12:33:07 10-уми Июни 2025 сол

НИШАСТИ МАСКАВ. СӮҲБАТИ ДӮСТОНА Ё БАҲСИ МАСОИЛИ МУҲИМ?

Дар шаҳри Маскав ҷаласаи сарони кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ (ОДКБ) оғоз ёфт. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 19 декабр ба Маскав рафта буд, низ дар ин ҷаласа иштирок дорад. Торнамои раисиҷумҳури Тоҷикистон навиштааст, ки “дар назди толори Ордени Екатеринаи муқаддас Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарони дигар кишварҳои узви СПАД-ро Дмитрий Медеведев истиқбол гирифт.”

/images/stories/2011/12/20_odkb_201211.jpgИн нахустин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав пас аз қазияи ду халабони ширкати русии “Ролкан”дар Тоҷикистон аст. Ҳукми зиндони Владимир Садовничий ва Алексей Руденко аз сӯи додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа боиси хашму ғазаби Маскав шуд ва равобити Тоҷикистону Русия, ду шарики стратегиро “бӯҳронӣ” кард.

Бо ин ҳол, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳоло дар Маскав ва дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ қарор дорад. Дар ин нишаст беш аз 30 масъалаи ҳамкории амниятӣ ва низомӣ-техникии кишварҳои аъзои ин созмон баррасӣ мешавад. Президентҳо дар ин ҳамоиш инчунин мавзӯи ҳамлу нақли молу коло, кадрҳо ва муқобила бо хатару таҳдидҳоеро, ки аз самти Афғонистон вуҷуд дорад, баҳс хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз Паймони амнияти дастаҷамъӣ дархост кардааст, барои таъмини аъзои худ пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ аз Афғонистон чораҳои иловагӣ андешад. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дар нишасти вазирони паймон дар Маскав гуфтааст, таҳдид ба амнияти минтақа пеш аз ҳама аз самти Афғонистон меояд ва хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар соли 2014 мумкин аст, вазъро муташанниҷ гардонад.

Тоҷикистон бо Афғонистон қариб 1400 километр марзи муштарак дорад. Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви Паймони амнияти дастаҷамъиянд, ки дар соли 1992 таъсис ёфтааст.

Имрӯз, 20 декабр, ҳамчунин ҷаласаи ғайринавбатии раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор мешавад. Президенти 11 кишвари узв дар Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар Маскав мулоқот мекунанд. Ин нишасти умумии онҳо ба 20-умин солгарди таъсиси ин эътилоф бахшида шудааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854