МН: ТОШКАНД "МУҲОСИРАИ ИҚТИСОДӢ" РОҲАНДОЗӢ КАРДААСТ
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, ду вилояти Тоҷикистон дар муҳосираи иқтисодии Узбакистон мондаанд. Дар муроҷиати МН Тоҷикистон ба порлумони Узбакистон таъкид шудааст, ки дар як моҳи пас аз тахриби роҳи оҳани Узбакистон дар қитъаи Амузанг зиёда аз 320 вагони самти Тоҷикистон дар ин ҷо дармондаанд, ки бахше аз онҳоро маводи мавриди ниёзи аввалияи аҳолӣ ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки мақомоти Тошканд ба тармими ин бахш аз роҳи оҳан шитоб надоранд, вилоятҳои Хатлон ва Бадахшони Тоҷикистон, бино бар изҳороти Маҷлиси намояндагон дар "муҳосираи иқтисодӣ" қарор гирифтаанд.
Гуфта мешавад беш аз бист қатори ҳомили маводи ғизоӣ ва кӯмакҳои башардӯстонаи кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ барои Тоҷикистон дар марзи Узбакистон гир мондааст. Вакилони маҷлис дар номаи дастҷамъонаи худ ба унвони порлумони кишвари ҳамсоя аз он низ изҳори нигаронӣ кардаанд, ки бахши умдае аз амволи вагонҳои дармонда кори ширкатҳои байнулмилалии Ҷопон, Эрон ва Туркияро дар Тоҷикистон ба мушкил рӯбарӯ кардааст ва инчунин қисме аз вагонҳо барои интиқол ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон низ дар Амузанги Узбакистон бозмондаанд.
Ёдовар мешавем, ки 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар қитъаи роҳи оҳани “Ғалаба”-Амузанг, ки минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистону Узбакистонро ба ҳам мепайвандад, як пул хароб шуда, ба ин далел ҳаракат дар ин самт қатъ гардид. Мақомоти Узбакистон таркиш дар роҳи оҳани миёни Тирмиз ва Қӯрғонтеппаро “амали террористӣ” унвон карданд. Бар асари инфиҷор касе кушта ё захмӣ нашуда, вале роҳи оҳан дар қитъаи “Ғалаба”-Амузанг тахриб ва ғайри қобили истифода шуда буд.
Бино ба маълумоти хадамоти иттилоотии ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари», айни замон шумораи вагонҳои таҷаммуъкарда дар ин минтақа ба садҳо расидааст. Ширкати роҳи оҳани Узбакистон гуфтааст, ки қаблан ба ҳадафи рафъи ин мушкил мақомоти роҳи оҳани Узбакистон чанд маротиба ба ҳамтоёни тоҷики худ пешниҳод карда буданд, аз хатсайри байнидавлатии Қудуқли колоҳои худро интиқол диҳанд, вале аз ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ посухе дарёфт накардаанд..
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷониби Узбакистон мегӯяд, қитъаи роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа ба дарозии 218 километр, ки ҳанӯз дар соли 1974-ум мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ҳоло барояш фоидаовар нест. Соли гузашта мақомоти роҳи оҳани Узбакистон дар номае унвонии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” исрор карда буданд, ки фаъолияти ин қитъаи роҳи оҳан аз лиҳози иқтисодӣ судовар нест ва бояд баста шавад. Ҷониби Тоҷикистон чунин пешниҳодро напазируфта, изҳор дошта буд, ки омода аст махориҷи фаъолияти ин роҳро ба зиммаи худ бигирад.
«Озодӣ»