10:14:06 01-уми Июни 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ХУНИ НОҲАҚ ШӮЪЛАИ ДОМОНИ ҚОТИЛ МЕШАВАД

Даҳ сол қабл, вақте қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд аз дасти журналисти «раҳгузаре» ба қатл расид, ҳамагон бо таассуф ӯро қаҳрамон ва сарсупурдаи миллати тоҷик хонда буданд. Барҳақ танҳо дӯст доштани миллат ва баҳри пойдории он мубориза бурдан, ҳанӯз маънии сарсупурдагиро надорад. Вақте инсон дар ин роҳ ҷонбозиҳо карда, омода аст баҳри ҳувияти миллату меҳан ҷони худро қурбон созад, пас инро сарсупурдагӣ меноманд.

/images/stories/2011/09/24_ustad-rabbani_24.9.2011.jpgТаърих гувоҳ аст, ки чунин фарзандони сарсупурдаи миллатҳо ҳар рӯз ба дунё намеоянд, онҳо ангуштшуморанд, вале аз ҷониби душманон ва бадхоҳони ҳар миллат пайи аз байн бурдани қаҳрамонон тадбирҳои номардона ҳамеша омода аст. Ҳанӯз доғи ҳодисаи аз дасти ноҷавонмардон кушта шудани Аҳмадшоҳи Масъуд аз қалбҳо зудуда нашуда, инак ҷаҳони форсизабонон ба талафоти навбатӣ – террори роҳбари мардумии кишвари Афғонистон, ки барои истиқлоли халқи ҷафокашидаи меҳанаш умре мубориза доштааст, устод Бурҳониддини Раббонӣ рӯ ба рӯ шуд.

Сӯиқасд бар ҷони Раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ олами Шарқу Ғарбро ба ларза овард. Аз ҷумла, дар баробари сарони кишварҳои Аврупоӣ, роҳбарони Покистон низ хашми худро аз кушта шудани Раббонӣ иброз доштаанд ва дар баёнияе эълом кардаанд. Дар он омадааст, ки аҳли Покистон аз ин ҳодиса таккон хӯрдаанд ва душманони сулҳ дар Афғонистонро масъули марги Раббонӣ медонанд.

Албатта, амалҳои шуми террористон бояд ба мардуми Покистон, бахусус роҳбарони он возеҳтар бошад, зеро онҳо аз чунин аъмоли террористон ҳанӯз чанд сол қабл бохабар буданд, ҳамин шабу рӯзҳо низ чунин амалҳои зишти куштор дар ин кишвар идома дорад. Ҳама гуна террор зишт аст, аммо агар террор бар ҷони модару кӯдак ва шахсиятҳои сарсупурдаи миллате анҷом ёбад, ин фоҷеа аст, фоҷеаи на танҳо як миллат, балки фоҷеаи минтақа аст!

Яке аз сиёсатмадорони шинохтаи минтақа, муборизи роҳи демократияи Покистон Беназир Бҳутто соли 2007 қурбонии дасти душманони миллату ватанашон гардида буд. Чандин таҳдиду сӯиқасдҳо аз ҷониби душманон дар қалби муборизи Беназир тарсу ҳаросро роҳ намедод. Ниҳоят, тани ба хун оғуштаи ин зани сарсупурдаи миллати Покистон ба душманон нишон дод, ки Бҳутто ҳаргиз таслим нашуд, балки сарбаландона ҷони худро баҳри ғояҳои ватандӯстонааш қурбон сохт.

 Чунин амали террористӣ соли 1984 нисбати ходими сиёсии Ҳиндустон, нахуствазири он кишвар Индира Ганди низ ба вуқӯъ пайваста буд. Индира Ганди низ тӯли фаъолияти сиёсии хеш бидуни тарсу ҳаросе аз оппозитсияи давлат, ҷасурона ҳастиашро ба халқу ватанаш қурбон сохтааст.

Устод Раббонӣ чанд рӯз қабл аз маргаш дар Ҷумҳурии Исломии Эрон мусулмононро ба созиш даъват карда, аз толор гуфтааст: «…биёед ҳамагон монеи кушта шудани мусалмон ба дасти мусалмон шавем ва ҳаром будани ин амалро эълом намоем…». Ин суханони пайғамбаронаи шодравон бояд минбаъд шиори ҳар яки мо бошад. Ин каломи як асилзодаест, ки фардои миллати тоҷик, идомаи тараққиётро пешгӯӣ намудааст.

