РАСУЛ КУШТА ШУДАНИ АТБОЪИ АФҒОН ДАР ТОҶИКИСТОНРО БАРРАСӢ МЕКУНАД
Вазири хориҷаи Афғонистон мегӯяд, ки ҳодисаи кушта шудани ҳашт табаъаи афғон дар ҷануби Тоҷикистонро бо мақомоти ин кишвар баррасӣ мекунад. Залмай Расул, ки рӯзи панҷшанбеи 28 июл пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо хабарнигорон сӯҳбат дошт, хабари кушта шудани атбоъи афғон дар ин кишварро таъйид кард.
Вай гуфт, ки ҳоло бо ҷониби Тоҷикистон ҷузъиёти ин қазия ва тафсилоти кушта шудани шаҳрвандони Афғонистонро баррасӣ мекунад. Оқои Расул гуфт: “Шакке нест, ки як тасодуф сурат гирифта ва бояд асли ҳодиса таҳқиқ шавад. То замони бозгашт ба Кобул ин қазияро рӯшан хоҳем кард.”
Пештар бархе аз расонаҳои Афғонистон гузориш дода буданд, ки дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон 8 тан аз атбоъи афғон дар шароити номаълум кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо, ин афрод сокинони вилояти Самангони Афғонистон буда ва ахиран ба унвони ҷаҳонгард ба Тоҷикистон омада буданд.
Аз ҷумла, хабаргузории “Пажвок”-и Афғонистон аз қавли Аҳмадхон Самангонӣ, намояндаи пешини Вулуси Ҷирга ё маҷлиси суфлои порлумони Афғонистон, навиштааст, ки ин маҷлис дар садад аст ин мавзӯъро бо сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Кобул матраҳ кунад. Манобеъи нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз ибрози назар дар бораи ин ҳодиса худдорӣ карданд. Шароити кушта шудани ин ҳашт табаъаи афғон ва маҳалли ҳодиса дақиқан рӯшан нест.
Тибқи иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, ин ҳодиса ҳафтаи гузашта дар яке аз манотиқи марзии вилояти Хатлон дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон рух дода ва аҷсоди 8 табаъаи афғон ба шаҳри Душанбе интиқол дода шудааст. Абулҳасан Амон, кунсули Афғонистон дар Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки сафорати ин кишвар дар шаҳри Душанбе бо ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон қазияи кушта шудани атбоъи афғонро баррасӣ карда ва танҳо пас анҷоми ин гуфтугӯҳо ҷузъиёти ин ҳодисаро эълом хоҳад кард.
Анҷоми марҳилаи аввали хуруҷи нерӮҳои Амрико
Залмай Расул, вазири хориҷаи Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе ба манзури дидору гуфтугӯ бо мақомоти умури хориҷа ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон вориди ин кишвар шуд. Тадорукот ба дидори чаҳоргонаи раҳбарони Тоҷикистон, Афғонистон, Русия ва Покистон, ки интизор меравад дар моҳи сентябр дар Душанбе доир шавад, аз муҳиммтарин мавзӯъи сафари оқои Расул ба Тоҷикистон будааст.
Аммо дар ҷараёни ин сафар ӯ мавзӯъи хурӯҷи нерӯҳои Амрикоӣ ва НОТУ аз Афғонистон ва асароти эҳтимолии он бар вазъияти минтақаро низ бо мақомоти тоҷик баррасӣ кардааст. Ба гуфтаи оқои Расул, марҳилаи аввали хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НОТУ аз Афғонистон поён ёфта ва 650 тан аз сарбозони Амрикоӣ вилояти Парвон, воқеъ дар шимолу ғарби шаҳри Кобулро, тарк кардаанд.
Дар назар аст то авохири соли ҷорӣ 10 ҳазор тан аз нерӯҳои Амрико аз Афғонистон хориҷ шуда ва раванди хурӯҷи тамоми ин нерӯҳо дар соли 2014 ба поён бирасад. Зимнан, дар зарфи 10 соли ҳузури нерӯҳои Амрико дар Афғонистон 1500 тан аз сарбозону афсарони Амрикоӣ кушта шуда ва Амрико барои ниёзҳои низомӣ дар Афғонистон садҳо милёрд дулор сарф кардааст.
Залмай Расул гуфт, ки дар дидори вай бо Президент Раҳмон мавзӯъи хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НОТУ аз Афғонистон ва асароти ин таҳаввул бар вазъи амниятии ин кишвар ва Осиёи Марказӣ матраҳ шудааст. Вай нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ мабнӣ бар паёмадҳои ногувори ин раванд барои вазъи амниятии минтақаро бепоя хонда ва гуфт, ки давлати Афғонистон имкон ва тавони таъмини амнияти худро дорад.
Ӯ гуфт, ки танҳо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва НОТУ-ро лозим аст дар омӯзишу тарбияти кодрҳои низомӣ ва таъмини таҷҳизоти мудерни фаннӣ барои артиш ва нерӯҳои амниятии афғон ба онҳо кумак кунанд.
Би-Би-Си