02:48:51 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПАЙМОНИ ИТТИҲОДИЯИ АВРУПО ВА ТОҶИКИСТОН ТАСВИБ МЕШАВАД

Порлумони Иттиҳодияи Аврупо санадеро бо номи Паймони Мушорикат ва Ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо бо Тоҷикистон барои тасвиб омода кардааст. Ин санад интизор меравад, рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ дар порлумони Иттиҳодияи Аврупо барррасӣ ва тасвиб шавад. 

Паймони Мушорикат ва Ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо бо Тоҷикистон панҷ соли пеш, моҳи октябри соли 2004, аз сӯи ду ҷониб имзо шуда буд, вале он то кунун ба марҳилаи иҷро надаромадааст. Ҳадаф аз ин санад ба гуфтаи порлумони Аврупо, тақвияти ҳузури сиёсиву иқтисодиву тиҷоратии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ Осиёи Марказист, ки яке аз орзуҳои ин иттиҳодия мебошад.

Ҳадафи дигари ин паймон, ба гуфтаи муааллифонаш, мусоидат ба рушди иқтисодии Тоҷикистон, коҳиши фақр ва таҳкими амният дар ин кишвари фақири Осиёи Марказист, ки ҳамсояи Афғонистони ноором мебошад. 

Ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон то ҳол ба асоси санаде сурат мегирифт, ки қариб 20 сол пеш дар замони шӯравӣ имзо карданд. Дар паймони нав шароити ҳамкориҳои ду тараф дар арсаҳои мухталиф аз иқтисод то ба сиёсат ва иҷтимоиёту илму фарҳанг сабт шудааст. 

Ба гуфтаи Анна Матвеева, коршиноси умури Осиёи Марказӣ дар шаҳри Лондон ва муаллифи пажӯҳиши “Насибаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ”, ниҳоӣ шудани паймон дар ҳоли ҳозир барои Тоҷикистон манофеи бештари сиёсӣ хоҳад дошт, на иқтисодӣ. 

Анна Матвеева мегӯяд, "ин имтиёзот пеш аз ҳама сиёсӣ хоҳанд буд, на иқтисодӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба арсаҳои гуногуни дипломатии Аврупо бештар ҷалб хоҳад шуд, сафари мушкили шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро осонтар хоҳанд кард ва аз ин қабил. Дигар ин ки Тоҷикистонро ба барномаҳои гуногуни Иттиҳодияи Аврупо, аз қабили кӯмак ба кишварҳои муштаракулманофеъ ҳамроҳ мекунанд. Паймони мазкур ҳамчунин имкон медиҳад, то шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беҳтар шавад, зеро дар он ду тарафро ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ташвиқ мекунад, вале барои ин тарҳҳои мушаххас зарур аст". 

Паймони Мушорикат ва Ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон ҳарчанд бар асоси санадҳои шабеҳи иттиҳодия таҳия шудааст, аммо нахустин паймонест, ки ба гуфтаи порлумони Аврупо, банди мубориза бо тероризм ва густариши силоҳҳои ҳастаиро дар бар гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аввали ҳамин сол моҳи феврал ҳангоми суханронӣ дар ҳузури вакилони порлумони Аврупо гуфта буд, ниҳоӣ нашудани Паймони Мушорикат ва Ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо намегузорад, ки ҳамкориҳои дуҷониба ба таври муносиб рушд кунанд. 

Анна Матвеева мегӯяд, дар таъхири тасвиб ва ниҳоӣ шудани ин санад, ки 5 сол аз замони имзои он сипарӣ мешавад, айби худи ҳукумати Тоҷикистон ҳам будааст. 

Вай меафзояд, “дар худи Тоҷикистон ҳам муқаррароти расмии пазируфтани санадро кашол доданд, ман фикр мекунам, шояд барои он буд, ки раҳбарияти Тоҷикистон ҳамин муқаррароти расмиро чандон авлавиятнок намедонист. Ва дигар ин ки Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо лоббисти қавие надорад. Масалан, садои Қазоқистон дар Иттиҳодияи Аврупо баланд аст, шояд ба хотири захираҳои фаровони табиияш. Тоҷикистон ингуна лоббист ва чунин имконоти дипломатиро надорад, ки масалан як кишвари узв барояш дар Иттиҳодияи Аврупо саъй кунад. Аз ҳамин сабаб пазируфтани санад ба кундӣ пеш мерафт".

Иттиҳодияи Аврупо, то ҳол ба Тоҷикистон дар амри тақвияти посбонии марз бо Афғонистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, кӯмак мекунад. Ҳарчанд Кумиссиёни Аврупо яке аз донорҳои азими Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ба кишвар дар ҳаҷми даҳҳо миллион евро кӯмакҳои башарӣ додааст, аммо ду тараф ягон тарҳи бузурги иқтисодие надоранд. 

Иттиҳодияи Аврупо бар тибқи стротежии хосаш барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2007 то 2013 барои кишварҳои минтақа 750 миллион евро ихтисос додааст ва кӯмаки ихтисосӣ барои Тоҷикистон аз соли 2007 то 2010 бештар аз 66 миллион евроро ташкил медиҳад. Аз соли 1993 то кунун кӯмакҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон ба 500 миллион евро расидааст. 

Ба гуфтаи Анна Матвеева, Тоҷикистон ҳоло агарчӣ мақоми баланде дар сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо надорад, аммо бо назардошти захираҳои азими энержии обиаш метавонад, соҳиби чунин мақоме шавад. Вай мегӯяд, барои расидан ба ин мақом Тоҷикистон бояд мисли пештара дар сиёсати хориҷиаш нисбат ба Иттиҳодияи Аврупо коҳил набошад ва ҷидду ҷаҳди бештаре кунад.

Тоҳири Сафар, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi