11:02:07 10-уми Июни 2025 сол

"БОНУФУЗТАРИНҲОИ ТОҶИКИСТОН НАЗДИКТАРИНҲОИ РАҲМОН ҲАСТАНД"

Ширкати МедиаГруп “ASIA-Plus” гурӯҳи расонаӣ, назарсанҷии коршиносие барои мушахахс кардани 20 чеҳраи бонуфузтарин дар Тоҷикистонро анҷом додааст.

/images/stories/2011/12/27_rahman_271211.jpgБино ба натоиҷи ин назарсанҷӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, Маҳмадсаъид Убайдуллоев, раиси порлумон ва шаҳрдор, Ҳасан Асадуллозода, раиси бонки “Ориёнбонк”, Муродалӣ Алимардон, муъовини нахуствазир ва Матлубхон Давлатов, раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамин тартиб, бонуфузтарин афроди кишвар интихоб шудаанд.

Феҳристи бист чеҳраи бонуфузтарини Тоҷикистонро умдатан афроди мансабдори давлат ва афроди наздик ба раҳбарият ташкил додаанд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, рӯҳонии саршиноси Тоҷикистон, ду мухолифи давлати кишвар низ дар ин феҳрист ҷой гирифтаанд.

Муҳиддин Кабирӣ дар ин феҳрист ҷои 12-ум ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ҷойи 15-умро касб кардаанд. МедиаГруп зимни муаррифии натоиҷи назарсанҷии худ менависад, ки нахуст мехостааст, феҳристи сарватмандони Тоҷикистонро мушаххаст ва мунташир кунад, аммо ба далели ин ки “иттилоъи расмӣ дар бораи даромадҳо дар ин кишвар аз воқеъият дур аст” ин ширкат тасмим гирифтааст, феҳристи бонуфузтаринҳоро чоп кунад.

Назарсанҷӣ дар бораи бонуфузтарин афроди Тоҷикистон дар миёни сӣ коршиноси тоҷик анҷом гирифтааст. Ин коршиносон асомии бист фарди бонуфузтарини Тоҷикистонро номбар карда ва ба ҳар яки онҳо дар заминаҳои сиёсиву кодрӣ, иқтисодиву молӣ, интизомиву низомӣ ва иҷтимоъӣ аз як то панҷ имтиёз медиҳад.

Дар ҳоле ки ин назарсанҷӣ тавассути маркази ихтисосие анҷом нагирифтааст, аммо Саодат Олимова, мутахассиси афкори умумӣ дар маркази таҳлилии “Шарқ”, гуфт натоиҷи ин назарсанҷӣ баёнгари воқеъиятҳои “ба чашм аён” мебошад.

Вай мегӯяд: “Дар Тоҷикистон тавассути назарсанҷиҳо мушаххас кардани чеҳраҳое, ки дар сиёсат ҳарфи аслиро мезананд, душвор аст, зеро афроди калидӣ ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисод пушти парда мемонанд.”

Вай афзуд: “Барои мисол дар кишваре, ки 67 дар сади иқтисодашро иқтисоди сояӣ ташкил медиҳад, мушаххас кардани бозигари аслӣ мушкил аст. Аммо назарсанҷии коршиносӣ, ки Азия Плюс анҷом дода, ҳадди ақал воқеъиятҳои зоҳириро нишон медиҳанд.”

Ин дар ҳолест, ки назарсанҷиҳо дар Тоҷикистон дар мавзӯъоти мухталифи сиёсӣ камтар анҷом мешавад. Саодат Олимова дар посух ба ин савол, ки чаро марокизи тахассусӣ камтар ба назарсанҷиҳои сиёсӣ мепардозанд, гуфт, ки марокизи ҷомеъашиносӣ дар ин кишвар зиёданд ва назарсанҷиҳои зиёде ҳам анҷом медиҳанд, вале мавзӯъоти онҳо аз фармоишгари назарсанҷӣ бастагӣ дорад.

Вай гуфт, ки марокизи ҷомеъашиносӣ наметавонанд назарсанҷиҳоро ройгон анҷом бидиҳанд ва фармоишгарони онҳо умдатан созмонҳои байналмилалӣ аст. Натоиҷи ин назарсанҷиҳо ба фармоишгарони онҳо таслим мешаванд ва дар аксари маворид аз ҷомеъа пӯшида мемонанд.

Ба навиштаи ширкати МедияГруп назарсанҷии коршиносон ҳокӣ шудааст, ки “меъёри аслиро дар сатҳи нуфузи афроди номбаршуда, наздикии онҳо ба маркази тасмимгирӣ, яъне раиси ҷумҳурӣ ва наздикони ӯ ташкил додааст.”

Рустами Эмомалӣ, писари президент Раҳмон дар ин феҳрист ҷойи 9-умро касб карда ва Таҳмина ва Озода Раҳмоноваҳо, духтарони раиси ҷумҳурӣ ҷойҳои 16 ва 20-умро ишғол кардаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854