02:55:27 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲАМКОРИҲОИ ДУШАНБЕ ВА КОБУЛ ГОМИ МУҲИМ ДАР ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ АСТ

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мӯътақид аст, ки тавсеаи ҳамкориҳо миёни Душанбе ва Кобул нақши муҳиме дар тавсеаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ ва тасреъ дар ҳамгироии кишварҳои минтақа дорад, хабар медиҳад, хабаргузории «Форс».

/images/stories/2011/07/30_davlat-nazri_30.07.2011.jpgДавлат Назрӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигори хабаргузории «Форс» дар Душанбе, зимни ташреҳи натоиҷи сафари Залмай Расул, вазири умури хориҷаи Афғонистон ба Тоҷикистон музокироти ҳайати Афғонистон бо мақомоти Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ин сафари расмиро гоми дигаре дар иҷрои тарҳҳо ва тавофуқоти ду ҷониб донист.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон Давлат Назрӣ афзуд: «Сафари умури хориҷаи Афғонистон ба Тоҷикистон, ки бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон анҷом шуда буд, абъод ва чашмандозҳои ҷадиде дар ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар эҷод кардааст».

Ба гуфтаи вай: «Таъйини чашмандози ҷадиде аз равобити ду кишвар ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ, аз меҳварҳои музокироти ин мақоми сиёсии афғон бо мақомоти тоҷик дар Душанбе буд».

Нишасти чаҳорҷонибаи Душанбе, Кобул, Исломобод ва Русия

Давлат Назрӣ гуфт: «Дар ҷараёни дидори вазири умури хориҷаи Афғонистон аз Тоҷикистон, ду тараф дар бораи баргузории саввумин нишасти чаҳорҷонибаи сарони кишварҳои Русия, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар Душанбе баҳс ва табодули назар карданд».

Ба гуфти ин мақоми вазорати хориҷаи Тоҷикистон, қарор аст дар ин нишаст, ки дар аввалҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор шавад, ду тарҳ аз ҷумла тавофуқномае дар бораи ташвиқ ва ҳимоят аз сармоягузориҳои муштарак ва имзои тафоҳумномае барои барчидани майдони минаҳо аз манотиқи марзӣ, баррасӣ ва тасвиб шавад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мавзӯи тақвияти субот ва амният дар минтақа, рушди муносиботи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо ҳадафи эҷоди заминаи муносибтар барои рушди иқтисоди Афғонистонро дигар аз мавзуъоти баҳси нишасти чаҳорҷониба донист.

Талош барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии Душанбе ва Кобул

Ба гуфти Давлат Назрӣ дар музокироти ҳайати Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Афғонистон бар ин нуқта низ таъкид шуд, ки Душанбе ва Кобул дар бораи бисёре аз масоили мавриди баҳс иттифоқи назар доранд.

Ин мақоми вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин мавзӯи баргузории панҷумин конфронси минтақавии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Афғонистон, ки дар фарвардинмоҳи соли оянда (март-апрели соли 2012) дар Душанбе баргузор хоҳад шудро аз дигар меҳварҳои музокироти вазири хориҷаи Афғонистон бо ҳамтои афғонии вай эълом кард.

Вай гуфт: «Фаъол кардани кори гурӯҳи комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ тасреъ дар иҷро шудани тарҳҳои бахши энергетикӣ, сохтани роҳи оҳан ва хати лулаи гози Афғонистон ба Тоҷикистон ва густариши равобити илмӣ ва фарҳангӣ аз дигар масоили мавриди баҳс байни мақомоти ду кишвар буд».

Сафари вазири хориҷаи Афғонистон ба Душанбе тайи ҳафтаи ҷорӣ ҳамзамон бо интишори хабари қатли ҳашт шаҳрванди афғон ба дасти нерӯҳои интизомии Тоҷикистон буд, ки ба гуфти мақомҳои тоҷик, ин афарод қочоқчӣ буданд, ки дар даргирии мусаллаҳона бо маъмурони давлати Тоҷикистон кушта шуданд.

Вазири умури хориҷаи Афғонистон дар ҳафтаи гузашта, рӯзи чаҳоршанбе дар раъси як ҳайати олирутбаи сиёсӣ, иқтисодӣ сафари чаҳоррӯзаро ба Тоҷикистон оғоз кард. Вай дар ин сафар илова бар вазири хориҷа бо раисҷумҳур ва бархе аз дигар мақомоти олирутбаи ин кишвар дидор ва аз бархе аз манотиқи саноатии ин кишвар низ боздид кард.

Коршиносон ҳадаф аз талоши Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкорӣ бо Афғонистон эҷоди замина барои раҳоӣ аз бунбасти иқтисодӣ, ба вижа иртиботӣ арзёбӣ мекунанд.

Раҳматулло Абдуллоев коршиноси тоҷик муътақид аст, ки: «Дар ҳоле, ки фишори бархе аз кишварҳо дар минтақа барои аъмоли маҳдудияти беш аз беш транзити молҳо ба Тоҷикистон ташдид мешавад., танҳо роҳи наҷоти Душанбе аз ин бӯҳрон густариши ҳамкориҳо бо Афғонистон аст».

Вай афзуд: «Бо сохтани шабакаи интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон, ин имкон барои Душанбе фароҳам мешавад, ки як қисман барқи худро ба соири кишварҳои минтақа содир кунад».

Ба гуфтаи ин коршинос, аз сӯи дигар тибқи гузоришҳои расмии мабнӣ бар ин ки мавзуот аз қабили таҳкими ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ дар заминаи мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ, ифротгароӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир аз муҳимтари масоили мавриди баҳс миёни вазири хориҷаи Афғонистон бо мақомоти Тоҷикистон эълон шуд. Ин ба он маъно аст, ки Тоҷикистон нигарони бӯҳронӣ шудани вазъияти минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон аст. Ва ба ҳамин далел дар назар дорад ҳамакнун заминаҳои ҳамоҳангӣ бештар миёни нерӯҳои амниятӣ интизомии Душанбе ва Кобулро барои муқобила бо чолишҳои эҳтимолӣ фароҳам кунад.

Манбаъ: Хабаргузории «Форс»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi