09:33:25 01-уми Июни 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ХОРИ ЧАШМИ ДУШМАНОНИ ТИРАЧАШМ…

Ҳафтае, ки сипарӣ гашт, барои сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмононе, ки барои таҷлили 20-мин солгарди Истиқлолияти кишварамон даъват шуда буданд, чун ҳафтаи хотирмон боқӣ хоҳад монд.

/images/stories/2011/09/15_army_ir_15.9.2011.jpgДар рӯзҳои ид мардуми шарифи ҷумҳуриамон аз тамоми дастовардҳое, ки ваҳдату истиқлол тайи 20 сол насибамон гардонид, шукргузорӣ карда, барои ояндаи дурахшони давлату миллатамон ба якдигар орзуву омолашонро баён мекарданд. Фазои сулҳу оромии кишвар,  чун неъмати бебаҳо барои ин сарзамин ато гардида, дар рӯзҳои ҷашн аз анвори фараҳу шодӣ, ки  дар атрофи парчаму нишони миллатамон танинандоз гардид, ба дили садҳо нафар ҳаммилатонамон шодию сурури беандоза бахшид.

Реҷаи низомии бошукӯҳ ва роҳпаймоиҳои мардуми заҳматкаши тоҷик ифодагари дастовардҳои беназири ин миллати шарафманд буд. Тӯли ин солҳо Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ худро чун давлати мустақили дунявӣ муаррифӣ намуда, бо чандин давлатҳо робитаҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ барқарор кард. Яке аз чунин кишварҳои ба мо дӯсту бародар, ки аз қадим дорои забону  фарҳангу адаб ва таърихи муштарак мебошад, Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки ба гуфтаи Раиси ҷумҳури ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажот: «Робитаи Эрон ва Тоҷикистон робитаи бисёр вижа ва истисноист. Дар воқеъ мо ду пора аз як пайкарем…»

Баъди ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба роҳ мондани робитаҳои хуби фарҳангию илмӣ ва иқтисодию сиёсӣ   бо кишвари Эрон, инчунин дар ҳамкориҳои  дифоӣ ва низомӣ низ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст. Дар таҷлили ҷашни 20-солагии истиқлолият наздики 150 нафар аз низомиёни Артиши Эрон дар реҷаи низомӣ аввалин бор хориҷ аз кишварашон ширкат варзиданд, ки ин баёнгари натиҷаҳои мустаҳкамии ҳамкориҳои муштараки ин ду кишвар мебошад.

Ин иқдомро вазири дифои ҶТ Шералӣ Хайруллоев дар рушди  низомии ҷониби Эрону Тоҷикистон ҳамчун нақши муассиру аҳамиятнок арзёбӣ кардааст. Гарчанде то дами вуруд ба хоки Тоҷикистон низомиёни Артиши Эрон ба монеаҳои зиёде рӯ ба рӯ гашта бошанд ҳам, вале ҳамагон шоҳид буданд, ки чӣ тавр ҳузури онҳоро ҳозирин бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол намуданд.

Монеаҳо асосан дар  самти иҷозаи убури нерӯҳои низомии Эрон аз ҷониби Ӯзбекистон ва Туркманистон ифода ёфта буд, вале ҷониби Туркманистон танҳо ба хотири  надоштани иҷоза аз Ӯзбакистон дар ин самт истодагарӣ нишон дод. Билохира, ин монеаҳо пушти сар гардида, низомиёни Артиши Эрон тавассути Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид шуданду дар ҷашни бошукӯҳ ширкат варзиданд.

Тавре ки коршиносони масоили сиёсии минтақа ба натиҷа расидаанд, ҳамкориҳои низомии байни Тоҷикистону Эрон дар баробари  ҳузури ройгони нерӯҳои Русия дар ин кишвар, ҳамчун тақвият ва пуштибоние дар риштаи амниятии минтақа хоҳад буд. Бахусус, дар замоне, ки аз ҷониби Афғонистон қувваҳои ифротгаро дар ҳоли таҳдид қарор доранд.

Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ худро ҳамчун кишвари сулҳдӯст муаррифӣ намуда, бо аксарияти кишварҳои дунё робитаҳои хуби самимӣ дорад ва ҳар иқдоми хубе, ки аз ҷониби кишваре нисбати Тоҷикистон  бардошта мешавад, танҳо ба хотири муносиботи дӯстонаву бародаронаи ватани азизамон аст.

Ҳар кишвари рақибе, ки пешравӣ, гулгулшукуфӣ ва муносибатҳои хуби Тоҷикистонро бо дигар давлатҳо дида наметавонад, бояд бидонад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар иҳотаи кишварҳои дӯст қарор дорад ва ғаразу хусуматҳои шахсии баъзе роҳбарони худкома наметавонад барои рушди ҳамаҷонибаи он монеа эҷод кунад, дар хушбахтии ҳамсоя бояд шарик шуд, на ин ки ба он бо чашми тира нигарист.

Махфират Дадабоева, ҷомеашинос



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi