18:03:25 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

КОШ КАРИМОВ БА ТОҶИКИСТОН МЕОМАД…

Соли ҷорӣ иди фитр дар арафаи таҷлили рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, ё тавре дар урфият мегӯянд, «Ид болои ид омад». Дар рӯзҳои  ҷашни ин иди  бошукӯҳ сарони як қатор кишварҳо низ ба Тоҷикистон омада, дар ҷаласаи байни давлатҳо ширкат карданд.

/images/stories/2011/09/06_islam-karimov_6.9.2011.jpgМардуми сулҳдӯсти тоҷик умеди фаровон дошт, ки дар ин нишаст бори дигар масоили муҳими минтақа матраҳ гардида, муносиботи кишварҳои мазкур боз ҳам хубтар хоҳад шуд. Вале  дар ин ҷаласа роҳбарони кишварҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Укроин ширкат накарданд. Ман гумон мекунам, ки мардуми кишварамон иштироки  сарони украинӣ ва озарбойҷониро он қадар ҳам интизор набуданд, зеро он ду кишвар аз мо дуртаранд ва пайванди ҳамҷаворӣ надоранд, гузашта аз ин, таъриху тамаддунҳоямон байни ҳам фосилаи муайянеро доро мебошад. Вале  иштироки роҳбари Ӯзбекистон, кишваре, ки аз қадим бо мо дӯсту ҳамсоя аст ва қисми зиёде аз аҳолии кишвар бо сокинони ин ҷумҳурӣ хешу таборанд, нақши муҳиме мебозид.

Муносиботи халқҳои  тоҷику ӯзбек дорои таърихи қадим буда, ин ду миллат бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Солҳои охир, бо сабабҳои номаълуме, бинобар монеаи ҷиддӣ эҷод кардани кишвари ҳамсоя дар ҳалли мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон,  риштаи дӯстии ин ду миллати дӯсту ҳамсоя мустаҳкамии худро аз даст дода, ба тирагӣ рӯ ба рӯ гардид. Сарвари кишвари ҳамсоя ҳама гуна роҳҳои созишро бо Тоҷикистон канор гузошта, дар нишастҳои на танҳо Тоҷикистон, балки дигар мамолики Осиёи Марказӣ низ иштирок намекунад.

Ба наздикӣ, рӯзноманигоре дар нишастҳо иштирок накардани  Ислом Каримро шарҳ дода, аз забони худи ӯ гуфта буд: «Дар сафарҳо сӯҳбатҳои хушку холӣ барои ман нокифоя аст, ман танҳо барои ба даст овардани натиҷаҳои мушаххас  ширкат мекунам». Ҳар як боздидҳои расмии сарони кишварҳо ҳатман ба муваффақияте нойил хоҳад гашт, баръакс, канораҷӯӣ ва дурӣ ҷустанҳо ҳосили бенатиҷа хоҳанд буд… Ман бошам, баръакс, бисёр мехостам, ки Ислом Каримов дар ин нишасти байни давлатҳо, имзои қарордодҳо, мубодилаи афкор, ҳалли масоили баҳсталаби минтақа ва дигар чорабиниҳо ширкат варзида, хотири ҷонибдорони сулҳу дӯстиро болида мегардонид.

Албатта, бо сафари ӯ ба Тоҷикистон мушкилоти иншооти бузурги иқтисодӣ мисли Роғун ва масоили захираҳои обии минтақа  ҳал нахоҳад шуд, монеаҳои дигари иқтисодӣ, аз қабили  роҳу марзу буми кишвар бетағйир хоҳанд монд, вале дар ҳар сурат, кош ӯ меомаду дар қатори дигар меҳмонон рост истода, ба назари мардум ҳамчун сардори кишвари ҳамсоя, ки нияти  бо мо дӯстию созиш карданро дорад, ҷилвагар мегардид. Вале афсӯс, боз ҳамагон сабаби иштирок накардани Каримовро ба гунае тафсир намуда, ба муносибатҳои дӯстонаи ин ду миллати ҳамҷавор бо назари шубҳа менигаранд.

Агар Ислом Каримов ба Тоҷикистон омада, дар қатори дигар сарони давлатҳо дар ин нишасти дар пешистода  ширкат меварзид, лоақал хотири ӯзбекзабонони тоҷикистонӣ, ки аз бисёр масоили ҳалношудаи кишвар нороҳатанд,  болида мегардид, дар кору меҳнат азми дучанд пайдо мекарданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки муносибати сарди ба миён омада, маҳз хотири ӯзбектаборони Тоҷикистонро бештар озурда сохта, нигарониҳои зиёдеро ба бор овардааст.  

Нафаре, ки аз ҷониби Ӯзбекистон ба ҷои Ислом Каримов дар нишасти сарони давлатҳо дар Тоҷикистон иштирок кард, низ ба муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар нигоҳи хушбинона дошт, дар матраҳ сохтани масоили ҳалталаби минтақа фаъол буд. Умедворем, ки ин  чорабинии сиёсӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳуми тарафайн сурат гирифта, сафари ҳунарии овозхони ӯзбекистонӣ Юлдуз Усмонова пешоҳанги ин иқдом гардад ва ин ду миллати ҳамҷавор мисли қадим нисбат ба ҳамдигар якдилу меҳрубон шаванд. 

Турсуной Карабоева, ҷомеашинос



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi