РАҲМОН ДАР ҚИБОЛИ МЕДВЕДЕВИ “ЭҲСОСӢ” ВА ПУТИНИ “САХТГИР”
Қарор аст, дар авосити моҳи декабр Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Русия сафар кунад. Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, оқои Раҳмон дар ҳамоиши ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ҳамсуд, Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Уруосиё ширкат мекунанд.
Ин нахустин сафари Президент Раҳмон ба Русия баъд аз қазияи халабонҳо хоҳад буд, ки ба эътиқоди соҳибназарон, дар равобити миёни ду кишвар латмаи ҷиддие ворид кардааст. Коршиносон мегӯянд, ки дар мулоқоти оқои Раҳмон бо раҳбарони Русия ҳатман мавзӯъи беҳбуди равобити миёни ин ду кишвар матраҳ хоҳад шуд. Ҳарчанд, Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, бар ин бовар аст, ки “ин равобит дар асл чандон бад нестанд.”
Вале бо дарназардошти паёмадҳои қазияи халабонҳо ва интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия дар моҳи марти соли оянда, ҳоло ин мавзӯъ матраҳ аст, ки оё баъд аз интихоби муҷаддади Владимир Путин ба симати раёсати ҷумҳурӣ, равобити миёни Тоҷикистон ва Русия тағйир хоҳанд ёфт ё хайр?
Сиёсати ғайримантиқии Медведев
Сӯҳроб Шарипов мегӯяд, бо интихоби Путин ҳамчун президент равобити миёни ду кишвар наҳваи мушаххасе касб хоҳад кард, Ба бовари ӯ дар тӯли раёсати ҷумҳурии Дмитрий Медведев равобит миёни Тоҷикистон ва Русия пайдарҳамӣ ва мантиқ камтар доштааст.
Оқои Шарипов афзуд: "Сиёсати Русия дар ин солҳо дар қиболи Тоҷикистон бештар эҳсосӣ буд. Фикр мекунам, дар замони раҳбарии Путин муносибат мушшхастар ва пайгиронатар шавад. Паси ҳар як иқдом натиҷаи мушахассеро хоҳем дид. Чунин муносибат барои давлати Тоҷикистон низ хуб хоҳад буд. Путин дар нисбати Тоҷикистон сиёсати амалгароёнаро рӯйи даст хоҳад гирифт."
Ин дар ҳолест, ки дар тобистони соли ҷорӣ, оқои Шарипов дар як нишасти матбуъотӣ изҳор дошта буд, ки барои Тоҷикистон фарқ нахоҳад дошт, ки раиси ҷумҳури Русия кӣ интихоб мешавад. Зимнан, ин таҳлилгари тоҷик он замон аз наҳваи интихоботи Русия интиқод карда ва гуфта буд, “магар интихоб миёни ду номзад демукросӣ аст? Ин як низоми худкома аст.”
Медведев ва Путин ба маънӣ як аст
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, низ мегӯяд, ки наҳваи раҳбарӣ ва сиёсати Дмитрий Медведев ва Владимир Путин маънои ҳамгун дорад ва аз тағйири симати онҳо равобити Тоҷикистону Русия чандон тағйир нахоҳад ёфт.
Вай мегӯяд: "Сардӣ дар равобит миёни ин ду кишвар омилҳои воқеъӣ дошта ва ба шахсияти ин ду нафар рабте надоранд. Ҳатто, агар Медведев барои дуввумин бор раиси ҷумҳур боқӣ мемонд, боз ҳам сиёсати хориҷаи оқои Путинро идома медод.”
Ҳарчанд оқои Муллоҷонов бар ин назар аст, ки Владимир Путин сиёсатмадори сахтгир аст ва дар оянда аз Тоҷикистон "тақозоҳои сангин хоҳад кард." Вай гуфт: “Ҳоло мақомоти баландпояи Русия сиёсати эҳёи нуфузи худ дар қаламрави кишварҳои собиқи шӯғравиро рӯйи даст доранд. Агар давлати Тоҷикистон аз сиёсати русигароӣ даст кашида дар сиёсати бисёрқутбӣ зиёдаравӣ кунад, Русия алайҳи метавонад фишорҳои фаровоне алайҳи ҳукумати Тоҷикистон эъмол кунад. Аммо дар маҷмӯъ, баъид аст ки тағйироти ҷиддие дар ин равобит рух диҳад. “
Бо ин вуҷуд, Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, тӯли чаҳор соли ахир мақомоти тоҷик дар ҳамкорӣ бо оқои Медведев аз лиҳози равонӣ фишори камтар доштанд, зеро оқои Медведев сиёсатмадори ба истилоҳ "нарм" арзёбӣ мешавад.
