НУРАЛӢ ДАВЛАТ: ФАРОЗУ НИШЕБҲОИ СИЁСИИ СОЛИ 2011
Соли 2011 ҳам моли таърих шуд. Дар ин сол дар Тоҷикистон як силсила таҳаввулоте ба вуқўъ пайвастанд, ки барои ҳамеша дар саҳифаҳои таърих дарҷ мешаванд. Дар соли равон Тоҷикистон 20-солагии истиқлоли худро ҷашн гирифт.
Ба истиқболи ин ҷашн дар шаҳри Душанбе Баландатарин парчами ҷаҳон, ки парчами Тоҷикистон аст ба эҳтизоз даромад ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохт. Тибқи омори расмӣ иқтисоди Тоҷикистон сол то сол беҳтар шуда истодааст, маблағи буҷа низ ба таври қобили таваҷҷуҳ ҳар сол афзоиш меёбад, аммо ин омор шакку тардидҳоеро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳангоми баррасии буҷаи соли 2012 дар порлумон иброз дошт, ки ҳамин беҳбудии вазъи иқтисодиро, ки аз он Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири дороии кишвар иттилоъ додаст, мардум дар зиндагии рўзмарраи худ мушоҳида намекунанд.
Дар рўзҳое, ки Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомат 20–солагии истиқлолро ҷашн мегирифт, аз ин иқдомҳои ҳукумат шадидан интиқод шуд. Ба андешаи бисёриҳо , бар хилофи омори расмӣ Тоҷикистон дар вазъи ногувори иқтисодӣ қарор дорад, бинобар ин, ҳеҷ зарурат вуҷуд надошт, ки беш аз нисфи маблағи буҷет дар соли 2011, яъне ҳудуди 4 миллиард сомонӣ барои сохтмонҳои ҷашнӣ масраф шавад.
Сарфи назар аз ин ҳама интиқодҳо, ҷашни 20-солагии истиқлол аз фараҳмандтарин воқеоти сиёсӣ дар Тоҷикистон буд. Дар соли 2011 нооромиҳое, ки дар минтақаи Рашт ҳанўз соли 2009 шурўъ гардида буданд, идома ёфтанд. Ва дар соли 2011тибқи иттилоъи мақомоти расмӣ, дар натиҷаи задухўрдҳои мусаллаҳона, Абдулло Раҳимов, яке аз фармондеҳони мухолифини пешини ҳукумати Тоҷикистон, мулаққаб ба мулло Абдулло, ки тавофуқномаи сулҳро напазируфта буд ва як фармондеҳи дигар бо номи Алии Бедакӣ низ ба қатл расид ва вазъият дар водии Рашт муътадил шуд.
Дар ин сол тамоми фирориҳое, ки моҳи августи соли 2011 аз Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ (КДАМ) фирор карда буданд, дастгир ва ё ба қатл расиданд. Ба истиснои се шаҳрванди Афғонистон, ки ба Тоҷикистон баргардонда нашуданд.
Дар сиёсатҳои ҳукумат нисбати масоили мазҳабӣ дар ин сол тағйироте сурат гирифт, аммо ин сиёсат боз ҳам зидду нақиз буд. Чунон ки маълум аст, то соли 2010 дар сиёсати ҳукумат то андозае талош шуд, ибтикороте барои наздик сохтани сиёсати расмӣ ба мазҳаб амалӣ шавад. Таҷлили бузургдошти имоми Аъзам, пойтахти фарҳанги исломӣ эълони шудани Душанбе аз замин ибтикорот буд.
Аммо дар тобистони ҳамон сол Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо муроҷиат ба волидайни ҷавононе, ки дар кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд, иброз дошт, ки фарзандони эшон террорист мешаванд.
Дар пайи ин изҳороти раҳбариТоҷикистон садҳо нафар донишомузон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватан бозпас баргардонда шуданд. Ин сиёсат дар соли 2011 низ идома пайдо кард, аммо дар соли 2011 маълум гардид, ки онҳо бо баҳонаи бекорӣ роҳи муҳоҷирати меҳнатиро пеш гирифтанд.
Дар идомаи ин сиёсат ҳукумати Тоҷикистон ба ҷомеа Қонуни масъулияти волидайнро пешниҳод кард. Муҳокимаи қонун нишон дод, ки дар ҷомеаи тоҷик ин санад ҳамовозии густурдаро пайдо намекунад. Дар кишварҳои исломӣ ва ҳатто ғарбӣ пайдо шудани чунин як қонуни нав муҷиби эътироз ва интиқод шуд. Бинобар ин, аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо шуд, ки аз қабули чунин як қонун, ки ҳуқуқи башарро нақз мекунад, худдорӣ кунад. Аммо сарфи назар аз ин ҳама вокунишҳо, ахиран, қонун ба тасвиб расид.
