11:10:34 10-уми Июни 2025 сол

ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН. ТАЪКИД БА ҲАМКОРИҲОИ НИЗОМӢ

Генерал Холид Шамим Вайне, раиси Ситоди муштаракаи артиши Покистон бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту гуфтугӯ анҷом додааст. Дурнамои ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву фаннӣ миёни Тоҷикистону Покистон меҳвари гуфтугӯи генерал Холид Шамим Вайне бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон будааст.

/images/stories/2011/12/24_pakistan_tajikistan_241211.jpgБа иттилои Дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот, ки рӯзи ҷумъа баргузор шуд, ҷонибҳо вазъи имрӯза ва ҳам дурнамои ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву фаннӣ миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд. Генерал Холид Шамим Вайне, раиси Ситоди муштаракаи артиши Покистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамкории муштарак дар амри мубориза бо терроризм ва экстеремизро барои ҳар ду кишвар судманд арзёбӣ намуда, ба зарурати мубодилаи маълумот ва истифода аз таҷориби якдигар дар ин росто таъкид кардаанд.

Истиқрори сулҳ дар Афғонистон ва амнияти минтақа аз масоили дигари мавриди гуфтугӯи раиси Ситоди муштаракаи артиши Покистон бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон будааст. Генерал Холид Шамим Вайне, раиси Ситоди муштараки артиши Покистон, ки рӯзи чаҳоршанбе вориди Тоҷикистон шуд, бо мақомоти дигари тоҷик низ дидору гуфтугӯҳо анҷом додааст.

Покистон гуфтааст, афсарон барои артиши Тоҷикистонро омӯзиш хоҳад дод. Ин тарҳ дар мулоқоти вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва раиси ситоди муштараки артиши Покистон генерал Холид Шамим Вайне дар Душанбе тасвиб шудааст. Дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, барои таҳияи барномаи таълим ва интихоби нахустин гурӯҳи афсарони тоҷик ба зудӣ чанде аз афсарони баландпояи Покистон ба Тоҷикистон хоҳанд омад.

Ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва Покистон, ки бино ба иттилои расмӣ ҳамагӣ ду соли пеш шурӯъ шудаанд, назар ба арзёбии таҳлилгарон ҳанӯз таърихчаи фарогире барои баррасӣ надоранд. Вале айни замон, бояд гуфт, ки бо назардошти вазъи сиёсиву низомии ҳарду кишвар ва талошҳои Ғарб барои ба ҳам овардани шарикони стратегиаш дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар пайи берун шудани нирӯҳои байналмилалӣ аз хоки Афғонистон дар соли 2014, дар оянда Душанбеву Исломобод метавонанд барои ҳамкорӣ  баҳонаҳои зиёде дошта бошанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854