Русия: шумо бо кӣ ҳастед?
Давлат Усмон, сиёсатшиноси тоҷик таъкид дорад, ки барои Тоҷикистон фарқ надорад, ки дар Русия кӣ сари қудрат меояд. Вай мегӯяд: «Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар Тоҷикистон сиёсатҳои худро бар пояи манофеъи истротежики худ роҳандозӣ мекунад. Агар Тоҷикистон нисбат ба Русия тамоюли бештаре нишон диҳад ва аз манофеъи истротежики Русия дар ин ҷо ҳимоят кунад, имкон дорад пас аз раиси ҷумҳурӣ шудани Владимир Путин, равобити ду кишвар беҳбуд меёбад».
Вале, ба эътиқоди оқои Усмон, агар давлати Тоҷикистон дар чорчӯби сиёсати бисёруфуқии хориҷии худ идома дода ва дар баробари Ғарбу Чин ба Русия - "бародари бузург" таваҷҷӯҳи камтар кунад, равобити миёни ду кишвар дар ҳамин сатҳ боқӣ мемонад. Давлат Усмон муътақид аст, ки дар оянда давлати Тоҷикистон бо ҳамон кишваре шарик хоҳад буд, ки метавонад мушкили равобити миёни Душанбе ва Тошкандро ҳал кунад.
Дар ҳамин ҳол, Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, ҳушдор медиҳад, ки агар Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия шавад барои идомаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон суолро ин гуна матраҳ хоҳад кард, ки "Оё Тоҷикистон бо Русия аст ё алайҳи Русия?"
Оқои Мамадазимов афзуд: "Агар Тоҷикистон бигуяд, ки бо Русия аст, равобит хуб хоҳад шуд. Вале, агар мо посухи рад бидиҳем ё дар ҷустуҷӯи посух ба ин савол вақти бештар сарф кунем, ҷониби Русия метавонад алайҳи Тоҷикистон иқдомҳое рӯйи даст бигирад, ки намунаҳояшро ба дунболи қазияи халабонҳо мушоҳида кардем".
Наҳваи кори Путин - танҳо фишор
Зимнан, Владимир Путин шояд танҳо аз мақомоти баландпояи Русия буд, ки дар мавриди қазияи халабонҳои зиндонӣ дар Тоҷикистон изҳори назар накард. Ҳарчанд, ба эътиқоди Нуралӣ Давлат, таҳлилгари тоҷик, "оқои Путин худ дастандаркори аслии ин қазия аст."
Вале, ба гуфтаи оқои Давлат, Владмир Путин дар ҷараёни ин қазия хостааст “паси парда боқӣ монад.” Вай афзуд: “Ӯ нахост, ки қабл аз интихобаш ба симати раиси ҷумҳурии Русия мавқеъи худ дар қиболи Тоҷикистонро рӯшан созад. Путин ба Тоҷикистон танҳо фишорро раво мебинад. “
Ба гуфтаи Нуралӣ Давлат, оқои Путин дар фаъолияташ ҳамеша танҳо аз фишор истифода мекунад ва ҳаргиз ба созиш алоқамандӣ нишон намедиҳад. Вай мегӯяд: "Ҳарчанд, мавориде дар гузашта буданд, ки вай ночор шуда буд. Аммо дар қиболи Тоҷикистону Қирғизистон Путин ҳаргиз гузаште накардааст ва нахоҳад кард. Вай танҳо ба хотири тамдиди замони ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистон, нахост дар мавриди қазияи халабонҳо изҳори назар кунад."
Дар ҳамин ҳол, бештаре аз соҳибназарон бо дарназардошти талошҳои Омрико барои тақвияти нуфузашон дар Осиёи Марказӣ мегӯянд, ки Русия водор хоҳад шуд сиёсатҳои худ дар минтақаро таҷдиди назар кунад ва аз наҳваи нармтаре истифода кунад. Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё Путини “сахтгир” наҳваи “нармтари” сиёсати хориҷиро тарҷеҳ хоҳад дод ё хайр?
Би-Би-Си