08:06:55 11-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҶУЗЪИЁТИ САФАРИ АҲМАДИНАЖОД БА ТОҶИКИСТОН БАРРАСӢ ШУД

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғари Шеърдӯст ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷумъашаб дар дидор бо як дигар ҷузъиёти барномаи сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро баррасӣ карданд, дар ин бора хабар медиҳад хабаргузории «Ирно».

/images/stories/2011/07/30_safiri-iron_30.07.2011.jpgИн сафари муҳим эҳтимол дар моҳи сентябри соли ҷорӣ анҷом мешавад. Ба гузориши хабаргузории «Ирно» сафири Эрон дар Тоҷикистон ҳамчунин омодагии Теҳронро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталифи сиёсат, иқтисод, ва фарҳанг эълон кард. Алиасғари Шеърдӯст дар дидор бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аз омодагии Эрон барои тавсеаҳои ҳамкориҳои сеҷониба бо ду кишвари дигари форсзабонон, яъне Тоҷикистон ва Афғонистон хабар дод.

Вай раванди афзоиши муносибот миёни Тоҷикистон ва Эронро ба мусобиқае ташбеҳ кард, ки ҳар тараф қасд дорад аз дигарӣ пешсаф бошад. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ аз Алиакбари Солеҳӣ ҳамтои эронии худ барои боздид ва музокира бо масъулони кишвараш дар ростои густариши равобит дар бахшҳои мухталиф даъват кард ва хостори ҳарчи сареътар омодагии баргузории ин сафар фароҳам шавад.

Ҳамрохон Зарифӣ бо ишора ба бархе аз таҳаввулоти минтақа ва байналмилалӣ давраи кунунии ҷаҳонро давраи зургӯии бархе аз қудратҳои бузург тавсиф кард. Вай гуфт: «Ҳамакнун бархе за кишварҳои мустақил аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон бо вуҷуди ин зургӯиҳо мувоҷеҳ ҳастанд».

Ӯ ҳамчунин изҳор дошт: «Тоҷикистон дар чунин шароите ҳаргиз дӯстии худро бо Эрон аз даст намедиҳад ва иҷозат нахоҳад дод ин дӯстии бисёр амиқ дастхуш барои талошҳои аносир, машкук ва бадхоҳ шавад. Ҳарчанд, ки барои рафъи бархе сӯитафоҳумҳо бояд талоши бештаре аз сӯи ду кишвар сурат гирад».

Дар ин дидор ду тараф зимни баррасии мавзӯъоти мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаи минтақа ва таҳаввулоти байналмилалӣ замон ва ҷузъиёти барномаҳои сафари доктор Маҳмуд Аҳмажинажод дар моҳи сентябри имсол ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Аз муҳимтарин барномаҳои сафари Аҳмадинажод ба Тоҷикистон ифтитоҳи фази аввали пружаи нерӯгоҳи барқии обии «Сангтӯда-2» ва имзои қарордоди ниҳоии сохтмони нерӯгоҳ ба рӯи рӯдхонаи Зарафшон тавассути мутахассисони эронӣ хоҳад буд.

Эҷоди чандин консулгарӣ тавассути Эрон ва Тоҷикистон дар шаҳрҳои мухталифи ду кишвар, афзоиши теъдоди парвозҳо миёни ду кишвар аз ҷумла ба шаҳрҳои Табрез, Шероз ва Хуҷанд ва раванди иҷрои бархе аз пружаҳои дар дастсохти Эрон дар ин кишвар мавриди баррасӣ дар ин дидор буд.

Дар ин дидор марҳалаи ниҳоӣ такмили телевизиони муштараки кишварҳои форсзабон, маҳвораҳои ҷадиди ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва омӯхтани стратегияи муносиб ҷиҳати рафъи бархе аз мушкилоти ашхос ва ширкатҳои эронии фаъол дар арсаҳои иқтисодӣ ва саноатӣ низ баррасӣ шуд.

Амалиёти сохтмони нерӯгоҳи 220 мегаватаи «Сангтӯда-2» дар баҳманмоҳи 1385 тавассути як ширкати эронӣ, ки дар Тоҷикистон ширкати муштараки «Сангкоб»-ро таъсис кард, ба рӯи рӯдхонаи Вахши вилояти Хатлон оғоз шуд.

Арзиши қарордоди сохти ин сад ва нирӯгоҳ 220 миллион долларро ташкил медиҳад. Саҳми Тоҷикистон 40 миллион доллар аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон 180 миллион доллар дар ин пуружа сармоягузорӣ карда, ки қарор аст ба сурати воми дарозмуддат аз сӯи Душанбе пардохт шавад.

Ҳамакнун корҳои таҳқиқотӣ ва мутолиотии сад ва нерӯгоҳи барқии обии «Айнӣ» ба рӯи рудхонаи «Зарафшон» тавассути мутахассисони ширкати эронии «Фароб» оғоз шуда ва тақрибан тамоми корҳои нақшабардории нерӯгоҳ ва ҳавзи обрези он рӯ ба поён аст.

Манбаъ: Хабаргузории «Ирно»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi