12:25:02 10-уми Июни 2025 сол

Э.РАҲМОН ДАР РУСИЯ. САФАРИ МУШКИЛ ПАС АЗ ҚАЗИЯИ ХАЛАБОНҲО

Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишастҳои ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ ба Маскав рафт. Дар ҳоле ки нишасти умумии президентҳои 11 кишвари узв дар Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ба 20-умин солгарди таъсиси ин эътилоф бахшида шудааст, онҳо дар гурӯҳҳои гуногун дар чаҳор саммит ширкат меварзанд.

/images/stories/2011/12/19_rahmon_medvedev_191211.jpgРӯзҳои душанбе ва сешанбе нишасти сарони Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё бо ширкати президентҳои Русия, Беларус ва Қазоқистон ва Ҷомеаи ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё бо изофаи раҳбарони Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷараён хоҳад гирифт. Ҳамчунин нишасти сарони кишварҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор хоҳад шуд, ки Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба он шомиланд.

Ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ раҳбарони кишварҳои узви ОДКБ ҳамкориҳои низомӣ, вокуниш ба  ҳолатҳои изтирорӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва терроризмро баҳс мекунанд. Сергей Приходко, ёвари раисиҷумҳури Русия, гуфтааст, ки дар ин ҳамоиш инчунин мавзӯи ҳамлу нақли молу коло, кадрҳо ва муқобила бо хатару таҳдидҳое, ки аз самти Афғонистон вуҷуд дорад, баррасӣ хоҳад шуд. 

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишастҳо бо ҳамтои руси худ Дмитрий Медведев аввалин бор пас аз бӯҳрони марбут ба ҳукми халабонҳои рус дар Тоҷикистон ва боздошти дастҷамъонаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мулоқот мекунад. Аммо гуфтушуниди алоҳидаи онҳо дар назар нест, дар ҳоле ки Медведев қарор аст, бо президентҳои Украина ва Қирғизистон нишастҳои ҷудогона хоҳад дошт.

Ин нахустин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар пайи қазияи халабонҳои ширкати русии “Ролкан Инвестмент ЛТД” аст, ки боиси таниши тунде дар равобити Душанбеву Маскав шуд. Русия ба дунболи ҳабси ду халабони ширкати "Ролкан" дар Тоҷикистон ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламраваш оғоз намуд. Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар он шабу рӯз боздошт шуданд.

Дар пайи пофишориҳои Маскав моҳи ноябри соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ду халабони ширкати русиро ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва нақзи меъёрҳои байнулмилалӣ ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум карда буд, маҷбур шуд, онҳоро афв намояд.

Дар тӯли як моҳе, ки равобити Душанбеву Маскав ба бӯҳрон печида буд, сафири Русия дар Тоҷикистон ду бор ба Вазорати умури хориҷӣ даъват шуд. Ҷониби Тоҷикистон он вақт ҳама баёния ва шарҳи қазияи халабонҳо аз сӯи расона ва афроди саршиноси Русия, аз ҷумла изҳороти раиси “Роспотребнадзор” ва сарпизишки санитарии ин кишвар Геннадий Онишенкоро беасос хонд. Онишенко гуфта буд, ки бояд вуруди тоҷиконро ба Русия манъ кард, зеро бемориҳои вогир, аз ҷумла сил ва СПИД дар байни онҳо зиёд аст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854