00:31:44 11-уми Июни 2025 сол

САФАРИ ТӮЛОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. АЗ ОЛМОН ТО РУСИЯ

Рӯзи душанбе, 12 декабр, боздиди серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз Олмон оғоз меёбад. Интизор меравад, дар ҷараёни ин боздид президент Раҳмон бо Кристиан Вулф, раисиҷумҳур ва Ангела Меркел, нахуствазири Олмон дидору гуфтугӯ анҷом диҳад.

/images/stories/2011/12/11_safari-olmon_2011.jpgМулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони Бундестаг, маҷлиси Олмон, низ дар назар гирифта шудааст. Президент Раҳмон бо соҳибкорон ва раҳбарони корхонаҳои бузурги Олмон ҳам мулоқот ва дар ҳузури онҳо суханронӣ хоҳад кард. Дар поёни ин мулоқот имзои чанд санади муҳими ҳамкории ҷонибҳо пешбинӣ шудааст. Дар ин боздид раисиҷумҳурро Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳамроҳӣ хоҳад кард.

Баъд аз анҷоми боздид аз Олмон боздиди расмии серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон аз Украина оғоз мешавад. Сипас, рӯзҳои 19-20 декабр раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои муштаракулманофеъ, ЕврАзЭС ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба Маскав сафар мекунад. Дар нишасти Маскав натиҷаҳои 20 соли кори Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ баррасӣ мешавад.

Ин нахустин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав дар пайи қазияи ҳукми халабонҳои ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД”-и Русия аст, ки боиси таниши тунде дар равобити Душанбеву Маскав шуд. Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ду халабони ширкати русиро ба убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва нақзи меъёрҳои байнулмилалӣ ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум карда буд, дубора таҳти фишори Маскав онҳоро афв намуд.

Маскав ба дунболи ҳабси ду халабони ширкати "Ролкан" ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия оғоз намуд. Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар он шабу рӯз боздошт шуданд, вале пас аз раҳоии халабонҳо гуфта мешавад, ин фишор коҳиш ёфтааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854