ҲСДТ РАИС ИНТИХОБ МЕКУНАД. ПУШТИ ДАРҲОИ БАСТА
Анҷумани дувоздаҳуми Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Душанбе пушти дарҳои баста ҷараён дорад. Хабарнигори мо мегӯяд, ҳатто ин бор ба рӯзноманигорон иҷоза нашудааст, то ҷараёни анҷумани ин ҳизби мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро аз наздик назорат бикунанд. Аммо Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, дар суҳбат ба хабарнигори мо гуфтааст, Алим Шерзамонов, раҳбари ин ҳизб дар Бадахшон, ба далели дучори сонеҳа шуданаш натавонист дар анҷуман ширкат бикунад.
Дар ин анҷумани Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гузориши Шӯрои сиёсии ин ҳизб шунида шуда, вакилони анҷуман Низомномаи нави ҲСДТ-ро баррасӣ ва қабул хоҳанд кард. Ҳамчунин дар ин анҷуман раҳбари нави ҲСДТ интихоб ва дар бораи тағйирот дар сохтор ва фаъолияти ин ҳизб тасмимҳо гирифта хоҳад шуд.
Қарор аст, дар анҷумани 12-уми Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон барномаи кории ин ҳизб барои чаҳор соли оянда низ тасвиб шавад. Анҷумани 12-уми Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки бояд рӯзи 26-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор мешуд, ба далели банд будани роҳ дар гарданаи Шаҳристон ба чаҳоруми декабр гузошта шуд.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ҳизби мухолифи ҳукумати ин кишвар, моҳи марти соли 1998 дар Вазорати адлия сабти ном шудааст. Масъулони ин ҳизб мегӯянд, дар ҳоли ҳозир бештар аз 7 ҳазор нафар узвияти ин ҳизби сиёсиро доранд.
Ин ҳизб замоне ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки Раҳматилло Зоиров, раҳбари ин ҳизб, он вақт ба унвони мушовири ҳуқуқии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолият мекард. Оқои Зоиров пас аз сабтиноми ҳизбаш дар Вазорати адлия аз мушовирии раисиҷумҳури Тоҷикистон истеъфо дод ва ба фаъолияти худ ҳамчун раиси ҲСДТ идома дод.
Ин ҳизб дар интихоботи порлумонии солҳои 2005 ва 2010 иштирок кард, вале аз курсиҳои порлумон бенасиб монд. Масъулони Кумиссиюни интихбот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин ду интихобот ҲСДТ раъйи ками мардумро ба даст овардааст. Иддаое, ки Раҳматилло Зоиров борҳо онро рад карда ва баръакс мақомотро ба таққалуб дар интихобот муттаҳам намудааст.
«Озодӣ»