ТӮРАҶОНЗОДА: "ТАШКИЛИ ПИКЕТ ДАР МАСКАВ ДАСИСА АСТ"
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ташкили як пикет дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскавро “дасиса" хонд. Ҷаноби Тӯраҷонзода дар сӯҳбат ба мо гуфт, қатъан мухолифи ҳар гуна эътироз дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои ҳимоят аз хонаводаи худ мебошад.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, онҳо дар талоши онанд, то мушкили ба вуҷудомада миёни хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистонро дар доираи қонунҳои мавҷудаи кишвар ҳал бикунанд. Ин рӯҳонӣ ва сиёсатмадори тоҷик мегӯяд, "пикети як гурӯҳи ношинос" дар ҳоле баргузор мегардад, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Русия аст ва ин гурӯҳ мехоҳад, ки раисиҷумҳурро алайҳи хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо бишӯронад.
Вай гуфт, "гумон мекунам, ин дасиса аст. Мо эҳтиёҷ ба ҳеҷ гуна пикет дар хориҷ аз кишвар надорем. Ин барои беобрӯ кардани Тоҷикистон, махсусан, раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки дар Маскав қарор дорад. Шояд инро гурӯҳҳое мекунанд, ки мехоҳанд раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо хонаводаи мо "ҷанг" андохта ва ба ӯ бигӯянд, ки бубинед, инҳо чӣ касоне ҳастанд."
Гуфта мешавад, имрӯз, 20-уми декабр, Ҷамъияти муҳоҷирони сиёсии Осиёи Миёна дар Русия бо раҳбарии Баҳром Ҳамроев, дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба ҷонибдорӣ аз мусулмонони "таъқибшуда"-и Тоҷикистон пикет баргузор мекунанд. Хабаргузориҳо менависанд, шаҳрдории Маскав низ барои ин амал ба онҳо иҷозат додааст. Қарор аст, ин гирдиҳамоӣ дар нимаи дуввуми рӯзи сешанбе (20 декабр) ба муддати ду соат баргузор гардад.
Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, шахсеро бо номи Баҳром Ҳамроев намешиносад ва намедонад, ки ӯ кисту бо ташкили пикет чӣ мехоҳад. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, тамосҳояш бо шумораи телефоне, ки дар пайи эълони пикет дар хабаргузориҳо навишта шудааст, беҳосил будааст.
Баҳси байни Тӯраҷонзодаҳо ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз баёнияи танқидии Шӯрои уламо оғоз шуд, ки дар он хонадони Тураҷонзодаҳо ба баргузории маросими Ошӯро муттаҳам шудаанд. Шӯрои уламо аз Тӯраҷонзодаҳо даъват кард, агар тағйири мазҳаб карда бошанд, масҷидро аз нав номнавис кунанд.
Аммо Тураҷонзодаҳо пайравии худро аз мазҳаби шиа рад карда ва гуфтанд, ки ёдоварӣ аз қатли набераи паёмбари ислом ҳеҷ монандие ба Ошӯрои шиаҳо надошт. Дар навбати худ хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо Шӯрои уламоро барои тӯҳмат, тақаллуб дар таҳияи баёния аз номи рӯҳониён ва адами таҳаммулпазирӣ муттаҳам намуд.
Ба дунболи ин баҳс, Кумитаи дин баргузории намози ҷумъа дар масҷиди “Муҳаммадия”-ро барои се моҳ манъ ва Нуриддин Тӯраҷонзодаро бо бародараш Маҳмудҷон Тураҷонзода аз имоматӣ барканор кард. Ҳамзамон нӯҳ намозгузори масҷиди ҷомеи "Муҳаммадия"-и ноҳияи Ваҳдат барои 10 рӯз боздошт шудаанд. Бархеи дигар низ барои нақзи тартибот ҷаримабандӣ шудаанд.
«Озодӣ»