18:25:02 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

КИШВАРИ ЭРОН – ВАТАНИ ДУЮМИ МОСТ

Дар замони муосир яке аз шарикони нисбатан боэътимод ва қавии Тоҷикистон Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳсуб мешавад. Солҳои ахир ҳамкориҳои гуногунсоҳа байни ин ду кишвар дар ҳоли рушду такомул қарор доранд.

/images/stories/2011/12/22_sangtuda_112211.jpgРаиси ҷумҳури кишвари Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар яке аз баромадҳояш гуфта буд: «Барои ҳамкории давлатҳои мо имкониятҳо хеле фаровонанд. Мо метавонем ниёзҳои худамонро аввал аз кишвари бародар таъмин кунем, барои бисёр корҳои иқтисодӣ барномарезӣ кунем ва корҳои ҷадидро шурӯъ намоем…». Дар ҳақиқат, кишвари Эрон на танҳо аз ҷиҳати забон, балки аз назари фарҳангу таърих, расму ойин ва илму адаб ба мо қаробати беандоза дорад.

Айни ҳол Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли робитаҳои хуби иқтисодӣ, фарҳангӣ, саноатӣ ва илмӣ қарор доранд ва минбаъд барои интиқоли обу барқ аз Тоҷикистон ба Эрон ва роҳи оҳан, интиқоли газу нафт аз Эрон ба Тоҷикистон, ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 70 ширкати эронӣ дар соҳаҳои саноатӣ, тиҷоратӣ ва кишоварзӣ фаъолият мекунанд, ки 40 адади онҳо корхонаҳои муштарак мебошанд.

Эрон кишварест, ки дар шодию хурсандии тоҷикон шарик буда, ҳангоми пеш омадани мушкилиҳову бунбастҳои иқтисодӣ, ҳамеша дасти ёрии худро дароз мекунад. Замоне, ки аз ҷониби ҳамсоякишвар Ҷумҳурии  Ӯзбекистон дар муҳосираи иқтисодӣ қарор доштем, Эрон ягона кишваре буд, ки рӯирост ин амали Ӯзбекистонро маҳкум намуда, бар зидди он баромад карда буд.

Яке аз ҳамкориҳои назарраси ин кишвари ба мо дӯст дар сохтмони НБО «Сангтӯда – 2» низ дида мешавад. Бо кӯмаку дастгирии бародаронаи ин кишвар,  то иди Наврӯзи соли 2012 бояд агрегати навбатии иншооти мазкур   ба хизмати мардуми Тоҷикистон оғоз намояд. Дар яке аз чунин чорабиниҳо, ки ба роҳандозии агрегати якуми НБО «Сангтӯда – 2» тааллуқ дошт, раҳбари кишвари Эрон масъалаи амнияти Тоҷикистонро чун масъалаи муҳими амнияти Эрон арзёбӣ карда буд.

То ба имрӯз барои рушду нумӯи соҳаи иқтисод ва мустаҳкам кардани риштаи дӯстӣ миёни ду кишвар,  санадҳои муфиди дуҷониба ба имзо расидаанд, ки яке аз онҳо санади ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар таҷлили ҷашни 20-солагии истиқлолият наздики 150 нафар аз низомиёни Артиши Эрон дар реҷаи низомӣ аввалин бор хориҷ аз кишварашон ширкат варзиданд, ки ин низ баёнгари натиҷаҳои мустаҳкамии ҳамкориҳои муштараки ин ду кишвар мебошад.

Тоҷикистониён аз қадим нисбат ба мардуми Эрону Афғонистон, ки кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг ва ҳамдини мо мебошанд, муносибатҳои дӯстонаву эҳтироми хосеро мепарваранд. Дар ҳар хонаи тоҷикистонӣ ҳатман мусиқӣ ва садои овозхонони эронию афғонӣ садо медиҳад. Илму адаб, манфиатҳои миллии ин кишварҳо муштарак мебошад.

Албатта, чанде қабл қазияи сохтае, оид ба ҷашни «ошуро» аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ба баъзе бархурдҳо рӯ ба рӯ шуда буд, ки ин маънои беэътиноӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба  мазҳаби ҳамсояро надорад, гарчанде душманони миллат онро ҳамчун эътироф накардани расму русуми шиимазҳабон ба маърази намоиш гузоштанд.

Ногуфта намонад, ки пайравони мазҳаби Имоми Аъзам  ба муқаддасоти мазҳаби шиа эҳтиром мегузоранд ва ҳар баҳси мазҳабие, ки аз ҷониби душманони миллат барангехта мешавад, танҳо ба хотири манфиатҳои худиашон мебошад. Чунин ихтилофҳои сунъӣ метавонад боиси ҳама гуна тафриқаву низоъандозӣ гардад. Мардуми равшанзамири  кишвар бояд ба ҳар гуна дасисаву сохтакориҳо дода нашуда, барои якпорчагии  хоки ин сарзамин мубориза барад.

Махфират Дадабоева - ҷомеашинос


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi