23:56:57 02-уми Июни 2025 сол

РАҶАБОВ: ДАВРОНИ ХАТАРНОКИ РАЁСАТИ ПОРЛУМОН ДАР ТОҶИКИСТОН

/images/stories/2011/10/06_rajabov_safaral_2011.jpgБа эътиқоди намояндагони порлумони Тоҷикистон давраи раёсати Сафаралӣ Раҷабов дар ин ниҳоди қонунгузори кишвар бо давраи душвор ва хатарноки солҳои 1990 мусодиф будааст. Гуфта мешавад, ин шахс тавонистааст порлумонро, ки теъдоди зиёди курсиҳо дар дасти фармондеҳони Ҷабҳаи мардумии Тоҷикистон буд, бахубӣ идора кунад. Инак, чанд назар дар бораи фаъъолияти Сафаралӣ Раҷабов ба унвони раиси порлумон ва вазири маъорифи Тоҷикистон:

Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби кумунист ва намояндаи порлумон:

"Фаъолияти Сафаралӣ Раҷабов ба унвони раиси Шӯрои олӣ ё порлумони Тоҷикистон дар авосити солҳои 1990 сурат гирифт, ки он замон ҳанӯз ҷанги дохилӣ дар кишвар идома дошт ва вазъи амниятӣ дар шаҳри Душанбе вахим буд.

Фармондеҳони Ҷабҳаи мардумӣ ва афроди мусаллаҳ бо зиреҳпӯшу тонкҳо дар хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон гашт мезаданд. Шояд ба ин далел буд, ки дар интихоботи порлумонӣ дар соли 1995 теъдоди зиёди фармондеҳон пирӯз шуда ва вориди порлумон шуданд.

Дар чунин вазъият, ки дар толори порлумон намояндагон бо либоси низомӣ ва худкори Калашников ҳузур доштанд, пеш бурдани кори порлумон чандон осон набуд. Бештари намояндагони порлумон аз сухан кардан ҳарос доштанд. Ба эътиқоди ман, дар чунин шароит раёсати порлумонро ба ӯҳда гирифтан худ як навъ ҷасорат ва мардонагӣ буд.

Ҳарчанд дар давлати Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов нафари дуюм маҳсуб мешуд, аммо дар арсаи сиёсат чандон фаъол набуд ва чун чеҳраи саршиноси сиёсӣ шинохта намешуд. Аз сӯйи дигар, Сафаралӣ Раҷабов зодаи ноҳияи Файзобод буд, ки мардуми ин ноҳия дар нооромиҳои кишвар ва ҷанги дохилӣ ширкат надоштанд. Дар он солҳо, ки масъалаи буду набуди Тоҷикистон матраҳ буд, сиёсат ва масъулияти асосӣ ба ӯҳдаи раиси ҷумҳурӣ вогузор шуда буд.

Сафаралӣ Раҷабов дар ин давраи ҳассос дар паҳлӯи Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Бешак, ӯ аз камбудиву иштибоҳот орӣ набуд, аммо ман ҳоло дар ин бора чизе намегӯям. Зеро дар бораи майит сухани хуб мегӯянд ё ҳеч ҳарфе ба забон намеоранд."

Азимҷон Байзоев, коршиноси умури маъориф:

"Вақти арзёбии фаъолияти вазири маъориф бояд бурду бохти он бо ҳамтоёни пешин ё баъдини ӯ муқоиса шавад. Дар солҳои 2000 то 2005, ки Сафаралӣ Раҷабов вазири маъориф буд, барои рушди бахши маъориф имконоти молӣ маҳдуд буд, ки бо вазъи кунунии вазорати маъориф қобили муқоиса нест.

Банда он солҳо дар “Маркази дастгирии ислоҳоти маъориф”, як созмони ғайридавлатӣ фаъолият мекардам. Он замон аз созмонҳои ғайридавлатӣ ҳама ҳазар мекарданд. Аммо оқои Раҷабов нахустин вазире буд, ки созмонҳои ғайридавлатиро эътироф ва бо онҳо ҳамкорӣ кард.

Вақте ки дар соли 2003 маҷаллаи мустақилли “Мактаб ва ҷомеъа” таъсис шуд, ӯ номаи табрикӣ фиристод ва ин нома дар маҷалла мунташир шуд. Ҳар пажӯҳише, ки созмонҳои ғайридавлатӣ дар бахши маъориф анҷом медоданд, мавриди таваҷҷӯҳи ӯ қарор мегирифт.

Маҳз дар ҳамон солҳо маркази мо дар бораи ҳусну қубҳи истифода аз нерӯи кори бачаҳо дар пахтазор пажӯҳише анҷом дода буд. Ин пажӯҳиш ба забонҳои тоҷикӣ ва инглисӣ чоп шуд. Вазири маъориф бар асоси ин пажӯҳиш ба ислоҳоти мавҷуд дар ин замина иқдом кард. Он сол мусаввабаи давлати Тоҷикистон дар бораи манъи ҷалби мактаббачаҳо ба парвариш ва ҷамъоварии панба тасвиб шуд, то ин кор ба ҷараёни таълим халал ворид накунад.

Дар масъалаи ҷалби мутаххасисони худӣ дар бахши маъориф талош мекард. Вақте китоби банда дар бораи забони тоҷикӣ барои инглисизабонҳо дар Ландан ва Ню-Йурк мунташир шуд ва як нусхаи онро ба вазир тақдим кардам, аз ман хоҳиш кард, ки ба таҳияи барномаи забони тоҷикӣ барои мактабҳои ғайритоҷикӣ кумак ва ҳамкорӣ кунам. Ман қабул кардам ва чунин як барнома таҳия шуд.

Сафаралӣ Раҷабов ба таъмини китобҳои дарсӣ дар мактабҳо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дошт. Маҳз дар ҳамон солҳо системи иҷораи китобҳои дарсӣ дар мактабҳо ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои чопи кутуби дарсӣ оғоз шуд. Аммо ба хотири чопи кутуби дарсӣ дар хориҷ ӯ мавриди интиқод қарор гирифт.

Он замон чопхонаҳои Тоҷикистон тавони чопи кутуби босифат ва ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалиро надоштанд. Бино бар ин, кутуби дарсӣ дар чопхонаҳои Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Русия чоп мешудангд. Ҳадафи аслии Сафаралӣ Раҷабов ин буд, ки дар мактабҳо кутуб ва устодон таъмин шаванд.

Пас таъйини ӯ ба мақоми вазири маъориф сару садоҳо дар бораи собиқаи корӣ дар арсаи маъориф надоштани ӯ зиёд буд. Мегуфтанд ки чи гуна ин шахс метавонад вазири маъориф шавад. Аммо фаъолияти баъдии ӯ нишон дод, ки шахси эҷодкор ва ташаббускор буда ва метавонист тамоми нерӯю василаро барои иҷрои нақшаву барномаҳои маъориф сафарбар кунад."

Сайидумар Ҳусайнӣ, намояндаи порлумон аз ҲНИТ:

"Дар ибтидо банда дар Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии Маҷлиси намояндагони порлумон, ки раёсати онро Сафаралӣ Раҷабов ба ӯҳда дошт, фаъолият доштам. Дар муддати шаш моҳи фаъолият дар ин кумита Сафаралӣ Раҷабовро як шахси дар кори худ фаъол ва кордон дарёфтам. Дар муқоиса бо соири раисони кумитаҳои порлумон эшон кордонтар ва ҷиддитар дар кори худ буд.

Агар ӯ дарк мекард, ки қонун ё қарорҳое ба манфиъати миллат аст, барои қабули онҳо пойфишорӣ мекард. Масалан, дар даъвати қаблии порлумон мавзӯъи боло бурдани синни издивоҷ аз 17 то 18 сол матраҳ шуд, аммо оқои Раҷабов бо ин пешинҳод шадидан мухолифат нишон дода буд. Дар натиҷа, пешнависи ин тағйирот дар иҷлоси порлумон баррасӣ нашуд.

Чун ин мавзӯъ дар паёми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба порлумон матраҳ гардид, дар даъвати баъдии порлумон ин тағйирот баррасӣ ва тасвиб гардид. Бархе ба ин назаранд, ки Сафаралӣ Раҷабов дар иҷлоси порлумон фаъол нест. Бояд таъкид кард, ки дар порлумони феълӣ на танҳо Сафаралӣ Раҷабов, балки бештари намояндаҳо чандон фаъол нестанд. Онҳо умдатан хомӯш ҳастанд.

Чунин ба назар мерасад, ки фаъол будан дар порлумон аз маҳбубият надоштани намоянда дарак медиҳад. Шояд ба ҳамин далел, ӯ вориди баҳсҳо намешуд. Аммо дар баррасии пешнависи қонуну қарорҳо дар ҷаласаҳои кумита хеле фаъол буд. Ҳар ҳафта дар кумита ҷаласа доир мекард ва масоили марбутаро матраҳ мекард, ки чунин вазъ дар бештари кумитаҳо дида намешавад."

Иброҳим Усмонов, устоди донишгоҳ ва сиёсатмадори маъруф:

"Сафаралӣ Раҷабов аз сиёсатмадорони нав ва бо ақоиди ҷадиди сиёсӣ дар Тоҷикистон буд. Бо афкори нави худ дар интихоботи порлумонии соли 1990 вай бар рақиби худ аз ҳизби нерӯманди кумунист пирӯз шуд. Фаъолияти ин порлумон ба вазъи ноором дар Тоҷикистон ҳамзамон омад ва оқои Раҷабов аз ҳеч ҷоиниби даргир пуштибонӣ накард. Шояд ба ҳамин далел, ва намояндаи минтақаи Рашт будани ӯро ба назар гирифта, Сафаралӣ Раҷабовро дар соли 1995 ба симати раиси порлумон пешниҳод карданд.

Порлумони он солҳо касбӣ набуд ва иҷлоси он дар як сол ду ё се маротиба баргузор шуда ва дар иҷлос раиси ҷумҳурӣ ва сафирони кишварҳои хориҷӣ ширкат мекарданд. Дар ин порлумон чанд қонуни муҳим, аз ҷумла, қонун дар бораи аҳзоби сиёсӣ, тасвиб шуд, ки дар кишварҳои шӯравии пешин бесобиқа буд ва фаъолияти ҳизби асоси динӣ доштаро низ иҷоза медод.

Дар иҷлоси порлумон таҳти раёсати Сафаралӣ Раҷабов ва бо ширкати муъовини дабири кулли СММ раванди музокироти сулҳи Тоҷикистон баррасӣ шуд, ки ин аз ҳаводиси муҳими сиёсӣ дар он солҳо маҳсуб мешуд. Ба андешаи ман, ин порлумон рисолате, ки таърих дар наздаш гузошта буд, иҷро кард ва дар ин кор саҳми Сафаралӣ Раҷабов назаррас аст."

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854