишварҳои ҳамсуд серфарзандтарин маҳсуб мешавад, аз таҷрубаи номгузории кӯдакони худаш ёдовар шуд. Вай гуфт: “Ҳар рӯз ба ман мегуфтанд, ки чӣ ном гузорем. Вале ман китоб варқ мезадам, ба назди муъаллимон ва ҷамоъат мерафтам ва дар ниҳоят, номи арзандае интихоб мекардам.”
Сипас, оқои Раҳмон исми нӯҳ фарзанди худро номбар кард. Бо ин вуҷуд, президент Раҳмон иқрор кард, ки на ҳама метавонанд асомии зебое интихоб кунанд: “Барои ҳамин, мо китобҳоеро бо номҳои зебои тоҷикона интишор додем. Дар ҳамаи шӯъбаҳои сабти асноди шаҳрвандӣ ин китобҳо ҳастанд, аз ҳамон китобҳо интихоб кунед.”
Ба эътиқоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби "номи зебо ва асили тоҷикӣ" вазифаи ҳар як падару модар аст. Вай афзуд, ки ҳоло атбоъи тоҷик зиёд ба хориҷ аз кишвар сафар мекунанд ва "хуб нест, ки бо номҳои безеб" Тоҷикистонро муъаррифӣ кунанд.
Ба эътиқоди бархе аз соҳибназарон, номгузории тоҷикӣ яке аз "кортҳои маҳбубияти" Президент Раҳмон маҳсуб мешавад. Соли 2007 Эмомалӣ Раҳмонов аз исми хонаводагии худ пасоянди “ов”- ро ҳазф кард. Он замон вай аз мақомот ва сокинони кишвар даъват карда буд, ки ба номгузории асили тоҷикӣ рӯй оваранд. Дар пайи ин даъват бархе аз мақомот ва шаҳрвандон асомии худро иваз карданд. Вале дертар гузориш шуд, ки теъдоде аз шаҳрвандони тоҷик аз ниҳодҳои сабти аҳволи шаҳрвандӣ бозгашт ба шеваи русии номҳои худро тақозо кардаанд.
Гуфта мешуд, ки ба далели гузор ба шеваи тоҷикии номгузорӣ, бисёре аз ин афрод дар Русия таҳти фишор қарор гирифтаанд. Вале мақомот иддаъо доранд, ки ин мушкил ба далели сабти нодурусти асомии онҳо дар мадорик сурат гирифтааст. Бо ин вуҷуд, то ҳол теъдоди зиёде аз сокинони Тоҷикистон номҳои русии худро ҳифз кардаанд. Аммо дар поёни суханронии дирӯзи худ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки аз “қарсакзании” кӯдакон ва навҷавонон хушаш меояд, зеро онҳо “самимӣ ва аз таҳи қалб” ин корро мекунанд.
Вай иддаъо дошт, ки дар “Кохи Борбад” борҳо ҷаласаҳои мухталиф бо ширкати “адибон, зиёиҳо ва интеллигентсия (рӯшанфикрон)” баргузор карда, вале кафкӯбии онҳо чунин самимӣ набудааст. Оқои Раҳмон аз раиси Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон хост, ки сабти мулоқоташ бо кӯдаконро ҳифз карда ва дар остонаи ҷашни Истиқлол бо кафкӯбиҳо дар ҷаласае, ки дар ҳамин толор баргузор мешавад, муқоиса кунад.
Би-Би-Си