Устод Раббонӣ чун мусулмони асил ин афкори қуръониро баён карду чанд рӯз баъд аз дасти ҷангҷӯён кушта шуд. Мисли ин ки қалби поки эшон чунин ҳодисаи шумро пешгӯӣ карда бошад. Дар ин бора омадааст: «Агар дастае аз мӯъминон бо якдигар ҷанг кунанд, миёни онҳо сулҳу оштиро барқарор созед…, дар байни онҳо бо камоли адлу дод сулҳу оштӣ диҳед. Ба ростӣ Худованд афроди додгарро дӯст медорад.» (Қуръон: Ҳуҷурот – 9)

Мусаллам аст, ки уламои дини ислом ин маъниро хуб медонанд, вале то ба ҳол ҳеҷ нафаре аз онҳо аз мусулмонони силоҳбадаст даъват накардааст, ки ба хотири ин гуфтаҳо амал созанд. Ҷаҳони араб рӯз ба рӯз харобу валангор шуда истодааст, озодихоҳиву қудратталабӣ, ки ду вожаи бо ҳам мутафовитанд шиори муборизон гаштаву ҳар рӯз мусулмоне сари мусулмони дигареро аз тан ҷудо мекунад. Васвасаи манфиатҷӯёни ғарб чун ғояҳои аҳриманӣ дар зеҳни онон маскан гирифта, ояҳои қуръониро билкул ба дасти фаромӯшӣ супоридаанд. Агар даъвати устод Раббонӣ ба гӯши ҳар як силоҳбадасту ҷанганда мерасид, ҷаҳон ранги дигар мегирифт.

Толибон, ки зери парчами дини мубини ислом ғояҳои иртиҷоии худро амалӣ месозанд, аз муқаддасоту ахлоқи ҳасанаи исломӣ ва рафтори ҳамидаи инсонӣ фарсахҳо дуранд. Вақте ки ёдгориҳои таърихии кишвари Афғонистон аз дасти ин қувваҳои террористӣ ба харобот мубаддал гашт, пас аз байн бурдани ходимони сиёсию ашхоси мӯътабар барои онҳо амри маъмулист. Амалҳои террористии толибон, ки исломро танҳо дар рӯи пӯшидаи занону аз ҷомеа дур сохтани онон мефаҳманд, боиси хору залил гаштани анъанаҳои аҷдодӣ ва хиёнат ба дини ислом гардидаанд.

Толибон бо тахрибкориҳову бедодгариҳояшон ҳодисаи нанговари чанд асри қабл рухдодаи таърихро такрор сохтанд. Фарқ танҳо дар онаст, ки асрҳои пеш шамшеру манҷаниқ дар дасти Чингиз буду ӯ тамоми ғановати тамаддуни тоҷикро ба нестӣ бурд. Модоме, ки миллати тоҷик чунин озмоишҳои таърихро аз сар гузаронида, то ба имрӯз побарҷост, пас ҳама гуна қувваҳои ғайр дар мубориза алайҳи ин халқи азим нотавон хоҳанд монд.  

Мутаассифона, муқовимати толибон рӯз ба рӯз шадидтар мегардад. Зиёда аз 10 сол аст, ки нерӯҳои байналмиллалӣ алайҳи онҳо дар муборизаанд, вале натиҷаи ниҳоӣ ҳанӯз ба даст наомадааст. Ба хотири бо роҳи мусолиматомез хотима бахшидан ба ин ҷанги беамон, дар Афғонистон ниҳоди «Шӯрои олии сулҳ» таъсис дода шуда, дар раъси он устод Раббонӣ интихоб гардид. Ин интихоби оқилона амри тасодуфӣ на, балки аз таҷрибаҳои таърих гирифта шуда буд. Устод Раббонӣ дар истиқрори сулҳ таҷрибаи кофӣ дошт. Сулҳу оштӣ шиори ҳамешагии ӯ гардида буд. Устод Раббонӣ, ки барои барқарории сулҳи тоҷикон заҳматҳои зиёде кашида буд, истиқрори онро чун намунаи сулҳи минтақа қабул карда буд.

