СӮҲРОБ ШАРИФОВ: ТОЛИБОН ОСИЁИ МАРКАЗИРО ТАҲДИД НАМЕКУНАНД
Ҷунбиши Толибон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистону Ӯзбакистон ҳаргиз ҳамла нахоҳад кард. Ин нуктаро Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 8 декабр зимни суханронӣ дар кунфронси байналмилалии “Афғонистон, Покистон, Осиёи Марказӣ: падидаҳои нави сиёсӣ-минтақавӣ” дар шаҳри Душанбе иброз дошт.
Вай фаъъолияти гурӯҳу созмонҳои ба гуфтаи ӯ махфии исломӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро таҳдиде ҷиддӣ барои амнияти минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон дар соли 2014 хонд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, мақомоти зирабт ва коршиносони аршади Русия мукарраран кишварҳои Осиёи Марказиро аз таҳдиди эҳтимолии ҷунбиши Толибон пас аз хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон бим медиҳанд.
Оқои Шарифов гуфт, ки дар сурати ба қудрат расидани қунбиши Толибон дар Афғонистон низ хатари ҷиддӣ амнияти кишварҳои Осиёи Марказиро на аз хориҷ, балки аз дохили ин кишварҳо таҳдид хоҳад кард. Ӯ Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ва соири созмону гурӯҳҳои ғайриқонунии мазҳабиро аз авомили чунин таҳдид арзёбӣ кард ва гуфт, ки мумкин аст ин гурӯҳҳо пас аз хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон бештар фаъъол шаванд.
Зимнан, ин ҳамоиш ба ибтикори Маркази мутолеъоти истротежии Тоҷикистон ва Сандуқи Роза Лукзембурги Олмон баргузор шуда ва дар он суфаро ва коршиносон аз Олмон, Фаронса, Афғонистон, Русия, Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат доштанд.
Дар ҳамин ҳол, Волфганг Герке, намояндаи Бундестаг ё порлумони Олмон, хостори хурӯҷи сареъи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон шуда ва гуфт, ки бар асоси назарсанҷиҳо беш аз 50 дар сади пурсидашудагон дар як назарпурсӣ дар Олмон бо ҳузури баъдии ин кишвар дар Афғонистон мухолифат кардаанд. Ба эътиқоди оқои Герке, НОТУ дар амалиёти алайҳи терурисм дар Афғонистон ноком шуда ва ҳоло фурсат барои тағйири истротежии кишварҳои ғарбӣ дар ин кишвар фаро расидааст.
Ӯ бозсозии иқтисоди Афғонистон ва эҷоди машоғил дар ин кишварро аз роҳҳои муассири мубориза бо терурисм хонда ва гуфт, ки агар кишварҳои узви НОТУ маболиғро на барои ҷанг, балки барои бозсозии иқтисоди Афғонистон сарф мекарданд, ин амр ба шикасти терурисм мунҷар мешуд. Намояндаи порлумони Олмон гуфт, ки бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, дар ҷараёни амалиёти алайҳи терурисм дар Афғонистон Олмон 17 милёрд юру ва Омрико беш аз 1,2 трилюн дулор сарф кардаанд.
Гуфта мешавад, феълан дар Афғонистон 130 ҳазор нерӯи НОТУ, беш аз 100 ҳазор кормандони амниятӣ барои таъмини амнияти персуноли ғайринизомии хориҷӣ ва беш аз 100 ҳазор сарбозу афсари артиши афғон алайҳи гурӯҳҳои шӯришӣ дар Афғонистон мубориза мекунанд, аммо то ҳол пирӯзӣ ба даст наовардаанд.
Коршиносони олмонӣ дар ин ҳамоиш аз мусоҳибаи Михаил Горбачёв, раиси ҷумҳурии пешини Иттиҳоди Шӯравӣ, бо яке аз нашрияҳои бонуфузи Олмон ёдовар шуданд. Дар ин мусоҳиба оқои Горбачёв бо истинод ба таҷрубаи талхи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанги Афғонистон гуфтааст, ки НОТУ ҳеч гоҳ дар Афғонистон пирӯз нахоҳад шуд. Михаил Горбаёв аз нерӯҳои НОТУ даъват кардааст, ки ҳарчи зудтар аз Афғонистон хориҷ шаванд.
Би-Би-Си