ЮРИЙ ПОПОВ: “РАВОБИТИ РУСИЯ БО ТОҶИКИСТОН ГАРМ МЕШАВАД”
Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, ки танишҳои байни ин ду кишвар рафъ шуда ва равобиташон рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Юрий Попов дар ин бора рӯзи панҷшанбеи 22 декабр дар ҳошияи ҳамоише зери унвони "20 соли ҳамгироӣ дар Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд" дар шаҳри Душанбе бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, хабар дод. Вай гуфт: "Феълан ранҷишҳои пешини Русия ва Тоҷикистон дар пайи қазияи халабонҳо фаромӯш шуда ва равобити миёни ин ду кишвар гарм мешавад."
Ба дунболи ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марз, қочоқ ва риъоят накардани мавозини байналмилалии ҳавонавардӣ муҳокима ва маҳкум шудани Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, халабонҳои русу эстонӣ дар додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа дар моҳи гузашта равобити Русия ва Тоҷикистон ба сардӣ гароид. Ҳамзамон, дар сутуҳи мухталифи сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ғайридавлатии Русия тақозоҳо барои “муҷозоти“ Тоҷикистон барои ин амал садо доданд ва даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ва Сан-Питерзбург боздошт ва бархе аз онҳо аз Русия ихроҷ карда шуданд. Оқои Попов низ мавориди зиёди боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русияро таъйид кард.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар ҷараёни баррасии қазияи халабонҳо дар сатҳи расмӣ фишорҳое бар давлати Тоҷикистон эъмол нашуда ва умдатан расонаҳо ва бархе аз чеҳраҳои сиёсию иҷтимоъии Русия ба ин ҳодиса вокуниши шадид нишон додаанд.
Ӯ гуфт: "Нигарониҳо дар бораи коҳиши теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва манъи вуруди онҳо ба Русия бепоя буд. Дарвоқеъ чунин ҳодисае дар Русия рух надодааст. Мавориди боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва ихроҷи онҳо ба мушоҳида расидааст, аммо ин раванд мисли собиқа буд ва теъдоди ин афрод аз солҳои қаблӣ бештар набуд.”
Ба гуфтаи сафири Русия, дар оянда низ Русия аз вуруди муҳоҷирони тоҷик ба ин кишвар монеъ нахоҳад шуд ва барои маҳдуд кардани теъдоди ин афрод ҳеч иқдоме нахоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки иддае аз коршиносон равобити кунунии Русия ва Тоҷикистонро “сард” арзёбӣ кардаанд.
Ба гуфтаи Абдулғанӣ Маҳмадазимов, коршиноси масоили сиёсӣ, интизор мерафт дар ҳошияи ҳамоишҳои сарони кишварҳои узви УруОсиё, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд дар шаҳри Маскав дар авоили ҳафтаи ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев, руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Русия дидор кунанд. Аммо чунин дидоре баргузор нашудааст.
Аммо Юрий Попов гуфт, ки тибқи иттилоъе, ки ӯ дар даст дорад, сарони ин ду кишвар дидори кӯтоҳе бо ҳам доштаанд, ҳарчанд мавзӯъи сӯҳбати онҳо эълом нашудааст. Оқои Попов ибрози умедворӣ кард, ки равобити Тоҷикистону Русия "дӯстона ва гарм" боқӣ хоҳад монд. Ба гуфтаи ӯ, Русия дар Тоҷикистон манофеъи сиёсию иқтисодӣ дошта ва пойгоҳи низомии 201-и Русия дар ин кишвар мустақар аст.
Би-Би-Си