Дар соли 2011 умури таҳдоби масҷиде, ки амири Қатар маблағгузориашро ба ҳукумати Тоҷикистон ваъда карда буд, бори дуюм аз саргирифта шуд ва дар он президенти Тоҷикистон ширкат кард.
Аммо бо оғози қазияи халабонҳо ва депурти муҳоҷирони тоҷик аз Русия, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ эълон дошт, ки ният дорад ба Қатар сафар карда, аз амири ин кишвар хоҳиш кунад, то ки ин маблағро барои бунёди корхонаҳо дар Тоҷикистон ихтисос диҳад, зеро кишвар бештар ба ин ниёз дорад, на ба масҷиди бошукўҳтарин дар Осиёи миёна. Аммо ин изҳороти раиси ҲНИТ дар доираҳои ҳукуматӣ норозигиро ба вуҷуд овард.
Дар моҳи декабри соли равон мухолифати шадиде миёни Ҳоҷӣ Акбар Турҷаонзода, муовини вақти нахуствазири Тоҷикистон ва бародари ў эшони Нуриддинҷон, ки ҳарду аз руҳониёни бонуфузи Тоҷикистон ҳастанд аз як сў ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон аз сўи дигар иттифоқ уфтод.
Шўрои уламои дини Тоҷикистон бародарони Тўраҷонзодаҳоро гароиш ба мазҳаби шиъаи ислом муттаҳам кард ва юа ҳангоми боздиди ӯ аз масҷиде воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, ки эшони Нуриддинҷон, имом хатиби он аст, ў бо норизоятии намозгузорн рў ба рў шуд.
Дар ниҳоят кор ба он ҷо расид, ки додгоҳи ин шаҳр бародарон Тўраҷонзодаҳоро ба маблағи 700 сомонӣ ҷарима кард. Дар навбати худ бародарон Тўраҷонзодаҳо аз оқои Абдулқодирзода ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бурданд.
Ба андешаи коршиносон, вокуниши муфтӣ метавонад ба равобити Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар ҳассостарин лаҳзаҳо ба кумаки Душанбе мешитофт, латма ворид созад.
Дар ин сол дар ҷомеа дар бораи “Афви тиллоӣ”, ки бояд ба хотири ҷашни 20-солагии истиқлол эълон мегардид, сару садоҳои зиёд садо доданд. Ин мавзўъ ҳамчунин дар расонаҳои гурўҳии Тоҷикистон ба таври густурда инъиксос ёфт.
Баҳсҳо сари ин буданд, ки оё ҳукумат мухолифини худро, ки солҳои қаблӣ мансабҳои баландро соҳиб буданду акнун маҳбусони сиёсӣ ном гирифтаанд, афв мескунад ё на?
Аммо, вақте, ки дар охири моҳи август Қонуни авф аз ҷониби президент Э.Раҳмон ба имзо расид, маълум шуд, ки Ёқуб Салимов ва Маҳмадрӯзӣ Искандаров, мухолифони раиси ҷумҳури Тоҷикистон бахшуда намешаванд.
Дар мавриди масъалаи таҷдиди назар дар парвандаи ҷиноии Ғаффор Мирзоев, ки ба ҳабси абад маҳкум гардидааст, посухи мусбат дода нашуд. Ҳамин тариқ, «сегонаи маъруф» дар маҳбас боқӣ монданд.
Дар тобистони соли 2011 хабарнигори бахши ўзбекии Би-би-сӣ Ўрунбой Усмонов боздошт шуд. Ў ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо “Ҳизб-ут-таҳрир” гунаҳкор эълон шуд. Аммо боздошти ин хабарнигор дар сатҳи байналмилалӣ норозигии зиёдеро ба вуҷуд овард ва ахиран ҳукумати Тоҷикистон зери фишорҳои байналмилалӣ маҷбур шуд, ки ўро озод кунад. Баъдан, Додгоҳ оқои Усмоновро ба се соли маҳрумият аз озодӣ ҳукм намуда, тибқи Қонуни афв озод кард.
Қазияи оқои Усмонов танҳо фишори байнамлилалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон набуд. Масалан, дар ибтидои моҳи январи соли 2011 парлумони кишвар барои вогузории беш аз 1 ҳазор километр ба Ҷумҳурии халқии Чин раъй дод. Ин қазия дар байни аҳзоби сиёсии кишвар ва умуман ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои тундеро ба вуҷуд овард. Бархе ин амрро ҳатто ҷиноят унвон карданд.
Аммо Сўҳроб Шарифов, раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон эълон дошт, ки агар мо ин қитъаи хоки кишварро ба Чин намедодем, шояд нирўҳои мусаллаҳи он вориди қаламрави Тоҷикистон шуда, то Хоруғ меомаданд. Вазири хориҷа Ҳамрохон Зарифӣ дар нишасти матбуотии худ гуфт, ки мо як қисмати хеле ками қаламраверо, ки Пекин аз мо талаб дошт, додем ва бо ҳамин қазия ҳалли худро ёфт.
Дар соли ҷорӣ равобити Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояи Ўзбакистон ба эътидол наомад. Тошканд мухолифати худ дар қиболи нерӯгоҳи “Роғун”-ро дар сатҳи байналмилалӣ идома дод. Ислом Каримов, ки ду сол қабл ҷонибдории президенти Русия Дмитриий Медведевро дар ин масъала ба даст овард, кӯшиши зиёде ба харҷ дод то таваҷҷўҳи созмонҳои муҳими байналмилалиро низ ҷалб кунад.
Дар натиҷа, дар тобистони соли равон Бонки Ҷаҳонӣ, ки бозрасии тарҳи ин нерӯгоҳро сармоягузорӣ мекунад, аз давлати Тоҷикистон тақозо кард, ки то анҷоми ташхис корҳои сохтмонӣ дар ин иншоъотро қатъ кунад. Сафари вакили парлумони Аврупо Струан Стиивенсон ба Тоҷикистон ва ҷонибдории ў аз ин тарҳ вазъро тағйир надод.
Равобити Тоҷикистон бо Русия низ дар ин сол чандон хуб набуд, ҳарчанд Душанбеи расмӣ ин кишварро 20 сол боз шарики стротежики худ меномад. Ихтилоф миёни ҳамкорони стротежик баъди пахши ҳамон изҳороти Дмитрий Медведев дар мавриди “Роғун” шурўъ шуданд.
Дар ин сол гуфтушунидҳо дар бораи ҳузури марзбонони Русия миёни ҷонибҳо чандон муваффақ набуданд, зеро Русия, тибқи иттилои расонаҳо, нияти бозгашт ба марзи Тоҷикистону Афғонистонро дорад. Ба андешаи коршиносони тоҷик, Русия мехоҳад бо хориҷ шудани нирўҳои амрикоӣ аз Афғонистон мавқеи худро дар Тоҷикистон мустаҳкам кунад ва ё нагузорад Вашингтон дар ин кишвар пойгоҳи низомии худро кушояд.
Ихтилофи дигар сари мсаъалаи пойгоҳи ҳавоии Айнӣ, воқеъ дар 10 –километрии пойтахти Тоҷикистон мебошад. Наздики 5 сол аст, ки давъо барои иҷораи ин пойгоҳ, ки онро Ҳинд ба маблағи наздики 90 миллион доллар бозсозӣ кардааст, идома дорад. Ҳарчанд мақомоти расмӣ чанд бор эълон кардаанд, ки пойгоҳи ҳавоии Айниро танҳо ба Русия ба иҷора медиҳанд, вале кор аз ваъда фаротар нарафтааст.
Дар моҳи сентябри соли равон зимни мулоқоти сарони як қатор кишварҳо дар Душанбе президенти Русия Дмитрий Медведев изҳор кард, ки Маскав тасмим гирифтааст ҳузури пойгоҳи низомии худро барои 49 сол дар Тоҷикистон тамдид кунад, ба ин хотир дар баҳори соли 2012 қарордоди нав миёни Маскаву Душанбе ба имзо мерасад.
Ҷониби Тоҷикистон ба таври расмӣ боре ҳам дар ин маврид изҳори назар накардааст, аммо қазияи халабонҳо, ки дар моҳи октябру ноябр буҳрон ба вуҷуд овард, баҳонае шуд барои фишори шадид ба ҳукумати оқои Раҳмон. Додгоҳи шаҳри Кўрғонтеппа дар моҳи ноябри соли равон халабони русиягӣ В.Садовничийро барои ғайриқонунӣ вориди фазои ҳавоии Тоҷикистон шудан ва кочоқ ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.
Дмитрий Медведев ва теъдоде аз мақомоти баландпояи Русия ҳукми додгоро ғайриқонунӣ ва беадолатона хонданд ва аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки В.Садовничийро озод кунад. Аммо мақомоти расмии Душанбе гуфтанд, ки ҳукми додгоҳ комилан дуруст аст.
Ба дунболи ин посух дар Русия фишор рӯи муҳоҷирони кории тоҷик шурўъ гардид. Дар натиҷа, ҳукумат ваъда кард, ки халабонҳоро озод мекунад ва воқеан ҳам баъди ду ҳафта В. Садовничий ва ҳамроҳаш А. Руденко, шаҳрванди эстунӣ зиндонро тарк карданд.
Баланд кардани нархи бензин ва ихроҷи маҷбурии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия то кадом андоза заъф доштани ҳукумати Тоҷикистонро барои тамоми ҷаҳон ба намоиш гузошт. Ҳамин тариқ, соли 2011 ба поён расид. Соли 2012 шурўъ мешавад. Бурду бохтҳои нав дар пеши рӯянд.
Би-Би-Си