“БАҲСИ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ВА ИХТИЛОФИ ТУРАҶОНЗОДАҲО ВА ШӮРОИ УЛАМОИ ИСЛОМӢ”
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос, мегӯяд, ки ӯ ва бародаронаш алайҳи масъулони Шӯрои уламои дини Тоҷикистон ба додгоҳ иқомаи даъво кардаанд. Онҳо масъулини ин шуроро ба тавҳин ва таҳрики хусумати мазҳабӣ ва адами таҳаммулпазирӣ муттаҳам мекунанд.
Иқомаи даъво тавассути бародарон Тураҷонзодаҳо ба дунболи нашри баёнияи Шурои уламои исломии Тоҷикистон, ки онҳоро муттаҳам ба баргузории маросими мазҳабии Ошуро карда буд, сурат мегирад. Ин шуро гуфта буд дар масҷиди таҳти назари бародарон Тураҷонзодаҳо маросими Ошуро ба гунае, ки онро пайравони мазҳаби шиъаи ислом баргузор мекунанд, анҷом шудааст.
Бародарон Тураҷонзодаҳо ин иддаъоро рад кардаанд ва гуфтаанд дар он рӯз аз таърихи кушта шудани имом Ҳусайн ёд кардаанд, ки ин амр ихтилофе бо мазҳаби суннии ислом надорад. Дар Тоҷикистон аксари мусалмонон пайравони мазҳаби суннии ислом ҳастанд.
Ба дунболи ин баёния Кумитаи дини Тоҷикистон фаъолияти масҷиди ҷомеъаи “Мадрасаи Муҳаммадия”-ро ки дар ноҳияи Ваҳдат воқеъ аст, қатъ кард ва Нуриддин ва Маҳмудҷон Тӯраҷозодаҳо, имом-хатибони ин масҷидро аз симаташон сабукдӯш кард.
Ҳамчунин гузоришҳои мухталифи расида аз ноҳияи Ваҳдат, ҳокӣ аз боздошти иддае аз пайравони мазҳабии Тӯраҷонзодаҳо дар ин ноҳия будааст. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, руҳонии саршинос ва яке аз раҳбарони мухолифини собиқи исломии Тоҷикистон, ки муддате муъовини нахуствазири ин кишвар низ буда, аз сиёсатҳои давлат ба хусус дар масоили иқтисодӣ ва мазҳабӣ интиқод кардааст.
Ҳамоиши рушди таҳаммулпазирӣ
Ихтилофоти миёни хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ва Шӯрои улумои дин ва кумитаи дини Тоҷикистон имрӯз дар анҷумане зери унвони “Мусоъидат ба рушди таҳаммулпазирӣ ва пешгирии ифротгароӣ дар миёни ҷавонон: таҷрибаи Тоҷикистон” низ матраҳ шуд.
Ҳарчанд ин ҳамоиш сирф барои баррасии масоили ҷавонон ихтисос ёфта буд, вале дар ҷараёни он иддае аз суханронон ба ҳангоми баррасии мавзӯъи ихтилофоти назарҳои мазҳабӣ дар ҷомеъаи имрӯзӣ дар Тоҷикистон аз ин мушкил низ ёдовар шуданд.
Абдуллои Раҳнамо, корманди Маркази таҳқиқоти истротежии Тоҷикистон, мегӯяд, ки таҳаммулпазирӣ натаҳо бояд дар муносибот бо ҷавонони мазҳабӣ рушд кунад, балки таҳаммулпазириро бояд раҳбарони давлатӣ ва бузурсолон низ биёмӯзанд.
Оқои Раҳнамо мегӯяд, ки раҳбарони ниҳодҳои давлатии мазҳабӣ ва афроди рӯҳонии ботаҷриба низ ниёз ба омӯзиши онро доштаанд. Ӯ афзуд: “Мо мушкили мазҳабӣ надорем, мазҳаби мо бурдбор ва ахлоқи баланд дорад, вале душвории аслии ҷомеъаи Тоҷикистон заъф дар расонидани он ба мардум аст, зеро мо теъдоди зиёди рӯҳониёни заъиф ва камсавод дар мазҳаб дорем.”
Ба гуфтаи вай ҳамчунин сокинони ба истилоҳ рӯшанфикри Тоҷикистон низ мазҳабро хуб дарк намекунанд ва аз таърихи он иттилоъи андаке доштаанд. Аз сӯйи дигар омӯзиши дин ва таърихи он дар макотиби ҳамагонӣ ва донишгоҳҳои Тоҷикистон низ ба монанди даврони Шӯравӣ ҳамчунон дар сатҳи нокофӣ қарор доштааст.
Дар чунин вазъият саволи матраҳ ин аст, ки бидуни донистани амиқи дини ислом ва таърихи он оё ҷавонон дар Тоҷикистон метавонанд ба ҳангоми гароиш ба мазҳаб ба ифрот рӯй наоваранд. Тафовути анҷумани “Мусоъидат ба рушди таҳаммулпазирӣ ва пешгирии ифротгароӣ дар миёни ҷавонон”, ки рӯзи душанбеи 19 декабр дар Душанбе доир шуд, аз ҳамоишҳои мушобеҳ дар он буд, ки теъдоди зиёди ҷавонони зери синни 25 сол дар он ширкат доштанд.
Ҳамчунин дар ин ҳамоиш ҷавонон як барномаи вижаи ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ дар миёни ҷавононро, ки дар вилояти Суғд роҳандозӣ шудааст, барои ҳозирон муъаррифӣ карданд. Аммо бархе аз коршинсон бар ин ақидаанд, ки нишасти имрӯз ва ҳамоишҳои қаблӣ дар мавзӯъоти мухталиф дар Тоҷикистон бо зиндагии воқеъии ҷомеъаи имрӯзӣ дар Тоҷикистон тафовути зиёд доранд.
"Сабаби аслии ифротгароӣ тавзеъи ғайримунсифонаи манобеъ аст"
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар ҷомеъаи Тоҷикистон ҳамзамон чанд раванд, аз ҷумла гароиш ба мазҳаб ва ифротгароӣ рушд мекунанд.
Вай афзуд: “Дар Тоҷикистон набояд гароиш ба исломро бо ифротгароӣ авазӣ гиранд. Зеро гароиш ба ислом ин як раванди табиӣ аст. Бавижа баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ин раванд рушд кард. Вале ифротгароӣ танҳо ба мазҳаб бастагӣ надорад. Аммо сабаби аслии ифротгароӣ ин тавзеъи ғайримунсифонаи манобеъ дар ҷомеъа аст.”
Оқои Кабирӣ мегӯяд, ки бекорӣ, адами дастрасӣ ба омӯзишу парвариши ройгон дар донишгоҳҳо, фасод ва маҳалгароӣ далоили аслии афзоиши ифротгароӣ дар миёни ҷавонон дар Тоҷикистон будааст. Ӯ афзуд: “Аз ин рӯ мазҳаб, ки дастрасӣ ба он осон аст, охирин ҷоест, ки ҷавонон ба он рӯ меоваранд ва мутаассифона бархе аз онҳо аз надонистани дониши кофии мазҳабӣ ба ифрот рӯ меоваранд.”
Оқои Кабирӣ мегӯяд, ки гуфтугӯи таммадунҳо ё ба истилоҳ диологҳо миёни мақомот ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон метавонист, бархе аз гиреҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ дар ҷомеъаи имрӯзиро кушояд. Бо ин вуҷуд бархе аз сиёсатмадорони саршинос ҳамоиши имрӯзро барои аз миён бурдани ифротгароӣ дар Тоҷикистон муассир намедонанд.
Ба гуфтаи онҳо ҷилавгирӣ аз афзоиши ифротгароӣ танҳо дар сурате метавонад, муассир бошад, ки агар давлати Тоҷикистон иқдомоти воқеъиро барои ҳалли мушкили иҷтимоъии ҷавонон рӯйи даст бигирад. Бар асоси омори расмӣ беш аз 60 дар сади ҷамъияти Тоҷикистонро афроди зери синни 30 сола ташкил медиҳанд.
Би-Би-Си