10:02:15 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТАҒОЙМУРОДОВ БА ХАТЛОН, БУЗМАКОВ БА ДУШАНБЕ

 

Анвар Тағоймуродов, муовини вазири корҳои дохилӣ, сардори раёсати ВКД дар вилояти Хатлон таъйин шуд. Генерал Тағоймуродов соли гузашта дар авҷи баҳсҳои додгоҳиву матбуотӣ бо нашрияи “Азия-Плюс” аз мақоми раҳбарии Раёсати ҷиноятҳои созмонёфта ба мақоми баландтар - ноиби вазири корҳои дохилӣ гузашта буд.

taghoymurodovАбдураҳмон Бузмаков, ки то ин вақт раҳбарии Раёсати умури дохилии Хатлонро бар ӯҳда дошт, дар курсии сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе нишаст. Нурулло Орифов, собиқ сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД муовини аввал ва Шералӣ Сабзов, сардори пешини Раёсати корҳои дохилии Душанбе ноиби вазири умури дохилии Тоҷикистон таъйин шудаанд.

Ин афродро рӯзи душанбеи 16 январ раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ба ҳузур пазируфтааст. Хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба садоқат ба халқу Ватан ва риояи адолату матонат дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон даъват кардааст.

​​Дар ҳамин ҳол, Раҳмонқул Раҳимов, бародари Рамазон Раҳимов, ки як ҳафта пештар аз мақоми сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Суғд барканор шуда буд, яке аз мақомҳои муҳим дар Идораи гумруки Суғдро соҳибӣ кардааст.

Ӯ баробари ба курсии вазири корҳои дохила нишастани бародараш Рамазон Раҳимов, аз раҳбарии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар вилояти Суғд барканор гардид. Вале бо гузашти каме бештар аз як ҳафта, Раҳмонқул Раҳимов муовини раиси минтақавии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъйин шудааст.

​Рамазон Раҳимов, вазири тозатаъйини умури дохилӣ рӯзи 9-уми январи соли ҷорӣ писараш Дилшод ва бародараш Раҳмонқул Раҳимовро, ки дар ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ кор мекарданд, аз мақомҳояшон барканор намуд.

Дилшод, лейтенант ва маъмури фаврии милисаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Раҳмонқул Раҳимов сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар вилояти Суғд буд. Писари Рамазон Раҳимов то кунун ба мақоми дигаре баргузида нашудааст.

​​Вале барканории бародар ва писари вазири корҳои дохила вокунишҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистонро ба дунбол дошт. Агар як гурӯҳ ин иқдоми ӯро "ҳодисаи нодир" ва сутуданӣ номиданд, иддае дигар онро "намоиш"-е беш надонистанд.

​Бо ин вуҷуд, иқдоми Рамазон Раҳимов дар мавриди барканории писар ва бародараш мубориза алайҳи "непотизм" ва ё хешутаборбозӣ дар ниҳодҳои давлатӣ унвон шуд, ки як навъи густардаи фасод дар Тоҷикистон аст.

Бар асоси моддаи 9-и қонуни мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, дар як корхона дар итоати якдигар кор кардани пайвандони наздик мамнӯъ аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi