08:47:57 01-уми Июли 2025 сол

СӮҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ МЕДВЕДЕВ ВА КАРИМОВ

Президенти Русия ва Ӯзбакистон дар тамоси телефонӣ бо якдигар дар бораи сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба ва тасреъ дар раванди иҷрои шудани тавофуқномаҳои ба имзо расидаи байни ду кишвар, баҳс ва табодули назар карданд.

/images/stories/2011/08/21_medvedev_karimov_21.8.2011.jpgБа гузориши хабаргузории «Форс», Димитри Медведев ва Ислом Каримов сарварони Русия ва Ӯзбакистон дар ин гуфтугӯи телефонӣ, дар бораи иқдомоти анҷомшуда аз сӯи мақомот ва масъулони алоқаманди ду кишвар, дар заминаи иҷро шудани асноди ба имзо расидаи байни раҳбарони ду тараф, дар ҷарайни сафари президенти Русия ба Ӯзбакистон, ки ҳудуди 2 моҳ қабл сурат гирифт, баҳс ва табодули назар карданд.

Пойгоҳи хабарии «К-News», бо эъломи ин матлаб афзуд, ки сарварони кишварҳои Русия ва Ӯзбакистон ҳамчунин дар ин гуфтугӯ дар бораи масоили байналмилалӣ ва амнияти минтақавӣ, аз ҷумлаи мавзӯи Афғонистон низ музокира карданд.

Коршиносон, тамоси телефонии сарварони Русия ва Ӯзбакистнро иқдоме барои омодагӣ ҷиҳати нишасти сарони ҷомеаи кишварҳои мустақили ҳамсуд ва эҷоди ҳамоҳангӣ дар мавзӯъи ду тараф дар бораи мавзӯъоти мавриди баҳс дар ин иҷлосия, ки қарор аст дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шавад, арзёбӣ мекунанд.

Тибқи гузориши вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, президенти Русия як рӯз қабл аз баргузории ин нишаст, барои анҷоми сафари расмии ду рӯза, вориди Тоҷикистон хоҳад шуд.

Аммо ба гуфтаи ин манбаъ, президенти Ӯзбакистон ва ҳамчунин ҳамтоёни украинӣ ва озарбойҷонии вай ба эҳтимоли қавӣ дар ин нишаст ширкат нахоҳанд кард.

Ҳамчунин дар 21-уми июли соли ҷорӣ низ нишасти ғайри расмии сарони паймони амният дар Остона пойтахти Қазоқистон баргузор шуд, ки президенти Ӯзбакистон бо худдорӣ аз ширкат дар ин нишаст, ҳайате бо раёсати яке аз мақомоти давлати худро ба ин иҷлосия фиристод.

Коршиносон, тирагии муносиботи Тошканд бо Душанбе ва талоши Русия ба тақвияти ҳузури худ дар Тоҷикистон ба вижа дар бахши низомӣ ва марзбонӣ ва ҳамчунин эҳтимоли мушорикати Маскав дар сохтани нерӯгоҳи бузурги барқӣ-обии Роғунро бархе аз далоили эҳтимоли адами ширкати Каримов дар нишасти Душанбе арзёбӣ мекунанд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