Бале, замоне Тоҷикистони азизамон қурбонии ҳодисаҳои нангини ҷанги шаҳрвандӣ гардида, ҳаммиллатонамон нисбат ба якдигар кинаву адовати гӯшношунидеро дар қалбҳояшон нигоҳ медоштанд. Рӯз ба рӯз онҳо бо ҳамдигар душманӣ варзида, ҳисси бухлу кинаашон болотар мерафт. Дар ҳамин рӯзҳои тақдирсоз Устод Раббонӣ дар истиқрори сулҳу оштии байни тоҷикон яке аз нақшҳои муҳимро бозидааст. Дар таъкидҳояш ӯ сулҳро чун «гавҳараки чашм» дониста, баҳри барқарории он дар Тоҷикистон пофишориҳо кардааст.

Ин олими хирад Афғонистони ҷангзадаро барои ҳар ду ҷониб мисол оварда, онҳоро ба оштии миллӣ ҳидоят намудааст. Маҳз бо миёнҷигарии профессор Раббонӣ аввалин маротиба Президенти кишварамон бо раҳбари мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ бо мақсади сулҳу оштӣ боздид ба амал овардаанд. Аз сарчашмаҳо оиди ин қазия каломи зерини устод Раббонӣ ба устод Нурӣ дастрасамон шудааст: «-Шумо боз як бори дигар бо ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунед. Биёед, ман миёнҷӣ мешаваму мулоқотро дар ҳамин шимоли Афғонистон бигузаронед. Боварӣ дорам, ки ба натиҷаи дилхоҳ хоҳед расид…».

Устод Раббонӣ ҳамчун пуштибони сулҳи минтақа, ки аз истиқрори сулҳи тоҷикон меболид, дар паёме дар Тоҷикистон нақши амниятро низ чун сулҳу оромӣ беназир донистааст. Ӯ ба мардуми тоҷик падарона таъкид намуда буд, ки «амниятро ҳамчун як ваҷибаи динӣ ва вазифаи шаръии худ ҳифз намоянд».  

Беҳуда аз устод Раббонӣ чун «Пири Тариқат» ном намебаранд. Вожаи «тариқат» дар фарҳанг чун «роҳу равиш» ва «мазҳаб» тафсир шудааст. Дар тасаввуф бошад, «тариқат - марҳилаест расидан ба ҳақ». Профессор Раббонӣ на танҳо пири тариқат, балки пири тамоми умури сиёсию иҷтимоӣ ва зиндагӣ буд.  Ӯ на танҳо барои миллати тоҷик, балки чун Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ барои тамоми башарият, новобаста ба миллияту халқият ва адёнашон чун шахсияти маънавӣ ва ахлоқӣ қабул шудаву бузургу арҷманд буд.

Ҳақ ба ҷониби устод Мӯъмин Қаноат аст, ки ӯ Бурҳониддин Раббониро «марди бузург, олим, файласуф ва яке аз ҳакимону мардони хирадманди Афғонистон» номидааст. Бузургии устод, ҳангоми бар сари қудрат омаданаш, дар гуфтору рафтори ӯ аён буд. Ӯ бузург буд, ки маҳбуби мардуми Тоҷикистону Афғонистон гардида, бо ҳидоятҳои хирадмандонаи хеш дар қалби ҳамагон ошён гузошт.

Имрӯз, ки устод аз дасти як нохалафе ба шаҳодат расидааст, ин  на танҳо мусибати Давлати Исломии Афғонистон, балки барои мардуми Тоҷикистон низ талафоти бузургест. Миллати тоҷик ҳаргиз хизматҳои сиёсатмадори собиқадор, профессор ва олими дин, мутафаккири бузург Бурҳониддин Раббониро дар истиқрори сулҳи деринтизори тоҷикон фаромӯш нахоҳанд кард. Калому ҳидоятҳои пандомези ин пири тариқат ҳамеша дар гӯши ҳар як фарди миллатдӯсти тоҷик садо дода, баҳри амалӣ кардани он саъйу кӯшиш хоҳанд кард. Нафароне, ки нақшаи қатли ин махзани хирадро кашида ва манфиатдори марги ӯ буданд, ҳатман мукофоти амали худро хоҳанд ёфт. Беҳуда нагуфтаанд, ки:

Хуни ноҳақ шӯълаи домони қотил мешавад…

Зиёвуддини Авлиёпур



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi