14:26:40 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАСКАВ ДАР ИНТИЗОРИ ПОСУХИ ТОҶИКИСТОН БА ДАРХОСТИ ТАМДИДИ ҲУЗУРИ НИЗОМӢ

Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, ки ин кишвар тарҳи тавофуқномаи ҷадид барои тамдиди замони ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистонро ба Душанбе ироа додааст. Дар сойти расмии ин вазоратхона омадааст, ки ин тарҳ моҳи ноябри соли гузашта дар ихтиёри мақомоти тоҷик қарор дода шуда ва акнун Маскав дар интизори посухи Душанбе аст.

medvedev_rahmonГригорий Карасин, муъовини вазири хориҷаи Русия, гуфтааст, ки таъйини замони имзои тавофуқномаи ҷадид дар ин замина ба мақомоти Тоҷикистон бастагӣ дорад. Ин дар ҳолест, ки ҳам манобеъи вазорати хориҷа ва ҳам вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфтанд, ки ин санад мавриди омӯзиши ниҳодҳои давлатӣ қарор дорад. Вале ин манобеъ аз ироаи ҷузъиёти бештаре дар ин замина худдорӣ карданд.

Григорий Карасин гуфтааст, ки тарҳи тавофуқномаи ҷадид бар пояи тавофуқномаи феълии миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳузури низомии Русия дар ин кишвар таҳия шудааст. Зимнан, муҳлати эътибори ин созишнома то моҳи октябри соли 2014 аст.

Дар моҳи сентябри соли гузашта, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, зимни боздиди худ аз Тоҷикистон, дар нишасте матбуъотӣ эълом кард, ки дар мулоқоташ бо Президент Раҳмон дар мавриди тамдиди ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон барои 49 соли дигар ба тавофуқ даст ёфтааст.

Ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин нишасти матбуъотӣ ҳузур дошт, вале дар ин бора ҳеч изҳори назаре накард. Вале оқои Медведев афзуд, ки онҳо ба ҳукуматҳои ду кишвар дастур додаанд, ки дар семоҳаи аввали соли 2012 тавофуқномаи ҷадид бояд имзо шавад.

Дар пайи чунин изҳорот, бархе аз гурӯҳҳои сиёсӣ ва фаъъолони ҷомеъаи мадании Тоҷикистон аз эҳтимоли тамдиди замони ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар ин кишвар шадидан интиқод карданд. Дар чанд баёнияву изҳороте, ки унвонии мақомоти тоҷик мунташир шуданд, аз Президент Раҳмон хоста шуда буд, ки аз имзои чунин як тавофуқнома худдорӣ кунад.

Ба эътиқоди мухолифони ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон, тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия асли истиқлоли ин кишварро нафй мекунад ва бо арзишҳо ва ормонҳои миллӣ муғоират дорад. Давлати Тоҷикистон то ҳол ба ин изҳорот ва баёнияҳо посухе надодааст. Вале дар бархе аз нашрияҳои маҳаллӣ матолибе низ мунташир шуданд, ки нерӯҳои Русия дар кишварро омили сабот дар минтақа хондаанд.

Таъкид мешавад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз хуруҷи нерӯҳои Амрикоӣ аз Афғонистон бо таҳдидҳое рубарӯ хоҳанд шуд ва танҳо ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистон метавонад дар рафъи ин хатарот нақши муассире дошта бошад.

Вале бархе аз рӯшанфикрон ин иддаъоро бепоя хонда ва мегӯянд, ки дар гузашта низ Толибон марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро таҳти кунтрул гирифта буданд, вале барои убур аз марз ҳеч иқдоме анҷом надодаанд ва чунин таҳдидҳо дар оняда низ бепоя аст.

Зимнан, Президент Раҳмон низ чанд маротиба ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистонро барои таъмини сабот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ муфид арзёбӣ карда буд. Расонаҳои русӣ пайваста таъкид мекунанд, ки оқои Раҳмон дар замони ҷанги дохилӣ бо пуштибонии низомиёни рус ба қудрат расида ва тӯли ин солҳо низ бақои давлаташ ба ҳимояти Русия бастагӣ доштааст.

Аммо дар чанд соли ахир давлати Тоҷикистон дар сиёсати хориҷаи худ диплумосии "чандқутбӣ"-ро дар пеш гирифта ва ба ҳамкории густарда бо кишварҳои ғарбӣ алоқа нишон додааст. Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки бо дарназардошти таваҷҷуҳи афзояндаи Амрико ба минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳоло давлати Тоҷикистон барои тасмимгирӣ дар мавриди тамдиди замони ҳузури низомиёни рус дар ин кишвар ҳанӯз мавзеъи мушаххасе нагирифтааст.

Аз сӯйи дигар, соли 2013 дар Тоҷикистон баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар назар аст ва мумкин аст мақомоти тоҷик бо дарназардошти ин рӯйдод дар мавриди тамдиди ҳузури низомиёни рус дар ин кишвар тасмим бигиранд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi